Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуба Азимова дар бораи интихоботи президентӣ: "Ба мо чӣ намерасад, ки..."


Маҳбуба Азимова
Маҳбуба Азимова

"То куҷо шанси номзад шудани як зан дар интихоботи президентии соли ояндаи Тоҷикистон воқеӣ аст?"

Дар ҷавоб ба ин суоли Радиои Озодӣ, Маҳбуба Азимова - сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон - рӯзи 13-уми феврал гуфт: "Имрӯз озод хуфта метавонем ва бовар дорем, ки ояндаи фарзандони мо дурухшон аст. Барои мо чӣ намерасад? Дар арсаи сиёсат бо пешвое, ки аллакай мардум интихоб карда ва арзандатарин аст, мубориза барем?"

Дар кишварҳои дигар то 44 номзад сабтином шудаанд. Агар имкони худпешбарӣ мешуд, ин корро мекардам. Ҳоло дигар ягон ҳизб маро пешниҳод намекунад. Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон бояд ҳизбҳо номзад пешбарӣ кунанд

Ба андешаи Азимова, занони тоҷик бояд ба президенти кишвар барои хидматҳое, ки дар ҳаққи бонувон карда ва мақоми занро дар кишвар боло бурдааст, сипосгузор бошанд.

Қарор аст, соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад ва аз ҳоло пешгӯӣ мешавад, дар интихобот номзади калидӣ худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Бар асоси қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" (аз соли 2016), президенти Тоҷикистон ҳақ дорад бидуни маҳдудият дар интихобот иштирок кунад. Қабули ин қонунро кишварҳои ғарбӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун "таҳкими қудрат" интиқод карда буданд.

ТАНҚИДҲО ВА ТАХМИНҲО ПЕШ АЗ ИНТИХОБОТ

Созмони "Хонаи озодӣ" дар гузориши "Кишварҳои дар ҳоли гузор" навишт, ки "элитаи ҳукмрон мавқеи худро тақвият дод. Рӯшан аст, ки аз роҳи тағйироти конститутсионии соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон "Пешвои миллат" шуд ва ба ӯ имкони раҳбарии бемаҳдудиятро фароҳам овард”.

Ҳарчанд худи президент дар бораи омодагиаш барои ширкат дар интихобот чизе нагуфтааст, баъзе матбуоти ғарбӣ ҳадс мезананд, ки эҳтимол соли 2020 нафаре аз наздикони президент – духтараш Озода Раҳмон ё писараш Рустами Эмомалӣ - довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ шаванд.

Моҳи декабри соли 2018 дар мусоҳиба бо The Diplomat сиёсатшиноси ғарбӣ Эдвард Лемон шонси духтари президентро барои пешбарӣ шудан ба номзадии мақоми президентӣ дар баробари Рустами Эмомалӣ хеле зиёд арзёбӣ кард ва гуфт, "Озода як нерӯи қудратманд аст ва ҳам дар бархе доираҳо ҳамчун вориси эҳтимолӣ арзёбӣ мешавад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Маҳбуба Азимова дар бораи интихобот: "Ба мо чӣ намерасад, ки..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

ЯК СОЛИ ДИГАР ТО САБҚАТ

Соли 2020 давраи дувуми ҳафтсолаи президентии Эмомалӣ Раҳмон ба охир мерасад ва, қарор аст, тирамоҳи он сол мардуми Тоҷикистон дар интихоботи раҳбари баъдии кишвар ширкат кунад.

Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 бори аввал дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд ва, инак, 25 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. Аз он замон то кунун дар Тоҷикистон чаҳор дафъа интихоботи президентӣ баргузор шудааст, ки ҳеч як аз онҳоро нозирони байналмилалии САҲА муносиб бо меъёрҳои интихоботи демократӣ арзёбӣ накардаанд. Мунтақидон ба то рафт аз худкома шудани ҳукумати Тоҷикистон ва тамаркузи қудрат дар дасти як нафар интиқод мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Дар интихоботи охири соли 2013 нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон як зан изҳори омодагӣ кард, ки номзадиашро пешбарӣ кунад. Ойниҳол Бобоназарова – номзади ҳизби он замон қонунии наҳзати исломии Тоҷикистон бо далели ҷамъоварӣ нашудани шумори зарурии имзои тарафдорон (210 ҳазор имзо) натавонист расман сабтином шавад.

БОБОНАЗАРОВА: ОМОДААМ ДАР ИНТИХОБОТИ 2020 НОМЗАД ШАВАМ

Ойниҳол Бобоназарова рӯзи 13-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз изҳори назари масъули Кумитаи занон нигаронӣ ва ин ҳарфҳоро "таҳқири занони тоҷику ҷаҳон" номид.

Бобоназарова гуфт, агар ҳоло ҳам қонун имконият медод, ҳатман дар интихоботи соли оянда номзадиашро пешбарӣ мекард. Ӯ гуфт, "вақте мо мегӯем, ки занону мардон баробарҳуқуқ ва бояд иродаи якранг дошта бошанд, қонунҳое, ки барои боло бурдани ҳуқуқи зан таҳия шудааст чӣ мешавад? Ҳатто ин ҳарфҳо таҳқири президент аст. Президенте, ки дар Қонуни асосияш навиштааст: “Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст” ва ин ба он маъност, ки занону мардон баробаранд. Фикр мекунам, президент аз ин хурсанд мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам зане мехоҳад дар чунин маърака иштирок кунад”.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Бобоназарова гуфт, ҳарфҳо дар заминаи ин ки ҷомеаи Тоҷикистон “мардсолор” аст, бепоя аст ва аз таҷрибаи худаш медонад, ки ҷомеа, аз ҷумла мардон барои иштироки занон дар чунин корзорҳо омода аст.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, омода аст, номзадии худро дар интихоботи президентии соли 2020 гузорад ва вориди корзори ин маъракаи сиёсӣ шавад. Аммо қонунгузории Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, аз роҳи худпешбарӣ номзадиашро дар интихоботи ояндаи президентӣ гузорад.

"Бубинед, дар кишварҳои дигар то 44 номзад сабтином шудаанд. Агар имкони худпешбарӣ мешуд, ин корро мекардам. Ҳоло дигар ягон ҳизб маро пешниҳод намекунад, чун мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон ҳизбҳо бояд номзад пешниҳод кунанд", - гуфт ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ӯ мегӯяд иштироки занон, ба ҳайси номзад дар интихоботҳо метавонад роҳи занони дигарро дар маъракаҳои сиёсӣ боз кунад.

БҲУТТО ВА ГАНДӢ ТАВОНИСТАНД, ЗАНОНИ МО НАМЕТАВОНАНД?

Сӯҳбатҳо дар бораи омода будан ё набудани занони тоҷик барои ширкат дар интихоботи президентӣ дар ҳолест, ки як шаҳрванди Тоҷикистон баъди изҳори омодагиаш таҳти фишор қарор гирифт. Қувваталӣ Муродов, яке аз фаъолони собиқ Фронти Халқӣ моҳи январ гуфт, ба хотири аз байн бурдани “сиёсати тарс” ва “принсипҳои демократӣ” омода аст дар интихобот иштирок кунад. Вале чанд ҳафта баъди ин сохторҳои рӯ ба ҳукумат дар матбуоти расмӣ ин тасмими ӯро ба боди интиқод кашида, дар яке аз ин матлабҳо пешниҳод карданд, ки "ӯро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд".

Қувваталӣ Муродов
Қувваталӣ Муродов

Қувваталӣ Муродов дар сӯҳбати телефониаш бо Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми феврал гуфт, масъули Кумитаи занон бо ин ҳарфҳояш қонунҳои кишварро дар мавриди баробарии ҷинсӣ зери суол мебарад. Вай мегӯяд, вақте дар баъзе кишварҳои исломӣ занон ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ метавонанд иштирок кунанд, чаро дар Тоҷикистони демократӣ накунанд.

"Агар воқеан зане, ки мехоҳад вориди ин корзор шавад, набояд ҳеҷ маҳдудият пеш ояд. Зеро вақте сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто ва Индира Гандӣ дар Ҳиндустон тавонистанд, ҳамчун зан давлатро идора кунанд, дар мо магар ин номумкин аст? Ҳатто то ҷое медонам давлатии исломии Афғонистон сафири худро дар Тоҷикистон зан таъйин кардааст. Магар занони тоҷик ҳам инро наметавонанд?" – суол гузошт ӯ.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG