Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Гаравгонҳо”-и талоқ: Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ...


“Рав, аммо талоқат намедиҳам!” – занҳое зиёде баъди шунидани ин ҳарфҳо саргуму сарсону саргардон мондаанд

Фаршода, сокини як шаҳраки Хатлон, мегӯяд, ки гоҳе худро миёни замину осмон муаллақ мебинад, гоҳе аз ноумедиву афсурдагӣ дилаш чун анори афшурда мешавад. Шаш моҳ пеш таҳқиру тавҳину озори зиёди шавҳар ва хусуру хушдоман ӯро барои тарки манзили шавҳар маҷбур сохт. Аммо шавҳараш аз додани талоқи шаръиву расмӣ сарпечӣ кард.

Ба гуфтаи Фаршода, боми хонаи умедаш баъди он ба фурӯрезӣ шурӯъ кард, ки ӯро ба ҷои хусураш мудири мактаб таъин карданд. Таъинот барои Фаршода ҳам ғайриинтизор ва ҳам гуворо буд - дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки ӯро дар чаҳорчӯби ҷойивазсозии мудирони мактабҳо ва барномаи таҳкими нуфузи бонувон раҳбар интихоб кардаанд ва хусураш ҳам эътирозе надорад. Фаршода розӣ шуд, бехабар аз он ки аз он рӯз на фақат хусур, балки шавҳару модарарӯс ҳам пушт сӯяш мекунад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00

Фаршода меафзояд, ӯ ҳоло “дар миёни чор дарё тахтабанд аст” ва пайваста мегӯяндаш, ки “доман тар накун, ҳушёр бош!”. Чун шавҳар талоқаш надодааст, ҳаққи дубора хонадор шуданро надорад ва бо ду тифли кӯчак дар манзили падарӣ ба сар мебарад. Баъд аз таваллуди тифли дуюм ӯ дар рухсатист ва маҷбур аст, ки асосан аз ҳисоби нафақаи модараш зиндагӣ кунад. Замони шурӯи моҷаро дар хонаи шавҳар Фаршода ҳомила буд ва баъди чашм ба олам кушодани тифли нав шавҳараш боре ба аёдати ӯву духтарчааш наомадааст. Дар ин муддат фақат як бор модарарӯсаш омад ва талаб кард, ки барои аз шавҳараш ҷудо шудан ба додгоҳ ариза нависад. Ӯ розӣ шуд, аммо шавҳараш боз ҳам “не” гуфт...

...“Ҳеҷ гоҳ талоқат намедиҳам!” – занҳое, ки баъди ин ҳарфҳо саргуму саргардон шудаанд, шояд ҳазор-ҳазоранд - дар бораи теъдоди “гаравгонҳо”-и талоқ оморе мавҷуд нест. Ба назар мерасад, ки ба ҷуз волидайн касе парвои занҳои таркшуда ва аммо талоқнагирифтаро ҳам надорад. Коршиносон мегӯянд, мардҳо маъмулан баъди интихоби зани дувум завҷаи худро тарк мекунанд. Ва аммо талоқ надодани ҳамсари пешин сабабҳои гуногун дорад. Баъзе мардҳо баъди издивоҷи дубора робитаро бо оилаи пешини худ барқарор нигаҳ медоранд – ба гуфтаи коршиносон, солҳои ахир шумораи мардҳое, ки ду ё се зан доранд, хело зиёд шудааст. Вале онҳое, ки ҳама риштаҳоро бо ҳамсари пешин буридаанд, барои он аз талоқ сарпечӣ мекунанд, ки ё хоҳиши “алимент” доданро надоранд ё мехоҳанд ин сир махфӣ боқӣ монад. Мардҳое низ кам нестанд, ки барқасдона, ба хотири ҷилавгирӣ аз дубора шавҳар кардани зани таркнамудаашон, ҳарфи талоқро шунидан намехоҳанд.

