Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, парвози сарнагуншуда "бонги хатар" аст


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳавопаймои малайзӣ бо мушаки замин-ба-ҳаво аз минтaқаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Русия суқут дода шудааст.

Барак Обама ба хабарнигорон гуфтааст, ин ҳодиса "бонги хатар барои Аврупо ва барои ҷаҳон аст, ки афзоиши кашмакаш дар шарқи Украина оқибатҳое дар пай дорад, ки ин бӯҳрон маҳдуд ба минтақа нахоҳад монд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ки ҷудоихоҳони манотиқи шарқии Украина пайваста аз тарафи Русия бо силоҳ, аз ҷумла мушакҳои зиддиҳавоӣ таъмин мешаванд. Дар паёмаш дар Вашингтон рӯзи 18 июл, президенти ИМА таъкид кард, ки Украина, Русия ва ҷудоихоҳони рӯ-ба Русия бояд оташбаси фавриро би пазиранд ва ба пажӯҳиши байнулмилалии суқути ҳавопаймои малайзӣ мудохила накунанд.

Обама афзуд, “ҳоло чашми ҷаҳон ба шарқи Украина дӯхта шудааст. Мо ҳама коро мекунем, ки ҳақиқат рӯйи об барояд.”

Мақомоти байнулмилалӣ дар оғоз ҳавопаймои 17-и Малайзияро садама номиданд. Ҳоло онҳо мегӯянд, ин ҳавопаймо ба зарби мушаки замин-ба-ҳаво вожгун гаштааст. Киев Русия ва ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав ва Русия украиниҳоро айбдор мекунанд. Далелҳои аввалия ба чӣ гувоҳӣ медиҳанд?

ИН ЧӢ МУШАК БУД ВА АЗ КУҶО ОМАД?

-- Украина ва Русия, зоҳиран, дар як масъала ҳамназаранд. Ин ҳам бошад навъи мушаке, ки барои афтондани ҳавопаймо истифода шудааст. Ҳарду тараф гуфтанд, ин мушаки замин-ба-ҳавои БУК-11 аст, ки ба мошин насб шуда, ҳадафро дар дурии то 28 километр тахриб мекунад. Кулоҳаки ҳар мушак маводи қавии тарканда дорад.

-- Коршиносони низомӣ мегӯянд, дар ин воқеа мушаке истифода нашудааст, ки аз сари китф паронда мешавад. Ба воситаи чунин мушак ҷудоихоҳон дар минтақаҳои Донетск ва Луҳански чанд ҳавопаймои ҳарбии Украинаро сарнагун кардаанд. Аммо бо ин мушак ҳавопаймоҳои тиҷоратии шабеҳи МЛ17, ки дар баландии 10 000 метр парвоз мекунанд, задан номумкин аст. Ин нукта сабаб мешавад, ки коршиносон ба гунаи вижа бар мушаки С-300 ва БУК-11 тамаркуз кунанд.

-- Мушакҳои БУК сохти русӣ буда, дар номгӯйи расмии таслиҳоти нерӯҳои Украина ва Русия шомиланд. Кремлин пойфишорона баҳс кардааст, ки ба ҳеч ваҷҳ ҷудоихоҳонро мусаллаҳ нанамудааст. Аммо матбуоти Русия ҳанӯз рӯзи 28-уми июн хабар дода буд, ки ҷудоихоҳон дар шарқи Украина соҳиби ситемҳои БУК шудаанд.

-- Тақрибан дар ҳамин давра Ҷумҳурии Мардумии Донетски худэълонкардаи ҷудоихоҳон дар шабакаи Твиттер навишт, ки таҷҳизоти партоби БУК дорад. Ин навишта ба дунболи суқути ҳавопаймои ML-17 пок карда шуд.

