Ҳамсари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар номае ба унвонии президенти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмонро ба сарнавишти, ба гуфтаи ӯ,баҳсбарангези ширкати «Рос Азия Инвест» ҷалб кардааст.
Дар номае, ки рӯзи 7 март ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таслим шудааст, Латофат Тоирова мегӯяд, Ҷамъияти Саҳомии Пўшидаи «Рос Азия Инвест» соли 2007 таъсис ёфта, 51% ҳиссаи он ба шаҳрванди Руссия ва 49% ба Зайд Саидов тааллуқ дорад. Баъди мусодираи амволи соҳибкор аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин саҳмияҳо бояд ба фоидаи давлат мегузашт. Вале, ба иддаои Тоирова, бо як ҳалномаи судиҷрочии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 15 январи соли 2016 - 49% ҳиссаи Зайд Саидов ба номи шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев расмӣ кунонида шудааст.
Дар ин нома гуфта мешавад, ки 25 феврали соли 2016 вакили дифоъ Исҳоқ Табаров дар ин бора расман огоҳонида шудааст. Тоирова мегӯяд, ин дар ҳолест, ки бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2013 ҳиссаи Саидов дар ҶСП «Рос Азия Инвест» ба фоидаи давлат мусодира шуда буд. Дар номаи Тоирова гуфта мешавад, ки дар номаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба унвонии вакили дифои соҳибкор аз 21 феврали соли 2016 гуфта мешавад, ки санаи қабул шудани қарори додгоҳ 2 сентябри соли 2015 аст. Тоирова мегӯяд, дар ин нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки баъди баррасии аризаи даъвогии шаҳрванди
Қазоқистон Серикбол Окушев, аз ҳисоби Зайд Саидов ба фоидаи ин шахс як милиону сивунўҳ хазору шашсаду ҳаштоду як (1039681,01) доллари амрикоӣ рўёнида шудааст.
“Ин дар ҳолест, ки ҳанўз 26 декабри соли 2013 бо ҳукми суд ба фоидаи С.Окушев С.Т. аз ҳисоби З.Саидов руёнидани ҳамагӣ 400 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар карда шуда буд. Тоирова дар ин нома баргузории мурофиа ва ҳам дурустии қарори додгоҳи Исмоили Сомониро зери суол бурда дахолати президент Эмомалӣ Раҳмонро ба қазия тақозо кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба радиои Озодӣ аз ҳукми додгоҳ ҳимоят карданд. Як масъули дафтари матбуоти ин додгоҳ гуфт, шубҳае дар дурустии қарори додгоҳ буда наметавонад ва он аз рӯи қонун содир шудааст. Ба иттилои ӯ, ин қазияро судиҷрочиҳои додгоҳ ба иҷро расониданд, ки онҳо дар тавозуни Вазорати адлия қарор доранд. Ҳукм баъди баррасии додгоҳ содир мешавад, шарҳ дод ӯ. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд даъвои шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушевро муовини раиси суди Исмоили Сомонӣ Темур Ҳафизов баррасӣ кардааст. Намояндаи дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфт, агар ҷониби саҳҳоми пешина норозӣ бошад, дубора метавонад ариза пешниҳод кунад ва додгоҳ онро баррасӣ хоҳад кард.
Нигаронии ҳамсари соҳибкори маҳкум ба 29 соли зиндон дар ҳоле садо медиҳад, ки аз 25 январ ба ин сӯ мақомоти судиҷрочӣ ба мусодираи манзилҳои марбут ба ӯву пайвандонаш идома медиҳанд. Мақомот ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд, вале ду ҳукми Додгоҳи олӣ, ки Зайд Саидовро дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум кард, мусодираи молу мулки ӯ ба хотири ҷуброни зарари иқтисодии ба давлат расондаашро низ пешбинӣ мекунад.
Зайд Саидови 56-сола, моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар моҳи декабри ҳамон сол аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо иттиҳомоте, чун суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар моҳи июли соли 2015 Додгоҳи олӣ ба ҳукми ӯ 3 соли дигар афзуд.
Мақомот бар асоси ҳукми додгоҳ то ҳол дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд. Зайд Саидов ва тарафдоронаш иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" таҳти таъқиб қарор гирифтааст.