Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2014: "Давлати Исломӣ" бо фазои Тоҷикистон чӣ кард? (ВИДЕО)


“Ман аз ин гуна мусалмонӣ безорам!” Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҷомеаи Осиёи Марказӣ ҳарчӣ бештар пойбанди афкори гурӯҳҳои тундрав мешавад ва ҳамзамон аъмоли “Давлати исломӣ” ва “Толибон” гурӯҳе аз мусалмонҳоро ба дину мазҳаб дилсард месозад.

Фоҷиаи хунин дар мактаби Пешовар, ки дар натиҷаи он зиёда аз 140 кӯдак кушта шуд, якҷо бо наворҳои бешумори бераҳмиҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ", гаравгон гирифтани афроди бегуноҳ дар як қаҳвахонаи Сидней даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро водор кардааст, ки сари сабабҳои ба чунин хушунатҳо пайванд гирифтани номи Ислом андеша кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия мардумро аз эҳтимоли бозгашти онҳо ба Тоҷикистон низ нигарон мекунад.

Ин рӯйдоду падидаҳо мавзеъгирии ҳукумати Тоҷикистонро, ки хурдтарин ангезаи тундравиро ҳадафи сахттарин ҷазои додгоҳӣ қарор медиҳад, тақвият мебахшад. На танҳо он, балки ҳамаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм аз душманони асосии суботу амният дар ин кишварҳоянд.

Аммо назарияи “ифротӣ шудани мусалмонҳои Осиёи Маркази"-ро коршиносони бритониёӣ Ҷон Ҳезершоу аз донишгоҳи Экстерер ва Дэвид Монтгомерӣ аз донишгоҳи Питтсбург "афсона" номидаанд. Пажӯҳиши онҳоро моҳи гузашта Институти салтанатии робитаҳои байнулмилалии Лондон (The Royal Institute of International Affairs) нашр кард. Муаллифон мегӯянд, иддаое, ки гӯё ифротгароии исломиву хушунати сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ то ба сатҳи хатарбор боло рафтаанд, бепоя аст, зеро барои ин далели мӯътамаде мавҷуд нест. “Афсона” дар бораи ифротгаро шудани ҷомеа, аз нигоҳи донишмандон, ангезаи сиёсӣ дорад ва он “пояе барои бонги изтироб аз таҳдиди мавҷуда, барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо тундгароӣ, барои дарёфти кӯмаки байнулмилалӣ ба хотири таъмини амнияти минтақа аст”. Ин “афсона” метавонад асосе барои мусаллаҳшавию кор гирифтан аз фишору шиканҷа аз сӯи режимҳои заъиф гардад, ки ин хатари хело ҷиддитар аз тундгароиву ифротгароист, мутмаинанд донишмандони бритониёвӣ.

Вале то куҷо ин ақидаро дар худи минтақа тасдиқ ё рад мекунанд?

ТУНДГАРОӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. “АФСОНА” Ё “ҲАҚИҚАТ”?

Бархе аз таҳлилгарони минтақаӣ ин пажуҳишро талоши “хурду реза” нишон додани хатари тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ”, аз ҷумла, дар водии Фарғона, мехонанд, ҳарчанд бо бархе аз нуктаҳои он, аз ҷумла, ба нафъи режимҳои худкома истифода шудани шиорҳои мубориза бо ифротгароӣ ҳам мувофиқанд. Ашурбек Мӯъминов, ходими аршади Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Қазоқистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки имсол, бидуни шак, радикализм ё ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ назар ба солҳои пештар густурдатар буд. Ӯ ба ширкати теъдоди зиёди сокинони минтақа дар ҷангҳои Сурияву Ироқ аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, фаъол шудани гурӯҳҳои мансуб ба равияву ҷараёнҳои мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ, боздошти садҳо тан аз аъзои ин гурӯҳҳои тундрав дар Қирғизистон ва Тоҷикистон бо далели таҳияи ҳамлаҳои террористӣ, ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шудани теъдоди зиёди занон таъкид мекунад.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз ҳазор нафар дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд ва талошҳои ҳукуматҳо барои аз “ҷиҳод” баргардонидани онҳо то ҳол зиёд муваффақ набудаанд. Гуфта мешавад, гурӯҳҳои мазҳабие аз қабили “Ҳизб-ут-таҳрир”, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Ҷундуллоҳ” бо вуҷуди манъи расмӣ аз сӯи додгоҳҳо, имсол ҳам дар Осиёи Марказӣ фаъол буданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки таблиғи ошкору ниҳони онҳо бенатиҷа нест – акнун одамон қасди ба “ҷиҳод” рафтани худро пинҳон намекунанд, чанд нафар, аз ҷумла, як сокини дар фурудгоҳи Уши Қирғизистон боздоштшудаи Тоҷикистон, рӯирост гуфтанд, ки мехоҳанд ба Сурия ё ба навори Ғазза рафта, ба ҳимоят аз мусалмонҳо ё ҳаммазҳабҳояшон биҷанганд.

