Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рэпсаро дар Душанбе барои навори таҳқири мақомдорон боздошт шуд


Рамазон Муродов.
Рамазон Муродов.

Пулиси шаҳри Душанбе як рэпсаро ва блогерро бо иттиҳоми нашри навори таҳқиру дашном нисбати мақомдорони давлатӣ боздошт кардааст.

Рамазон Муродов маъруф ба “Ролик” 23-юми июл дар саҳифаи Инстаграм чанд наворе пахш кард, дар онҳо ба роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва роҳбари “Ориёнбонк” дашному ҳақорат карда, инчунин таҳдид мекунад, ки наворҳои онҳоро пахш мекунад. Ин наворҳо то як соат дар саҳифаи Инстаграми ин рэпсаро буданд ва баъдан пок шуданд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе шоми 23-юми июл аз боздошти Рамазон Муродов хабар дода гуфт, аъмоли ӯ тафтиш шуда, "маводҳои зарурӣ тартиб дода шуд".

Дар ҳоле, ки назари пайвандони ин рэпсаро ва ҳамин тавр сарнавишти ояндаи ӯ маълум нест, пулиси Душанбе гуфтааст, Рамазон Муродов наворҳоро баъди истеъмоли маводи мухаддир сабт кардааст.

Дар хабарномаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе омадааст, Рамазон Муродов "ҳамчун нашъаманд дар қайди Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои наркологӣ" қарор дорад.

То ин дам мушаххас нест, ки мақомот алайҳи ин рэсапро бо чӣ иттиҳом парванда боз кардаанд.

Рамазон Муродов қаблан чанд маротиба аз боздошт ва шиканҷа шуданаш аз сӯи кормандони пулис шикоят карда буд.

XS
SM
MD
LG