Созмони Милали Муттаҳид бо лаҳни шадид ҳамлаи террористиро болои бемористони Кветтаи Покистон маҳкум кардааст. Ин созмон мегӯяд, ҳамла ба шахсоне, ки бе ин ҳам дар ҳолати мотам буданд, аз бераҳмии зиёди ҳамлагарон шаҳодат медиҳад.
Дар як ҳамлаи маргборе рӯзи душанбе ба камияш 70 нафар кушта ва беш аз 100 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Бомба дар лаҳзае таркид, ки издиҳоми ҳуқуқшиносону журналистон ба бахши изтирории бемористони маҳаллии Кветта баъди шунидани хабари қатли президенти Анҷумани ҳуқуқшиносони Балуҷистон Билол Анвар Касӣ ба бемористон шитофтанд.
Иёлоти Муттаҳмидаи Амрико ҳам ин таркишро шадидан маҳкум кард. Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Элизабет Трудо дар ин бора гуфт: "Террористон бемористон, низоми адлия ва матбуот – сутуни муҳимтарини демократияро ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамлаҳои ваҳшиёна ва бемаънӣ танҳо иродаи умумии моро барои пирӯзӣ бар терроризм дар ҷаҳон тақвият медиҳад. Мо ба хотири муқобила бо ин таҳдидҳо бо ҳамкоронам дар Покистон ва дигар нуқоти ҷаҳон ҳамкориро идома медиҳем."
Амали террористии рӯзи душанберо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар як барқия ба номи Навоз Шариф, сарвазири Покистон маҳкум кард. Президенти Тоҷикистон дар ин паёми тасаллияташ аз куштори нафарони зиёд изҳори андуҳ карда ва гуфтааст, "амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд."
Бахши покистонии Радиои Озодӣ мегӯяд, сабаби куштори ҳуқуқшинос Билол Анвар Касӣ ҳанӯз маълум нест, чун ӯ ба ҳайси раҳбари анҷумани ҳуқуқшиносон танҳо корҳои касбии худро анҷом медод. Ин шахс сиёсатмадор набуд ва як ҳуқуқшиноси амалкунанда буд.
Яке аз ҳуқуқшиносони захмӣ гуфт, ҳодисаи куштори президенти анҷуман ва ҳам қатли нафарони зиёд пеши роҳи кори онҳоро намегирад ва ҳуқуқшиносон аз гузашта бештар муттаҳид хоҳанд шуд.
То ҳол ду созмони террористӣ – як гурӯҳи вобаста ба Толибони "Ҷамоат-ул-Аҳрор" ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" иддао кардаанд, ки ин ҳамла кори дасти онҳост. Феълан тасдиқи дурустии ин иддао имкон надорад.