Саид Аҳмадов
Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов, раиси пешини Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки афзоиши тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ сабабу омилҳои зиёд дорад ва аммо сабаби аслӣ – мавқеи худро дар ҷомеъа пайдо накардани ҷавонон боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ, ба гурӯҳу равияҳои тундрав ва на фақат мазҳабӣ ҷалб кардани афроди бекору норозӣ ё дарчаҳорсӯи зиндагӣ ҳайрону музтар хело осон аст. Ба вижа, ки меафзояд пажуҳишгар, “солҳои ахир сатҳи донишу маърифати ҳам дунявию ҳам мазҳабии ҷавонон хело пойин рафтааст ва онҳо дар бисёр маврид миёни хурофоту дин, миёни ақидаҳои ботилу ақидаҳои воқеъӣ тафовут гузошта наметавонанд”.

Чаро ҷавонон ба ҷанги Сурия мераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Олима Шарифова, раҳбари Бунёди “Культура плюс”-и шаҳри Бишкек ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беадолатии иҷтимоӣ мардум, ба хусус ҷавононро, барои рӯ ба дин овардан водор месозанд. ”Дар минтақаи мо сатҳи баланди бекорӣ, фасод дар муассисаҳои давлатӣ ва дигар мушкилиҳо мавҷуданд. Эътиқодмандон роҳи наҷотро дар рӯ овардан ба дин мебинанд ва бубинед, тақрибан ҳар як мусалмон кӯшиш мекунад, ки барои намозгузорӣ ба масҷид равад”. Ба гуфтаи ӯ, вазъи феълӣ роҳи эътиқодмандонро ба сӯи гурӯҳҳои ифротгаро боз мекунад.

Ашурбек Мӯъминов, донишманди қазоқ, афзоиши ифротгароиро бо омили беруна рабт медиҳад ва мегӯяд, ки қазоқҳо дар дохили кишвар ва дар Русия таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла, аз Қафқози Шимолӣ, мемонанд. Ӯ меафзояд, дар ҳоле, ки рӯи ҷумъа дар масҷидҳои шаҳрҳо “ҷойи сӯзан задан нест” ва бештари намозгузорон ҷавононанд, масҷидҳои рустоҳои Қазоқистон тақрибан холиянд, зеро “мағзшӯи”-и ҷавонон дар шаҳрҳо аз тариқи сӯҳбатҳои “чашм ба чашм” бо “таблиғгарони ҷиҳод” ва ҳам аз тариқи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои исломӣ сурат мегирад. Ин сомонаҳо ҷавононро на фақат “насиҳат” мекунанд, ки рӯзгорашон мутобиқ ба қавонини шариат бошад, балки онҳоро барои ширкат дар ҷиҳод ҳам таҳрик медиҳанд.

ЧЕҲРАИ "ЗАНОНА"-И ҶИҲОД

Дар ҳамин ҳол мусоҳибони мо ба дигар падидаи сол – чеҳраи занона гирифтани ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ ишора мекунанд. Бар пояи иттилои вазорати умури дохилии Қирғизистон, соли равон теъдоди занон дар гурӯҳҳои тундрави исломӣ 23 дар сад афзоиш ёфтааст. Назира Қодирова, муаррих ва коршиносони масоили мазҳабии қирғиз, мегӯяд, имсол даҳҳо занон аз ҷануби кишвар ба ҷанги Сурия рафтаанд. Ба гуфтаи ӯ, занонро ҳам фақру бенавоӣ маҷбур сохтааст, ки худро ба обу оташи ҷанг зананд. Иқболҷон Мирсаидова, коршиноси созмони ғайриҳукуматии “Ҷустуҷӯи манофеъи муштарак”, ба он таъкид мекунад, ки “Давлати исломӣ” қабл аз ҳама занони дорои тахассуси тиббиро ба сафҳои худ ҷалб мекунад. Онҳо ҳамчунин дар ҷустуҷӯи занҳои норозӣ ваё озурда аз ҳукуматанд. Имсол як гурӯҳ аз занони қазоқ ҳам ба ҷанги Сурия рафтанд, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки онҳо ҳамроҳ бо шавҳарҳояшон ё барои ба ватан баргардонидани онҳо сӯи он кишвари арабӣ роҳ пеш гирифтаанд. Чанд зан аз вилояти Суғди Тоҷикистон ҳам имсол бо баҳонаи овардани шавҳарҳояшон озими Сурия шуданд.

“БУМЕРАНГ" БАРОИ РАИСИҶУМҲУР

Таҳлилгарон мегӯянд, сарони давлатҳои фасодзадаву мубтало ба мушкилоти зиёд дарк мекунанд, ки ифротӣ шудани ҷомеъа – хатари таҳдиди ҷиддӣ, қабл аз ҳама ба қудрати худи онҳост. Ва аз ин рӯ роҳҳои гуногуни аз байн бурдани ин таҳдидро меҷӯянд. Феликс Кёрли, сардабири сомонаи “Форум-18”, ки таҳаввулоти марбут ба ҳаёти мазҳабӣ дар кишварҳои оламро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳама талошҳои ҳокимони Осиёи Марказӣ барои мубориза бо ифротгароӣ як ҳадаф дорад – ҳифзи қудрат. “Барои ҳамин ба онҳо на озодии баён лозим аст, на озодии эътиқод, на демократия, на озодии гирдиҳамоиҳо ва на озодиҳои дигар. Ифротгароӣ барои ҳокимон танҳо баҳонаест барои эҷоди маҳдудиятҳо дар ҷомеа.”

Маҳдудиятҳо дар адои фаризаҳои илоҳӣ, назорати шадиди масҷидҳо ва ҳар ҳарфу ҳар қадами намозгузорон, талоши “зери қанот” гирифтани имом-хатибҳо, бадномсозии муллоҳои саркаш ё аъзои гурӯҳу созмонҳои мухолифи ҳукумат- ин ҳама, ба гуфтаи таҳлилгарон, воқеъияти имрӯзи Осиёи Марказист. Дар Узбакистон имсол ҳам даҳҳо эътиқодмандон маҳкум ба зиндон шуданд, масҷидҳои кишвар аз сӯи кормандони амниятӣ назорат мешаванд. Аммо дар ин кишвар ҳам гурӯҳҳои мазҳабии пинҳонкор зиёданд ва аз сӯи яке аз ин гурӯҳҳо насб шудани парчами "Давлати исломӣ" дар яке аз купрукҳои Тошканд мақомоти кишварро "дилзанак" кард. Мақомоти Тоҷикистон талошҳои зери итоат қарор додани аҳли тақворо идома доданд – дар бештари масҷидҳо камераҳои назоратӣ насб гардид, барои имом-хатибҳо аз ҳисоби буҷа маош таъин шуд ва ба думболи ин онҳоро муваззаф карданд, ки ҳангоми амри маъруф фақат аз мавъизаҳои таҳиякардаи Кумитаи дин истифода баранд.

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, имсол хостори назорати масоили мазҳабӣ аз сӯи давлат шуд ва бо ишора ба ширкати ҷавонони “раҳгумзада”-и кишвар дар ҷанги Сурия гуфт, назорат ба хотири амнияти давлат анҷом мешавад. Ба гуфтаи ӯ, “ҳадаф аз исломикунонии густурда – ба манкуртҳо табдил додани қирғизҳост. Ҳоло баъзе аз мулло ва сиёсатмадорон талоши исломикунонии пурраи кишварро доранд. Агар онҳо барои аз паси худ бурдани мардум муваффақ шаванд, пас дер нест рӯзе, ки дар кишвар фанатизми мазҳабӣ барқарор мешавад”. Алмосбек Отамбоев гуфт, ки Қонуни асосии кишвар назорат аз болои масоили диниро манъ намекунад, зеро “ҳукумат ба хотири таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоят аз сиҳати шаҳрвандон ва дифоъ аз ҳуқуқи озодиҳои дигар шаҳрвандон метавонад аз ҳам чораҳои зарурӣ кор бигирад”. Ба иттилои расмӣ, тайи 9 моҳи соли равон дар Қирғизистон 169 узви гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ дастгир шуданд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки талошҳои таҳти назорат қарор додани масоили дин боиси эътирозҳои мардум мегарданд ва шояд ин кишварҳо рӯзе ба “эффекти бумеранг” рӯбарӯ шаванд. Амон Самаков, коршиноси қирғиз мегӯяд, ки ниҳодҳои амниятии минтақа бо паёмадҳои ифротгароӣ меҷанганд, дар ҳоле, ки бояд решаи онро пайдо кунанд. Саид Аҳмадов низ ба ин нукта таъкид мекунад ва мегӯяд, ки дар ягон кишвари Осиёи Марказӣ то ҳол барномаи вижа дар робита ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз вуруди ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ қабул нашудааст.