Бозор, як омӯзгор аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ба мо гуфт, миёни онҳое, ки занҳои худро раҳо карда, аммо онҳоро талоқ додан намехоҳанд, мансабдорони маҳаллӣ зиёданд. Онҳо сирри хонавайронии худро ҳаддалимкон пинҳон нигаҳ медорад, зеро мутмаинанд, ки садди роҳи онҳо дар боло рафтан аз зинаҳои мансаб хоҳад шуд. Зимнан, на фақат мардҳо, балки занҳои курсшинишин ҳам.

Ба гуфтаи Бозор, як-ду сол пеш миёни мардум қиссае маъруф буд, ки як хонуми соҳибмансаб дар арафаи тафтиши кораш аз сӯи дафтари раёсатҷумҳурӣ волидайни шавҳари тарккардаашро бо таҳдид маҷбур сохт, то писарашон, шавҳари пешинашро ба манзили ӯ баргардонад. Тайи як ҳафта, меафзояд Бозор, зани мансабдор ва шавҳари пешинаш дар назди меҳмонон аз Душанбе нақши оилаи намунавиро бозиданд. Меҳмонон рафтанд ва хонуми мансабдор илтиҷои «актёр» барои расмӣ ҷудо шуданро рад кард. Зимнан, ин гапҳо то ба гӯши «боло» ҳам расид ва хонум курсии раиси ноҳияро тарк намуд.

Муҳаррама Раҳимова, равоншиноси маркази занони мавсум ба «Гулрухсор» дар шаҳри Хуҷанд, ки мавзӯи хушунат алайҳи занонро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, дар шимоли Тоҷикистон бонувоне, ки шавҳарҳояшон баъди ҷудошавӣ аз талоқ додани онҳо сарпечӣ мекунанд, кам нестанд. Аммо ин занон умдатан талош мекунанд, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад. Ба гуфтаи ӯ, фақат соли гузашта аз маркази онҳо беш аз 2 ҳазор заноне имдод хостанд, ки аз сӯи шавҳар ваё волидайну пайвандони ӯ мавриди хушунат қарор гирифтаанд.

Муҳаррама Раҳимова меафзояд, бархе аз ин занон ба додгоҳ ва ба муфтиёт арз мекунанд, аммо иддае аз ноумедиву ошуфтагии зиёд даст ба худкӯшӣ мезананд. Ахиран хонум Раҳимова дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Колумбияи ИМА, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд дар мавриди худкушӣ миёни духтарону занону ҷавон таҳқиқоте анҷом доданд ва болоравии сатҳи худкӯшӣ аз сӯи бонувони хушунатдидаро мушоҳида карданд. Муҳаррама Раҳимова даст ба худкушӣ задани занонро бо издивоҷи барвақтӣ, бесомониҳои рӯзгор, фирор аз фақру бенавоӣ ва талоқу яъсу ноумедӣ марбут мекунад.

Ба иттилои раёсати умури дохилии Суғд, фақат дар моҳи январ дар қаламрави вилоят 18 ҳодисаи худкушӣ рӯй додааст – бо сабабҳои гуногун 8 мард, аз ҷумла, як наврас ва 10 зан ихтиёрӣ оламро тарк намуданд. Муҳаррама Раҳимова мегӯяд,ки ӯ занҳоро сафед карданӣ нест, зеро онҳо ҳам "моҳи беайб" нестанд ва баъзе рафторашон боиси ранҷиши ҷиддии шавҳар мешавад. Ба ҳар сурат, меафзояд ӯ, шумораи занҳое, ки аз зулму ноумедӣ даст ба худкушӣ мезананд, сол аз сол афзоиш меёбад ва ин як раванди воқеъан ҳам нигаронкунанда аст.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, мегӯяд, ки тарки зан ва сарпечӣ аз талоқи ӯ, аз нигоҳи дини ислом зулм аст ва зан бояд ин гуна марди золимро ба маҳкама кашад ва аз роҳи қонунӣ аз ӯ ҷудо шавад. Мард чун золим гунаҳкор мешавад, аммо зан то гирифтани фатво ё ҳукми додгоҳ ҳаққи худсарӣ, аз ҷумла, аз пеши худ шавҳар карданро надорад.