-- "Украинская правда” аксеро нашр кард, ки рӯзи 17-уми июл гирифта шуда, дар он ҳаракати қатори ҷудоихоҳон, бо шумули мошини дорои мушаки Бук ба посгоҳи марзии Дмитровка дар вилояти Донетск дида мешавад. Ин минтақа таҳти назорати ҷудоихоҳон буда, нерӯҳои Украина ё ҳар нерӯи дигари дорои мушак ба ин ҷо ворид шаду наметавонад.

АГАР ҲАМА МУШАК ДОРАНД, КӢ ОНРО САР ДОДААСТ?

-- Бо вуҷуди он ки нерӯҳои Украина мушаки БУК доранд, азбаски ҷудоихоҳон то ҳол эълом надоштаанд, ки соҳиби ҳавопаймоҳои худанд, далели зоҳирие ба назар намерасад, ки онҳо аз ин мушак истифода мекарда бошанд.

-- Фармондеҳи ҷудоихоҳон Игор Стрелков, ки гумон меравад, афсари хадамоти махсуси Русия аст, бе он ки донад, ҳавопаймои вожгуншуда на украинӣ, балки парвози байнулмилалии мусофиркашонист, масъулияти партоби мушакро бар дӯш гирифт.

-- Соати 5:50 ба вақти Маскав (ҳавопаймо дар ҳамин вақт суқут дода шуд?) Стрелков дар ВКонтакте навишт, “Дар минтақаи Торез мо ҳамин ҳоло ҳавопаймои АН-26-ро суқут додем” (АН-26 – ҳавопаймои боркаши Антонов). “Мо ба онҳо ҳушдор дода будем, ки дар осмони мо парвоз накунанд.” ИТАР-ТАСС ва Взгляд.ру хеле зуд ин навиштаро бознашр карданд, аммо на ба нақл аз Стрелков, балки аз номи як шоҳид. Вақте ки ҳувияти ҳавопаймо маълум шуд, пайнавишт дар ВКонтакте пок гашт ва ҷои он шарҳе пайдо шуд, ки иқтибос аз Стрелков набуда, вай гузориши шоҳидеро такрор карда буд.

-- Мақомоти Украина забти гуфтугӯи телефонии ҷудоихоҳони рӯ-ба-Русия ва афсарони русро дар лаҳзаҳои пас аз суқути ҳавопаймо нашр карданд. Дар яке аз онҳо фармондеҳи ҷудоихоҳон Игор Безлер мегӯяд: “Мо ҳамин ҳоло як ҳавопайморо задем.” Дар дигаре як ҷудоихоҳ мегӯяд, ки “бачаҳои Чернухино” (ишора ба шибҳинизомиёни казак дар деҳаи Чернухино) ҳавопайморо заданд. Вай меафзояд: “Хулоса, лаънатӣ, ин ҳавопаймои мусофирбар будааст.” Вай бо изтироби ошкоро илова мекунад, ки аввалин ҷасадҳоро дидааст ва яке аз онҳо донишҷӯи индонезӣ будааст. Ин далелҳоеро сангинтар мекунад, ки зарба ба ҳавопаймо тасодуфӣ будааст.

-- Дар низое, ки дурӯғ ба кори ҳаррӯза табдил ёфтааст, озмоиш ва рӯшании ниҳоӣ на дар мавриди видео мавҷуд аст ва на дар масъалаи шарҳи Стрелков. Аммо шубҳаи даст доштани ҷудоихоҳон дар вожгун кардани ҳавопаймои мусофирбари малайзиро эълони худи онҳо тақвият медиҳад, ки гуфтаанд, ду рӯз пеш як ҳавопаймои борбари АН-26 ва рӯзи 16-уми июн ҳавопаймои ҷангии СУ-27-и нерӯҳои Украинаро суқут додаанд. Вазорати дифои Украина мегӯяд, яке аз ин ҳавопаймоҳо на бо мушаки дастӣ, балки бо системаи мушакии замин-ба-ҳаво зада шудааст.

Дар паи суқути ҳавопаймо, Киеву Ғарб - Русия, вале Маскав Украинаро гунаҳгор мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

XS
SM
MD
LG