Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз созиши ҳастаии Эрон истиқбол кард


Тоҷикистон созиши ҳастаӣ миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳониро дастоварди таърихӣ хонд ва онро пирӯзии дипломатияи Эрон арзёбӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14 июл бо ирсоли барқия раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳониро барои тавофуқи Теҳрон ва гурӯҳи “5+1”-ро дар масоили барномаи ҳастаии Эрон табрик гуфт.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар барқия гуфта шудааст, "пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ дар воқеъ зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад".

Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши баёнияи расмӣ, созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва "пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ кард."

Дар ин баёнияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "тасмимҳое, ки дар натиҷаи музокирот дар Вена рӯзи 14 июли соли 2015 гирифта шуданд, ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод."

Созиши ҳастаӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи 14 июл дар Вена ба даст омад.

Созиши таърихии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯи барномаи ҳастаии Теҳрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

ХУШҲОЛИИ МАРДУМИ ЭРОН

Танҳо чанд дақиқа баъд аз тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар Вена, хабаргузориҳои Эрон аз "тӯфони тавофуқи ҳастаӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва иброзии шодии васеъ ва густурда дар миёни мардум ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии он кишвар хабар доданд. Бархе аз намояндагони парлумони он кишвар хостори "истиқболи гарм" аз тими музокиракунандаи атомии Эрон шудаанд.

Хабаргузории "Хабар онлайн" чанд дақиқа пас аз интишори хабарҳо аз тавофуқи Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ хабар дод, ки "тӯфони тавофуқи ҳастаӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз шудааст. Ин хабаргузорӣ хушҳолии бархе ҳунармандони саршиноси Эронро аз ин созиш бознашр кардааст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ҳамчунон ба сабаби муроҷиати зиёди мардум, вебсайтҳои зиёди хабарии Эрон то чанд лаҳза аз дастрасӣ хориҷ шуданд. Рӯзҳои гузашта гузоришҳо дар бархе вебсайтҳои Эрон ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи баргузории маросими ҷашн пас аз тавофуқи эҳтимолӣ миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1, мунташир шуда буд.

ИСТИҚБОЛИ РАҲБАРОНИ ҶАҲОН

Сарони кишварҳои зиёд ҷаҳон аз созиши ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ истиқбол карданд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба дунболи эълони ин созиш, дар Твиттери худ навишт, ки тавофуқи ҳастии Эрон бо кишварҳои қудратманди ҷаҳон "уфуқҳои наве"-ро боз хоҳад кард ва бо ин тавофуқ "бӯҳронҳои ғайризарурӣ" ҳал хоҳанд шуд.

Раисиҷумҳури Амрико низ бо истиқбол аз ин созиш гуфт, ки бар асоси ин тавофуқ, Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ метавонад ҳар вақт ва ҳар ҷо, ки хост аз сайтҳои ҳастаии Эрон бозрасӣ кунад. Раисиҷумҳури Амрико афзуд, ки Эрон ҳоло метавонад 10 бомбаи атомӣ бисозад, аммо акнун тибқи тавофуқи нав ин имкон вуҷуд надорад ва тамоми роҳҳои дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ баста шудааст. Барак Обама дар суханони худ хостори равобити хуб ва бештари Эрон бо ҷаҳон шуд. Ӯ гуфт, ки "борҳо ба мардуми Эрон гуфтаем, ки дарҳо аз сӯи мо барои ҳамроҳӣ дар манофеи муштарак боз аст."

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун низ аз ин тавофуқ истиқбол карданд. Дабири кулли СММ дар паёми худ ба ин муносибат онро як тавофуқи таърихӣ унвон кард, ки бар асари гуфтугӯҳои тӯлонӣ ба даст омад.

Вазири умури хориҷии Туркия ҳам ба дунболи эълони тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ғарбӣ, гуфт, ки ин тавофуқ метавонад мамнуияти сармоягузорӣ дар Эронро бартараф кунад. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, "нишонае аз умед барои ҳама ҷаҳон аст."

ИСРОИЛ АЗ ТАВОФУҚИ ҲАСТАИИ ЭРОН НОРОЗӢ АСТ

Аммо мақомоти исроилӣ дар нахустин вокунишҳои худ аз ин тавофуқ интиқод карданд. Нахуствазири Исроил тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро "як иштибоҳи таърихӣ" номид. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, "Эрон масири боварибахш барои расидан ба силоҳи ҳастаӣ дарёфт хоҳад кард. Бисёре аз маҳдудиятҳо, ки қарор буд роҳи расидани Эрон ба силоҳи ҳастаиро бандад, ҳоло барчида хоҳад шуд."

Вай афзуд, ки "Эрон як ҷоизаи бузург хоҳад гирифт. Коне аз пули нақд ба даст хоҳад овард ба арзиши садҳо миллиард доллар. Пуле, ки ба Эрон имкон медиҳад, то хушунат ва террорашро дар минтақа ва ҷаҳон идома диҳад. Ин иштибоҳи бади таърихӣ аст."

Муовини вазири умури хориҷии Исроил ҳам дар Твиттери худ навишт, "ин тавофуқ як таслими таърихӣ аз сӯи Ғарб дар баробари "меҳвари бадӣ" ба саркардагии Эрон аст. Вай афзуд, "Исроил аз тамоми роҳҳо хоҳад кӯшид, то тасвиби ин тавофуқро боздорад."

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳон дар ҳоле дар Вена ба тавофуқи ҳастаӣ даст ёфтанд, ки шаҳрҳои мухталифе дар 11 соли гузашта мизбони гуфтугӯҳои ҳастаӣ буданд -- Теҳрон, Порис, Женева, Истанбул, Бағдод, Маскав, Алмаато ва Лозанна.

XS
SM
MD
LG