Дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 5-уми март феҳрасти вакилони Маҷлиси намояндагон дар 41 ҳавзаи якмандатиро эълон намуд. Дар ин феҳрист дида мешавад, аксари афроде, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ пирӯз шудаанд, номзадҳои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва мансабдорони аршади вазорату идораҳои давлатӣ ва вакилони давраи гузаштаи Маҷлиси намояндагон мебошанд.
Аз ҷумла вазири собиқи нақлиёт Хайрулло Асозода аз ҳавзаи 11-и Файзобод, генерал Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати корҳои дохилии Хатлон аз ҳавзаи Бохтар-27, Абдуғаффор Раҳмонзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб аз ҳавзаи Кӯлоб-37, Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон аз ҳавзаи Рӯдакӣ-9, соҳиби курсиҳо дар Маҷлиси намояндагон шуданд.
Бархе аз вакилони нави Маҷлиси намояндагон, аз ҷумлаи депутатҳое ҳастанд, ки соҳиби курсиҳо дар парлумони гузашта буданд. Акрамалӣ Фелалиев аз ҳавзаи Хоруғ-41, Нурулло Оқилзода аз ҳавзаи
Мастчоҳ-18, Шукурҷон Зуҳуров аз ҳавзаи Рашт-12, Шарофиддин Сироҷов аз ҳавзаи Ҳисор-7, Маҳмадалӣ Ватанов аз ҳавзаи Фирдавсӣ -1 ва боз чанд нафари дигар, курсиҳои худро дар парлумон ҳифз кардаанд.
Дар рӯйхати нашрнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номҳои Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократ, Иброҳим Абдуллозода ва Абдуҷаббор Аҳмадов аз Ҳизби коммунист дида мешаванд. Комиссияи маркази интихобот ва раъй пурсии Тоҷикистон феҳрасти пурраи вакилон ҳавзаҳои якмандатиро дар нашрияи парлумони “Садои мардум” ба чоп расонидааст. Дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки рӯзи якуми март баргузор шуд, 288 номзад барои 63 курсии парлумон бо ҳам рақобат карданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 2 март натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро низ эълон карда буд, ки ба ин тартиб аст:
Ҳизби аграрӣ - 450 ҳазору 275 нафар, яъне 11,8 фоиз
Ҳизби демократ - 64 ҳазору 547 нафар, яъне 1,7 фоиз
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 288 ҳазору 308 нафар, яъне 7,6 фоиз
Ҳизби коммунист - 87 ҳазору 12 нафар, яъне 2,3 фоиз
Ҳизби наҳзати исломӣ - 58 ҳазору 27 нафар, 1,5 фоиз
Ҳизби сотсиалист - 210 ҳазор нафар, яъне 5,5 фоиз
Ҳизби сотсиал-демократ – 18 ҳазор нафар, яъне 0,5 фоиз
Ҳизби халқии демократӣ - 2 миллиону 474 ҳазор, яъне 65,2 фоиз.
Танҳо аҳзобе, ки аз 5 дарсад ва ё аз он бештар раъй гирифтаанд, соҳиби мандат ё курсӣ дар Маҷлиси намояндагон мешаванд. Ба ин тартиб, дар ҳайати ояндаи маҷлиси поёни парлумони Тоҷикистон ҳизби халқӣ-демократӣ соҳиби 16 мандат, ҳизби аграрӣ 3, ислоҳоти иқтисодӣ 2 ва сотсиалист соҳиби 1 мандат мешаванд. Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҲКТ, ҲДТ ва ҲСДТ бинобар дарёфти дарсадии кам раъйи интихобкунандагон, аз феҳристи ҳизбӣ дар парлумон намоянда нахоҳанд дошт.