Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошкичириву палав - беҳтарин ғизои мактаббачаҳо дар ҷаҳон


Дар як озмуни байналмилалӣ “Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ”-и чопи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон, ҷоизаи “Беҳтарин дар ҷаҳон”-ро ба даст овард. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Янтаи Чин дар натиҷагирии озмуни «Ҷоизаи дастурҳои ғизоии Гурман”, баргузор шуд.

Дар хулосаи ҳакамон гуфта шуд, ки маҷмӯаи тоҷикии китоби ғизоҳои мактаббачагони Тоҷикистон инчунин ҷоизаи “Амнияти ғизо”-ро ба даст овард ва бо мукофоти вижаи доварон сарфароз шуд. Дар ин озмун беш аз 210 китоб аз 200 кишвар иштирок карданд.

Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Янтаи Чин дар натиҷагирии озмуни «Ҷоизаи дастурҳои ғизоии Гурман” баргузор шуд.

Масъулини Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Душанбе ба Радиои Озодӣ рӯзи 1 июн гуфтанд, ки китоби махсус бо дастурамали таҳияи ғизоҳои мактаббачаҳо соли 2016 нашр шуд.

Ин китоб бахше аз барномаи азими таъмини 2000 мактаби тоҷикӣ бо ғизои ҳамарӯзаи гарму бепул мебошад. Аз рӯи ин барнома ҳудудан 370 ҳазор мактаббача ба таври ройгон дар ҷараёни таълим бо ғизои гарм таъмин мешаванд.

Дар миёни анвои ғизоҳо барои мактаббачаҳо - шӯрбову мастоба, мошкичириву шавла, палаву ӯгро ва даҳҳо навъи дигари хӯрок машварат дода шудааст. Ин феҳрасти ғизоҳои мактабӣ аз ҷониби мутахассисони вазоратҳои беҳдошт, маориф ва созмонҳои ҷамъиятии фаъол дар Тоҷикистон таҳия ба истифода машварат дода шудааст.

Паоло Маттей, раиси намояндагии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ гуфтааст, ки тақдими ҷоизаро ҳамчун “эътирофи хеле муҳими дастовардҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон” арзёбӣ мекунад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки “дастурҳои сиҳӣ ва рангоранги ғизои кӯдакон барои таъмини рушди солими мактаббачагони тоҷик, бахусус барои атфоли хонаводаҳои нодор мусоидат мекунад”.

Китоб аз 202 саҳифа иборат буда, дар он 127 номгӯи ғизоҳои миллии тоҷикӣ нашр шудааст. Ин ғизоҳо дар мактабҳои зери назари Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон таҳия мешаванд. Ҷоизаи китоби дастури ғизоҳои Гурман соли 1995 таъсис шуда, махсус барои қадрдонии китобҳои марбут ба таҳияи хӯрок дар ҷаҳон роҳандозӣ шудааст.

Зоирҷон Шарифов, як корманди Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон, рӯзи 1-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ барномаи азими таъмини 2000 мактаби тоҷикӣ бо ғизои ҳамарӯзаи гарму бепул, барои ғизонокии кӯдакони хонаводаҳои камбизоат ба вижа дар манотиқи деҳот, мусоидат кардааст. Ба гуфтаи вай, аз 2000 мактабе, ки ин барнома амалӣ мешавад, 50 дарсади он дар деҳоти Тоҷикистон мебошанд.

Ин корманди Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон эътироф мекунад, ки дар деҳоти Тоҷикистон оилаҳои камбизоат бештар ҳастанд ва кӯдаконе, ки шароити иқтисодӣ дар хонаводаҳояшон ба таври бояду шояд нест, дар ин барнома шомил мебошанд ва аз ҳамин хӯрок мехӯранд, ки ин барои ғизонокии онҳо мантиқан таъсири мусбат мерасонад.

Стратегияи нави хӯроки мактабӣ дар Тоҷикистон:

Стратегияи нави хӯроки мактабӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

XS
SM
MD
LG