“МАН АЗ ИН ГУНА МУСАЛМОНӢ БЕЗОРАМ”

Ҳалокати 134 кӯдак дар ҳамлаи толибон дар як мактаби Покистон оламиёнро такон дод. Ин ҳодиса рӯзи 16 декабр сурат гирифт ва онро дар Исломобод чун “фоҷиаи миллӣ” арзёбӣ карданд. Мардум бештар аз ташреҳи масъулони ин ҳамла – “интиқом” барои амалиёти артиш дар манотиқи қабиланишин дар ҳоли шок қарор гирифтанд. Интиқом барои амалиёти артиш аз кӯдакон? Олимҷони Акбар, як сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо мо қаҳру ғазаби худро пинҳон карда наметавонист: “Ин толибон ваҳшиянд-чӣ? Наход талабаи мактаба кушӣ-а... Чӣ, Худо магар инро намебинад? Э, ман безорам аз ин гуна мусалмонӣ!”.

Мавлон Мухторов
Мавлон Мухторов

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бар асари аъмоли гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҷунбиши “Толибон” ва шиддат гирифтани мубориза миёни шиаҳову суннӣ обрӯи дини ислом боз ҳам коста гардид. Мавлон Мухторов, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ, мегӯяд, ки амалҳое чун куштори ахир аз сӯи толибони Покистон ва бедодгариҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” бештари мусалмонҳоро на фақат хашмгин, балки дилсард мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “аслан дар ислом қатли мусалмон аз сӯи мусалмон раво ва қобили қабул нест. Аммо ҳодисае чун дар Покистон дар дили мусалмонҳои дигар ҳиссиёти бадбинӣ, нобоварӣ ва нофорамро бедор мекунад. Ин амалҳои зишт метавонанд боиси дилсарӣ аз дину мазҳаб ҳам шаванд. Аз сӯи дигар, мусалмонҳо мутмаинанд, ки бо ин гуна амалҳо обрӯи ислом дар ҷаҳон сахт коҳиш меёбад ва паёмади ин чӣ хоҳад буд, гуфтан душвор аст”. Кушторҳои “Толибон”-у “Давлати исломӣ”, ба гуфтаи пажуҳишгар, метавонад “антиреклама” барои дигар гурӯҳҳои мазҳабӣ дар минтақа шавад.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки дар оянда идома ёфтани куштору бедодгариҳои гурӯҳҳое, ки худро пуштибони дини ислом мехонанд, шояд боиси аз дин рӯ гардонидани ҳазорҳо нафар шавад. Аммо Саид Аҳмадов бо ин нукта розӣ нест ва мегӯяд, “решаи дини ислом дар ҷомеъаи Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон, хело амиқ аст ва ҳодисаҳо аз ин бадтар ҳам тавони кам кардани эътиқод ба исломро надорад”. Аммо, иқрор мекунад ӯ, шояд одамоне, ки ба ислом эътиқоди камтар доранд, ба дигар гурӯҳу равияҳои мазҳабӣ ваё созмонҳои ғайримазҳабӣ гузаранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, бештари мусалмонҳо мутмаинанд, ки гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ” аз сӯи душманони ислом ба хотири бадномсозии ин дини мубин таъсис шудаанд.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, бархе аз мусалмонҳо ба ин назаранд, ки давлатҳои масеҳии ғарбӣ, бо вуҷуди изҳори хашму ғазаб аз аъмоли ин гуна гурӯҳҳо ва ҳатто набардашон бо онҳо, ба мавҷудияти “исломгароҳо” ва дар назари оламиён манфуртар шудани онҳо манфиатдоранд... Дар ҳамин ҳол иддае мегӯянд, ки гап сари ҷанг барои захираҳои табиӣ ва нафту гази фаровони минтақа мераванд ва ин “бозии бузург” бо пулу сармояи ҳам давлатҳои арабӣ ва ҳам кишварҳои ғарбӣ солҳои оянда ҳам идома хоҳад ёфт...

XS
SM
MD
LG