Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳқони тоҷик пушти дарвозаи бозор мондааст


Бо вуҷуди онки замини Тоҷикистон тавони таъмини то 20 миллион нафарро бо маҳсулоти худӣ дорад, бозори ин кишварро меваву сабзавоти хориҷӣ пур кардааст.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, дар ҳоле, ки заминҳои Тоҷикистон иқтидори таъмини 20 миллион нафарро бо маҳсулоти дохилӣ дорад, бозорҳои кишварро меваву сабзавоти воридотӣ пур кардаст. Ба гуфтаи онҳо, бо ин шакли мудирияти арсаи кишоварзӣ ва мушкилоти зиёди ин соҳа таъмини амнияти ғизоии Тоҷикистон ба ин зудиҳо муяссар намешавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, дар заминҳои Тоҷикистон ба ҷуз аз маводҳои тропикӣ, дигар ҳама навъи зироатро парвариш кардан мумкин аст, ба шарте ки аз заминро дуруст истифода баранд: «Агар нерӯи билогиву иқлимии Тоҷикистонро ба ҳар як воҳиди қаламрав тақсим кунем, эҳтимол дар миёни кишварҳои дунё, Тоҷикистон аз нигоҳи самаранокии ин нерӯ дар байни 10 давлати аввал бошад. Аммо имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ мушкилоти зиёд вуҷуд дорад, ки барои рушди ин бахш монеъа эҷод мекунад. Аз ҷумла мушкилоти саноатисозиии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи васоити кимиёӣ ва биологӣ, душвориҳое, ки ба вазъи замину мутахассисон ва корҳои ташкиливу иқтисодӣ дахл доранд. Хоҷагиҳои кӯчаки деҳконии имрӯза аз ӯҳдаи ягон кор намебароянд.»
Деҳқони тоҷик - пушти дари бозорҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар чунин вазъ қарор доштани бахши кишоварзиро ба набуди дастгирӣ аз сӯи ҳукумат рабт медиҳад. Вай мегӯяд, то ин дам кишварҳои хориҷӣ ба ҳукумати Тоҷикистон иҷозаи ҷудо кардани субсидия ваё ёрона барои хоҷагиҳои деҳқониро намедоданд, ки ин сабаби заиф гаштани қобилияти истеҳсолӣ ва пойбандӣ ба кишварҳои дигар шуд. Аз нигоҳи ҷаноби Умаров, агар ҳукумат солона ҳудуди 250 миллион доларро ба бахши кишоварзӣ равона намояд, шояд ин мушкилот ҳалли худро пайдо кунад.

Сӯҳроб Одинаев
Сӯҳроб Одинаев
Аммо Сӯҳроб Одинаев, як масъули вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иллатро дар бастаи омилҳои иқтисодӣ медонад ва мегӯяд: “Ин ба як қатор силсиламушкилиҳо вобаста аст, ки асосаш кишоварзон ба захираҳои молиявӣ дастрасӣ надоранд. Яъне қарзҳое, ки ба онҳо дода мешавад, хеле фоизҳои баланд дорад. Ва ҳоли ҳозир сохторҳои бонкдории кишвар ва дастгирии давлатӣ дар ин самт маҳдуд аст. Вале боварӣ дорам, ки бо гузаштани давраи гузариш ва комилан иҷро намудани ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва тақвияти иқтисоди кишвар ин масълаҳо ҳалл мешаванд.»

Тайи чанд соли ахир Тоҷикистон аксаран маҳсулоти кишоварзиро аз хориҷ ворид мекунад ва ба бозорҳои кишвар аксаран меваву сабзавот аз Чину Афғонистону Покистон ворид мешавад. Чунин пойбандӣ гоҳ-гоҳ сабаби якбора боло рафтани қиматҳо мешавад ва як намунаи он ахиран то 80 дарсад боло рафтани нархи картошка ва пиёзу сабзӣ дар Тоҷикистон аст. Тоҷирон қимат шудани нархи картошкаро ба камбуди ин маҳсулот дар Покистон рабт медиҳанд.

Муродалӣ Маҳмадалиев, раиси кооперативи истеҳсолии ноҳияи Ваҳдат низ мегӯяд, бинобар дастрасӣ надоштани кишоварзон ба қарзҳои дарозмуддати боимтиёз, аксари онҳо аз истеҳсоли сабзавот, аз ҷумла картошка даст мекашанд. Аз сӯи дигар, ин мусоҳиби мо аз монополия шудани бозорҳои Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои алоҳида шикоят мекунад: «Деҳқони оддие ки маҳсулот истеҳсол мекунад, дар бозор роҳ надорад. Як гурӯҳи муайяни
тоҷирон ба саҳро мераванд, бо чӣ нархе хоҳанд, аз деҳқон маҳсулотро харидорӣ карда ва нархи дилхоҳи худро дар бозор мегузорад. Дар ин замина ягон назорат нест, онҷо одамони доимӣ мешинанд ва бори рақобатпазир ба бозор ворид шудан наметавонад. Ҳоло онҳо пиёзро 2 сомонӣ мефурӯшанд. Агар маро ба бозор иҷозат диҳанд, бо нархи 80 дирам мефурӯшам. Гӯшаи деҳқон мегӯянд, охир ин гӯшаро бояд дар маркази бозор кунанд, на дар як ҷои дуре, ки касе онҷо намеравад. Деҳқоне ки заҳмат мекашад ва маҷбур бо нархи ночиз мефурӯшад, зарар мебинад, вале онҳое ки дар бозор нишастаанд, бо нархи қимат мефӯрӯшанд ва табақае, ки истеъмолкунанда аст, он ҳам зарар мебинад. Ва аммо як гурӯҳи хурд бой мешавад.»

Бо ин ҳама кишоварзон пешниҳод доранд, ки ҳадди аққал 30 дарсади ҷойҳои фурӯш дар бозорҳоро дар ихтиёри онҳо гузоранд, то ки деҳқон имконияти ворид кардани маҳсулоти алтернативӣ ва бо нархи арзонтарро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG