Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БҶ: Кишварҳои дигар ҳам метавонанд ба CASA-1000 бипайванданд


Аннет Диксон, муовини минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар миёна
Аннет Диксон, муовини минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар миёна

Як намояндаи баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, тарҳи CASA-1000, ки иҷрои он рӯзи 12-уми май дар Тоҷикистон расман шурӯъ шуд, барои рушди иқтисоди ин кишвар ва субот дар Афғонистон муҳим аст.

Як намояндаи баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, тарҳи CASA-1000, ки иҷрои он рӯзи 12-уми май дар Тоҷикистон расман шурӯъ шуд, барои рушди иқтисоди ин кишвар ва субот дар Афғонистон муҳим аст. Аннет Диксон, муовини минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дирӯз зимни сӯҳбат дар бораи бунёди хати баландшиддати барқ байни Тоҷикистону Покистон гуфт, тарҳи мазкур як манбаи доимии даромад барои Тоҷикистону Қирғизистон мешавад ва барои рушди иқтисодии Афғонистону Покистон равона мешавад.

Арзиши ин тарҳ 1,1 миллиард доллар буда, барои пуштибонии молии он, 7 ниҳоди байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд. Дар сӯҳбат бо журналистон баъди анҷоми маросими шурӯи иҷрои тарҳ, Аннет Диксон дар бораи аҳамияти ин тарҳ гуфт:

“Ин тарҳ хеле муҳим аст, чунки чаҳор кишварро ба хотири ҳалли масоили энержиашон ба ҳам меорад. Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тобистон мизони барзиёди нирӯи барқ истеҳсол мешавад. Онҳо имкон доранд, ки аз ҳисоби содироти нирӯи барқи изофагӣ мавсими тобистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, яъне Афғонистону Покистон барқ ирсол кунанд. Ин кишварҳо тобистон бо камбуди нирӯи барқ рӯбарӯ ҳастанд. Онҳо ҳаққи ин барқро ба Қирғизистон ва Тоҷикистон пардохт мекунанд. Даромади бадастомада метавонад барои тақвияти низоми энержии ин кишварҳо, бахусус барои ҳалли масъалаи камбуди барқ дар мавсими зимистон дар ин кишварҳо равона шавад.

CASA-1000 ба рушди Осиёи Марказиву Ҷанубӣ кумак хоҳад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Тарҳи CASA-1000 на танҳо ба фоидаи чаҳор кишвари ширкатдори ин пружа аст, балки имкониятҳои васеъро барои роҳандозии тиҷорат дар ин қаламрав боз мекунад ва кишварҳои Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ ба ҳам меорад. Ин тарҳ Афғонистонро ба унвони як кишвари транзитӣ муаррифӣ мекунад ва аз ин роҳ Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад. Дар оянда ба ин тарҳ кишварҳои дигар ҳам метавонанд ҳамроҳ шаванд”.

Дар идома хонум Диксон гуфт, ки амалишавии ин тарҳ баъди 10 соли баҳсу баррасиҳо имкон дод ва ҳоло, ба гуфтаи ӯ, “тасаввури мушаххаси вазъи воқеӣ” ва ҳам ҷанбаъҳои амалишавии ин тарҳ пеш омадааст. Вай аз омодагии раҳбарони чаҳор кишвари узви тарҳ ситоиш кард ва гуфт, ки ин ҳамкорӣ имкониятҳои васеи рушди тиҷоратро дар соҳаҳои дигар ҳам фароҳам меорад. Ба саволи хабарнигори эронӣ дар бораи нигарониҳо дар заминаи роҳҳои татбиқи ин тарҳ, бесуботӣ дар Афғонистон ва ҳам камбуди нирӯи барқ дар кишварҳои содиркунандаи он – Қирғизистон ва Тоҷикистон Аннет Диксон чунин посух дод:

“Ин тарҳ интиқоли нирӯи барқи барзиёд дар мавсими тобистонро дар назар мегирад. Даромаде, ки аз фурӯши ин барқ ба даст меояд, барои Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки барои ҳалли камбудиҳои энержии ин кишварҳо дар мавсими зимистон масраф кунанд. Нирӯи барзиёди тобистона барои Осиёи Ҷанубӣ равона мешавад. Тарҳ дар фурсати байни моҳҳои май то сентябр амал мекунад. Афғонистон, тавре гуфтам, як кишвари транзити барқ мешавад. Дар маҳалҳое, ки хати барқ мегузарад, ҷомеаҳои маҳаллӣ имкони истифода аз ин нирӯи барқро хоҳанд дошт. Яъне аз ин барқ ҳама манотиқ ва ҷомеаҳое, ки дар хати барқгузар ҷой гирифтаанд, истифода карда метавонанд”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG