Дар кӯчаҳои Мавсил ҳанӯз ҳам ҳузури сарбозони артиши Ироқ ба чашм мехӯрад ва барои эҳёи биноҳову инфрасохтори тахрибшуда, ба вижа дар қисмати таърихии ин шаҳр, вақти муайяне зарур аст. Аммо озодие, ки шикасти гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ба занони Мавсил овардааст, барои бисёриҳо арзиши баланд дорад.
Оят Ҳонӣ, як зани сокини минтақаи шарқии Мавсил мегӯяд, "дар давраи ҳукмронии гурӯҳи Давлати исломӣ озодии мо хеле маҳдуд буд. Мо наметавонистем мустақилона кореро анҷом диҳем. Агар аз хона берун мешудем, бояд тамоми либосам сиёҳ мебуд, дар рӯй ниқоб, дастҳо зери дасткаш ва умуман, тамоми аъзои бадан мебоист зери сатр бошад. Аслан, ҳеҷ озодӣ надоштем. Алҳамдулиллоҳ ҳоло хубтар шудааст."
Қабл аз ҷанг аҳолии Мавсил беш аз 3 миллион нафар буд. Дар давраи ҳукмронии ДИИШ садҳо ҳазор нафар ба тарки хонаҳоон маҷбур шуда, ҳоло наметавонанд ба зодгоҳашон баргарданд.
Се сол пеш вақте гурӯҳи "Давлати исломӣ" шаҳри Мавсилро ишғол намуд, занон аз ширкат дар ҳаёти иҷтимоӣ маҳрум шуданд. Занони пайрави динҳои ғайриисломӣ бошад, ба канизакҳои силоҳбадастон табдил ёфта, шуморе аз онҳо мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва таҳқиру азият қарор доштанд.
Ба гуфтаи хонум Имон Хизр, як зани сокини шаҳри Мавсил, "дар замони ҳукмронии гурӯҳи "Давлати исломӣ" вазъ даҳшатбор буд. Хусусан, маориф вуҷуд надошт. Мо ҳақ надоштем, ки дар дарсҳо ширкат варзем. Мо, ба вижа занон, бо маҳдудияти зиёд рӯбарӯ будем. Мо бояд ниқоб пӯшида, тамоми баданамон зери сатр мебуд. Маҳдудиятҳои дигар ҳам ҷой дошт."
Сарфи назар аз шикаст дар Мавсил гурӯҳи "Давлати исломӣ" муқовимат дар баъзе гӯшаҳои Ироқу Сурияро идома медиҳад. Эҳтимол аз ҳамин сабаб, баъзе занон ҳоло ҳам аз дурбини хабарнигор хавф доранд.
Абу Мустафо, як дӯкондор мегӯяд, "рафтуомади занон комилан зери назорат буд. Аксаран аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ ба дуконҳо даромада, занонро пеш мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки ё ниқоб надоред, ё ниқобатон кӯтоҳ аст, ё дасткаш надоред, ё рӯятонро рангу бор кардаед, ё поятон ҷӯроб надорад ва ғайра. Дар ин ҳол занон аз харидани чизе парҳез намуда, дуконҳоро тарк мекарданд. Ҳозир мо аз ин вабо ё худ саратон раҳо шудем. Занон метавонанд бидуни хавф берун бароянд."
Қабл аз ҷанг аҳолии Мавсил беш аз 3 миллион нафар буд. Дар давраи ҳукмронии гурӯҳи "Давлати исломӣ" садҳо ҳазор нафар ба тарки хонаҳояшон маҷбур шуда, ҳоло наметавонанд ба зодгоҳашон баргарданд.
Аммо ба қавли сокинони ин шаҳри ҷангзада, модоме, ки занони озод дар фикри рӯзгори маъмулии худ шудаанд, эҳёи назму субот ҳам ба воқеият табдил хоҳад ёфт.