Саймуҳаммад Иброҳимов пас аз як моҳи издивоҷи дубора худкушӣ кард. Ҳамсари аввали ӯ ҳашт моҳ пеш аз неши занбӯр фавтид ва маросими соли ӯро надода рӯзи 1-уми апрел издивоҷ кард.
Ҳавосаш парешон буд. Фарзандон занг зада гуфтанд, ки занатро сар деҳ ва мо ба ту духтари бокира медиҳем.
Пайвандонаш мегӯянд, ки фарзандон издивоҷи дубораи падарро қабул надоштанд ва ин мавзӯъ боиси моҷаро ва фишорҳои равонии падар шуд. Ҳоло бародари Саймуҳаммад бовар дорад, ки ӯ бо эҳтимоли зиёд ӯ зери ҳамин фишор даст ба худкушӣ зад.
Иброҳимов чаҳор фарзанд дорад. Писари калониаш 24-сола ва духтари хурдиаш 16-сола аст. Ӯ бо ҳамсари наваш ҳамагӣ 10 рӯз зиндагӣ кард ва баъди ҷанҷол бо писаронаш ӯро талоқ дод.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Раҷабалӣ Иброҳимов, бародари Саймуҳаммад Иброҳимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародарзодаҳояш аз бахти нави падар шод набуданд ва ӯро ҳадафи сахтгӯиҳои худ қарор доданд. Эҳтимолан фарзандонро ин қарори падар, ки яксолагии марги ҳамсарашро интизор нашуд ва дубора издивоҷ кард, нороҳат карда буд. Аммо Раҷабалӣ
Иброҳимов мегӯяд, аз рӯи урфу одати тоҷикон дуруст нест, ки падар аз писаре, ки бузург кардааст, иҷозат бигирад, ки издивоҷ кунад ё не. Ба гуфтаи бародар, Саидмуҳаммад, дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд, рӯзи мурдами ҳамсараш баргашт ва дигар ба муҳоҷират нарафт.
"Фарзандон розӣ набуданд"
“Фарзанди бузургаш дар Русия ва як духтару писараш дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Духтари хурдиаш дар тарбияи модарбузург буд. Худаш танҳо дар ҳамон хона буд ва касе набуд, ки ӯро нигоҳубин кунад. Худаш ба чанд ҷо хостгорӣ рафт, чун фарзандон нахостанд даст ба кор шаванд. Як рӯз аз ноҳияи Восеъ ҳамсар ёфт ва моро ба хонаи арӯс бурд. Хонаводаи зан хостанд, ки яке аз фарзандон омада розигии тамоми хонаводаро диҳад, аммо фарзандон розӣ нашуданд”, - гуфт Иброҳимов.
"Гуфтанд, ки занатро сар деҳ ва..."
Марҷона Раҳимова, ҳамсари Саймуҳаммад Иброҳимов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо танҳо 10 рӯз зиндагии хуб доштанд, дигараш ҳама даъво буд. “Пас аз ин мушоҳида кардам, ки дар дасташ ресмон ҳар ҷо мерафт. Ҳавосаш парешон буд. Фарзандон занг зада гуфтанд, ки "занатро сар деҳ ва мо ба ту духтари бокира медиҳем". Баъди як моҳу даҳ рӯз маро талоқ дод. Ман ба хонаи падарам баргаштам. Саҳари дигар шунидам, ки худкушӣ кардаст”, - гуфт Миҷгона Раҳимоваи 30-сола.
Сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки аз издивоҷи ин мард ва идомаи фоҷеавии қазия огоҳанд. Аммо азбаски инсонро то марг бурдан кори ҷиноӣ аст, онҳо намехоҳанд ба ин қазия дахолат кунанд. Танҳо яке аз ҳамсояҳо гуфт, “ҳайф, ки Саймуҳаммад барои фарзандонаш ин қадар заҳмат кашид, аммо онҳо аз зиндагӣ дилсард карданд”.
"Сабабҳои худкушӣ таҳқиқ мешавад"
Дар Додситонии ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабабҳои худкушии ин мардро тафтиш мекунанд. Ҳанӯз иддаои бародари ин мард, ки Саймуҳаммад зери фишор худкушӣ кардааст, тасдиқ нашудааст. Бештари парвандаҳои худкушӣ бо далели “пайдо нашудани омилҳои ба худкушӣ расонидан” қатъ мешаванд ва ё омилонаш ҷазои сабук мегиранд.
Маъмулан, дар оилаҳои суннатӣ дар Тоҷикистон издивоҷи дубораи мардҳо баъди марги занҳояшон дар ду ҳолат боис ба норизоиятии фарзандон мешавад. Агар падар дар фурсати кӯтоҳи қабл аз анҷоми маросими азодорӣ издивоҷ кунад - инро фарзандон беэҳтиромӣ ба арвоҳи модар медонанд. Маросими азодорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди як сол давом мекунад ва онро бо додани як маърака, ки бо номи “Сари сол” ё “дастархонғундорӣ” маъруф аст, анҷом медиҳанд. Мард агар қабл аз ин маърака издивоҷ кунад, аксаран маломат мешунавад. Равонпизишкон инро "рашки фарзандон ба модар" ҳам меноманд.
“Таънаву маломат”-и фарзандон
Дар ҳолати дигар, бо вуҷуди гузаштани ин мӯҳлат, дар сурати эҳсоси аз даст додани моликият ва ба дасти модарандар рафтани он фарзандон ба издивоҷи падарҳо мухолифат мекунанд.
Масъалаи издивоҷи бевазан душвортар аст. Дар ҷомеаи Тоҷикистон чандон маъмул нест, ки зани соҳиби фарзанд ва аз шавҳар маҳрумшуда оилаи нав барпо кунад. Мавридҳое, ки писарҳо ба издивоҷи дубораи модари бевамондаашон иҷозат бидиҳанд, ангуштшумор аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, занҳое, ки синнашон аз 40-сола болост, аксаран пас аз фавти ҳамсар дубора шавҳар намекунанд.
Ба гуфтаи ҷомеашиносон, занҳо ба хотири нашунидани “таънаву маломат” аз атрофиён ва шарм аз фарзандон худашон низ аз издивоҷ худдорӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, дар сурати хостан низ, занон баръакси мардон пас аз фавти ҳамсарон шавҳари мувофиқи дил пайдо намекунанд.