Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди барқ. Афзоиши аҳолӣ ё бетафовутӣ?


Ширкати «Барқи тоҷик» камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистонро ба афзоиши аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ марбут медонад. Аммо таҳлилгарон ин иддаоро зери суол мебаранд ва мегӯянд, ки шумораи корхонаҳо дар кишвар чандон афзоиш наёфтааст.

Масъулини “Барқи тоҷик” талош карданд, ки дар як гузориш “ҳақиқати ҳол”- дар бораи камбуди нерӯи барқ дар кишварро ба мардум ташреҳ кунанд. Онҳо мегӯянд, ки маҳдудиятӣ интиқоли нерӯи барқ аз ноилоҷӣ буда, ҳоло барои беҳбуди вазъ аз тамоми чораҳо кор гирифта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯй ширкати “Барқи тоҷик”, якшанбеи 20-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, реҷаи маҳдудият дар таъмини барқ на танҳо боиси нороҳатии мардум мегардад, балки ба худи ширкат низ таъсири бади иқтисодӣ мерасонад.

“Барқи тоҷик” дар посух ба суоли сершумори муштариёни худ, ки чаро бо вуҷуди сохтани даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург, ҳанӯз мушкили бебарқӣ побарҷост, мегӯяд, ки дар замони истиқлолият шумораи аҳолии кишвар афзоиш ёфта, садҳо ҳазор манзили нав бунёд шудаанд. Танҳо дар давоми солҳои 2013 ва 2014, дар ҳудуди 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, ҳамчунин 17320 коргоҳҳои нави саноативу хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки ин ҳама тавлиди нерӯи барқи иловагиро талаб мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ

Аммо бо ин вуҷуд Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи Тоҷик» мегӯяд, ин ширкат меъёри муайяншударо риоя намуда, ҳатто бештар аз он, аҳолии кишварро бо барқ таъмин мекунад.

Агарчи ширкати “Барқи тоҷик” камбуди барқро дар бештар шудани аҳолӣ ё талабот медонад, аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ин як баҳонае беш нест ва шона холӣ кардан аз бори масъулият аст.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон ҳоли ҳозир имкони ба энержӣ ва барқ таъмин кардани аҳолиро дорад ва он, ки “Барқи тоҷик” мегӯяд, гӯё бо сабаби бештар шудани аҳолӣ талабот ба барқ зиёд шудааст ва имкони таъмини онҳоро надоранд, баҳонае беш нест: “Вақте раҳбарони “Барқи тоҷик” мегӯяд, аҳолӣ бештар шудааст ё корхонаҳо зиёд ва наметавонанд мардумро бо барқ пурра таъмин кунанд, ин нишонаи заъфи онҳост. Масъулон наметавонанд мушкили мавҷударо бартараф кунанд.”

Тоҷикистон ҳамасола сар аз тирамоҳ то баҳор ба бӯҳрони бебарқӣ мувоҷеҳ аст. Давлатбӣ Бобоева, сокини ноҳия Рӯдакӣ дар атрофи пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шабонарӯз ҳамаги 8 соат барқ мегиранд ва он ҳам бо вазидани шамоли сахттар ё сардии ҳаво, гоҳҳо қатъ мешавад. Ӯ мегӯяд, ки хонаҳояшонро бештар бо ангишту тапак гарм мекунанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри изҳороти расмӣ аз ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти нерӯи барқ дар манотиқи кишвар ҳанӯз 19 октябр хабар дода буд. Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нерӯи барқро фақат дар бунёди нерӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нерӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи оби минтақа, заминҳои кишти кишварҳои поёнобро беоб хоҳад гузошт.

Тоҷикистон дар пайи ин мухолифатҳо ташхиси фанниву иқтисодӣ ва оқибатҳои зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурд. Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябри соли гузашта натиҷаҳои ташхисашро эълон кард ва гуфт, тарҳи Роғун осеби ҷиддие ба иқтисоди кишварҳои дигари минтақа намерасонад. Ин ниҳод аммо барои бунёди ин нирӯгоҳи азим ваъдаи кӯмаки молӣ накард.

Акнун Душанбе бояд дастикам 2 миллиард доллар сармояи лозим барои сохтани ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро пайдо кунад. Худи Тоҷикистон чунин сармояи бузург дар ихтиёр надорад ва ягон кишвар ё сармоягузори бузург аз берун барои таъмини молии сохтмони нирӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG