Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Толеъ Холназаров


Толеъ Холназаров дар қаҳрамонии ҷаҳон-2007 дар Амрико
Толеъ Холназаров дар қаҳрамонии ҷаҳон-2007 дар Амрико

Толеъ Холназаров, ки 38 сол дорад, феълан варзишгарон аз Имороти Муттаҳидаи Арабро барои бозиҳои паралимпии соли 2016 тамрин медиҳад.

Толеъ барои ду ҳафта тими “Хурфакан” аз Имороти Арабро дар шаҳри Пардубитсаи Ҷумҳурии Чех машқ медиҳад.

Толеъ Холназаров соли 1975 дар Душанбе дар хонаводаи адиби танзнавис Имомназари Холназар ва доктори улуми забоншиносӣ Зебунисо Холназарова ба дунё омадааст. Се фарзанд дорад ва феълан дар Дубай ба сар мебарад.


Толеъ Холназаров аз поягузорони пауэрлифтинг, ё сеҳарбаи қудратӣ дар Тоҷикистон ва ҳам раиси Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги ин кишвар буда, аз хушномтарин варзишкорони тоҷик дар ин ришта ба ҳисоб меравад. Толеъ дар сеҳарбаи қудратӣ дар соли 2006 дар байни варзишкорони ҳирфаӣ унвони қаҳрамони ҷаҳонро ҳам ба даст оварда буд, вале баъди лат хӯрданаш дар соли 2010 аз идомаи мусобиқот канор рафт ва мураббӣ шуд.
Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон дар соли 2002 бо ибтикори Толеъ Холназаров таъсис ёфта, раиси ин федеросиюн ҳам худи ӯст.

Толеъ Холназаров аввал дар рақобатҳо дар вазни 82 кг, баъдан дар вазни 90 кг, аз соли 2006-ум дар вазни 100 килограмм ҳунарнамоӣ мекард. Ахиран ӯ дар вазни 110 кг рақобат намуд. Натиҷаи беҳтаринаш дар сеҳарба 950 килограмм ва дар як навъи рақобатҳо – бардоштани вазна то камарбанд – 345 килограмм мебошад.

Дастовардҳои бузурги варзишии Толеъ Холназаров дар риштаи пауэрлифтинг:

соли 1996 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Финляндия,
соли 1997- қаҳрамон ва соли 1998-ум барандаи Ҷоми Қазоқистон,
соли 1998 – барандаи медалҳои тилло ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маҷористон,
соли 2000 – барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Навоии Узбакистон,
соли 2005 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,
соли 2006 - барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни варзишгарони ҳирфаӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,
соли 2008 – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Палм бичи иёлати Флоридаи Амрико.
XS
SM
MD
LG