Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатнаи занон дар Тоҷикистон роиҷ нест" (ВИДЕО)


Русия хатнаи занонро манъ мекунад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Гузориши видеоӣ инҷост

Дар пасманзари баҳсҳои доғи хатнаи занон, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар ин бора изҳори назар кард. Шуъбаи фатвои ин ниҳоди динӣ гуфт, ки "ҳарчанд хатнаи занон мустаҳаб аст, вале дар Тоҷикистон роиҷ нест".

Дар ҳамин ҳол, дар Русия тарҳи қонунеро таҳия доранд, ки бар асоси он хатнаи занон ҷиноят эътироф шуда, омилонаш даҳ сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд. Идеяи таҳияи ин қонун замоне ба миён омад, ки Исмоил Бердиев, яке аз муфтиҳои Қафқози шимолӣ, ба ҷонибдорӣ аз хатнаи занон садо баланд кард ва гуфт, "ҳамаи занон ба хотири паст шудани шаҳваташон бояд хатна шаванд".

"Дар ҳаётам ду бор хатна шудаам"

Мадинаи 30-сола, яке аз ҳазорон қурбонии хатнаи занон аст, ки дар минтақаи мусулмоннишини Доғистон дар Русия ба сар мебарад. Вай нахост, ки шахсияташ ошкор шавад, вале чӣ гуна дар ҳафтсолагӣ хатна шуданашро дар ёд дорад. “Барои он ки Шумо аз ҷиҳати шаҳвонӣ носер набошед, шаҳвати худро паст кунед. Ба мо зарурати ин амалро чунин шарҳ дода буданд,» - ба хотир меорад ӯ.

Русия ҳоло барои мубориза бо хатнаи занон остин барзадааст ва ба эҳтимоли зиёд баъди қабули қонун дар ин бора даст ба кор хоҳад шуд.

Ин таҷруба дар деҳаи дурдасти Мадина дар Қафқози Шимолӣ то ҳадде маъмул аст, ки ӯ боре ба дурустии он шак накардааст ва ҳатто талош дошт, бидуни огоҳии волидонаш хатна шавад. Ӯ мегӯяд, «шояд бо шуниданаш «шок» шавед, вале дар ҳаётам ду бор хатна шудаам. Хатнаи моро як зани калонсол анҷом медод. Ҳама назди вай мераванд. Ман волидонамро огоҳ накарда, назди ӯ рафта будам.»

Изҳороти муфтӣ буд, ё ҳазл?

Дар Русия хатнаи занон ҳанӯз манъ нашудааст, ҳарчанд Созмони Милали Муттаҳид даъват карда буд, ки ин нақзи ҳуқуқи инсон аст ва бояд ба он нуқта гузошта шавад. Чанде қабл гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқ дар Маскав гузориш доданд, ки хатнаи занон дар Доғистон барои духтарони то сесола умдатан дар шароити ғайрисанитарӣ гузаронда мешавад.

Исмоил Бердиев, рӯҳонии шинохта дар Қафқози шимолӣ, бо вокуниши тунди худ дар робита ба ин гузориши ҳомиёни ҳуқуқ баҳсҳои зидуннақизро барангехт. Дар як мусоҳибаи радиоӣ Исмоил Бердиев бо ҳимоят аз ин таҷриба гуфт, «тамоми занон бояд хатна шаванд, то ки нафси шаҳвонии онҳо кам шуда, аз фасод дар рӯи замин ҷилавгирӣ шавад.» Пас аз чанде ӯ гуфт, ки ин шарҳаш аз ҳазле беш набуд.

Исмоил Бердиев
Исмоил Бердиев

Русия остин барздааст

Аммо Талгат Тоҷиддин, муфтии Русия, дар ин гуфтаҳои ӯ ҳеҷ ҳазлро намебинад ва гуфт, ки «ба ин анъана дар Русия ҷой нест». Масъулони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам мегӯянд, ки хатнаи занон ба саломатӣ хатари ҷиддӣ дорад. Фотима Муродбекова, пизишке дар Доғистон, гуфт, яке аз мизоҷони ӯ, ки хатна шуда буд, зери зарбаи равониву ҷисмонӣ қарор дошт. «Ман ӯро ҳурмат мекунам ва метарсам, ки бемор нашавад. Ӯ мегӯяд, ҳамчун зан хушбахт нест,» - гуфт Муродбекова.

Бо вуҷуди ин баҳсҳо, Мадина, қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, аз ин анъанаи баҳсбарангез даст кашиданӣ нест. Вай мегӯяд, духтараш ҳоло панҷ сол дорад ва ӯро дар ҳафтсолагияш хатна хоҳанд кард.

Русия ҳоло барои мубориза бо хатнаи занон остин барзадааст ва ба эҳтимоли зиёд баъди қабули қонун дар ин бора даст ба кор хоҳад шуд. Коршиносон мегӯянд, ки Русия шояд тавонад мушкили хатнаи занонро дар дар маҷмуъ ҳал кунад, вале тағйир додани ин одат шояд дар бархе аз ноҳияҳо душвор шавад.

XS
SM
MD
LG