Пас, дар вазъе, ки мард занро тарк кардааст ва аммо аз талоқи шаръӣ ва расмии ӯ сарпечӣ мекунад, чӣ метавон кард? Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад мегӯяд, ки зан бояд дар арз ба муфтиёт ё додгоҳ қабл аз ҳама ба он нукта такя кунад, ки ҳангоми хондани хутбаи никоҳ мард барои тайи шаш моҳ додани нафақаи ӯ ва азияту зулм накардани хонумаш ӯҳдадор шуда буд. Ӯ меафзояд, «агар ҳамин хел ақд карда бошанд, дар шашмоҳаи аввал зан метавонад ду нафарро даъват кунад ва собит кунад, аз он рӯз то ин рӯз, яъне тайи шаш моҳ маро бо нафақа таъмин накардааст ва ман имрӯз ба ихтиёри худ як талоқ мегиронам, яъне талоқ ба дасти худи зан меафтад ва ӯ муҳайяра мешавад».

Ҷамолиддин Хомӯшов, сарвари Раёсати фатвои Шӯрои уламои дини Тоҷикистон, мегӯяд, ки занҳои зиёде ба онҳо дар масоили гуногун – дарёфти хатти талоқ ва моҷароҳои хонаводагӣ муроҷиат мекунанд – моҳе то 90 нафар хостори ҳалли мушкилашон мешаванд. Теъдоди зиёди занҳо аз он шиква мекунанд, ки шавҳарҳо дар ҳоли мастӣ онҳоро азият мекунанд, «Мо аз ин занҳо хоҳиш мекунем, ки барои ҳалли мушкили худ бо шавҳарашон биёянд», мегӯяд ӯ.

Мусоҳиби мо меафзояд, дари Раёсати фатворо занҳое ҳам мекӯбанд, ки шавҳарҳояшон солҳо боз нопадиданд ё зани худро тарк ва аз талоқи ӯ сарпечӣ кардаанд. Раёсати фатвои Шӯрои уламо, ба гуфтаи Ҷамолиддин Хомӯшов, ҳақ дорад, ки баъд аз таҳқиқ ба ин гуна занҳо хатти талоқ диҳад. «Аз занҳое, ки муроҷиат мекунанд, мо мепурсем, ки шавҳар барояшон нафақа мефиристанд ё не, сарпаноҳ доред ё не... Агар гӯянд, ки тамоман суроғ намекунанд, мо аризаи ин занро мегирем, раиси маҳалла бояд тасдиқ кунад, ки ин зан воқеан он ҷо зиндагӣ мекунад ва аз шавҳараш зиёда аз чаҳор сол боз хатту хабаре нест. Сипас бо шоҳидии ду марди дигар, ки пайвандони зан, яъне волидайн ё фарзандони ӯ набошанд, бо гирифтани шиноснома ва баёноти онҳо бар пояи қарори Шӯрои уламо аз соли 2001 ба ин зан хатти талоқ медиҳем». Ба гуфтаи сарвари Раёсати фатво, онҳо аз занҳое, ки ҳам никоҳи давлатӣ ва ҳам никоҳи шаръӣ доранд, хоҳиш мекунанд, то барои дарёфти талоқ ба додгоҳ ариза нависанд.

...Фаршода интизори мӯҳлати хатми замонест, ки додгоҳ бар пояи аризаи ӯ барои оштӣ додааст. Баъд аз он ҳама таҳқиру озор ва овозаҳое бардурӯғ, ки ба гуфтаи Фаршода, дар ҳаққи ӯ паҳн кардаанд, дубора ба манзили шавҳар баргаштанаш имкон надорад. Вале бори рӯзгорашро бар дӯши модараш ҳам гузоштанӣ нест ва баъди як-якунимсола шудани тифлаш дубора ба кори омӯзгорӣ бармегардад. Фаршода мегӯяд, ки дамидани субҳ баъд аз шоми тираро интизор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG