Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаҳои тоҷик: Вақте пул намерасад...


Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, сатҳи даромади воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар хонаводаҳои Тоҷикистон танҳо дар 4 моҳи охир 24 дарсад пойин рафтааст.

Бонки ҷаҳонӣ натоиҷи даври навбатии таҳқиқоти вазъи хонаводаҳои Тоҷикистон аз силсилаи “Listening to Tajikistan” (“Гӯш додан ба Тоҷикистон”)-ро нашр кард. Бино ба ин натиҷаҳо, ки давраи аз моҳи ноябри соли 2015 то марти соли 2016-ро дар бар мегирад, аз моҳи ноябр ба ин сӯ даромади воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 24 дарсад коҳиш ёфтааст, вале аз моҳи январ дар миёни 40 дарсад мардуми аз ҳама ниёзманд як каме рӯ ба боло овардааст.

Гурӯҳи таҳқиқи масоили фақр дар Бонки ҷаҳонӣ аз моҳи майи соли 2015 ба баргузории назарпурсиҳояш дар чорчӯби тарҳи “Гӯш додан ба Тоҷикистон” шурӯъ кардааст. Коршиносони ин ниҳоди молӣ инак як сол боз вазъи зиндагии хонаводаро тавассути сӯҳбатҳои телефонӣ моҳ ба моҳ дар 4 самт – 1)муҳоҷират ва пулҳои интиқолӣ, 2)даромад ва ҷои кор, 3) маҳрумиятҳо ва эҳсоси субъективии пурсишшавандаҳо дар бораи некӯаҳволии моддӣ ва 4) таъмини нирӯи барқ ва об - пайгирӣ ва таҳлил мекунанд.

Натиҷаҳои ахири бадастовардаи ин гурӯҳ нишон медиҳад, ки кам шудани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷироон аз хориҷ, бахусус аз Русияву Қазоқистон ва коҳиши даромад аз корҳои мавсимӣ ва кишоварзӣ дар фасли зимистон боис шудааст, ки сатҳи даромади миёнаи воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра, яъне аз моҳи ноябр то март 24 дарсад пойин биравад. Аммо пажӯҳишгарон мегӯянд, дар поёни таҳқиқот, яъне моҳи март ин пастравӣ як андоза кам шуд.

Мардикорбозор
Мардикорбозор

Шумори сарони хонавода, ки ҷои кор доранд, дар фасли зимистон рӯ ба коҳиш овард, вале аз моҳи январ то март ин раванд самти баракс гирифт ва дар поёни моҳи март 45 дарсади сарони хонаводаҳои пурсишшуда гуфтаанд, ки ҷои кор ва даромад доранд.

Дар айни замон, теъдоди хонаводаҳое, ки аз муҳоҷиронашон пул мегиранд, дар тӯли ин муддат асосан ба далели бозгашти муҳоҷирони корӣ беист кам шуд. Агар хонаводаҳо дар моҳи январ дар ҳар навбат аз муҳоҷирони худ ҳудуди 1100 сомонӣ мегирифтанд, дар моҳи январ ин рақам то ҳадди 775 сомонӣ поён омад. Пулҳои интиқолӣ аз моҳи феврал рӯ ба афзоиш оварданд, вале ҳанӯз на ба ҳадде ки дар моҳи ноябр дида мешуд.

Дар моҳи январ танҳо 53 дарсади хонаводаҳои пурсидашуда гуфтаанд, ки тавони кофӣ барои харидани хӯроквории лозимро доранд. 47 дарсад эътироф кардаанд, ки ин имконро надоранд. Ин пойинтарин сатҳ дар тамоми як соли таҳқиқоти Бонки ҷаҳонист. Дар моҳи март шумори хонаводаҳое, ки тавони молӣ барои харидани ғизоро доранд, ба 61 дарсад ва теъдоди хонаводаҳои ниёзманд ба 39 дарсад расид, ки низ рақами кам нест. Бархе хонаводаҳо ҳатто гуфтаанд, ки ба хотири таъмини ниёзҳои дигари рӯзгори худ маҷбур мешаванд аз хариди хӯрока сарфа кунанд.

Ҳамин тавр, 17 дарсад ё ҳар хонаводаи шашум иқрор кардаанд, ки барои таъмини ниёзҳои асосии рӯзгори худ маҷбур ба фурӯхтани ашёи хона шудаанд. Дар моҳи январ 44 дарсади хонаводаҳо маҷбур ба сарфаи харҷи худ барои табобат шудаанд. Вале Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, дар моҳҳои февралу март шумори чунин хонаводаҳо як каме коҳиш ёфт.

Пажӯҳишгарони Бонки ҷаҳонӣ дар чорчӯби барномаи “Гӯш додан ба Тоҷикистон” аз моҳи майи соли гузашта ибтидо ҳар даҳ рӯз, баъдан ҳар ду ҳафта ва аз моҳи декабр ҳар моҳ назари ин хонаводаҳо дар бораи чигуна тағйир ёфтани вазъи зиндагиашонро мепурсанд. Гуфта мешавад, ин таҳқиқот дар тӯли соли 2016-ум низ идома хоҳад ёфт.

Бонки ҷаҳонӣ ба сурати умум Тоҷикистонро “фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ” ва “дар муқобили мушкилоти иқтисодӣ шадидан осебпазир” номида, гуфтааст, ин кишвар ба далели омилҳое, сар карда аз асароти буҳрони иқтисодии Русия то камбуди мавсимӣ дар амри таъмини нирӯи барқу об ва гармӣ ба хатарҳои ҷиддие дар роҳи таъмини васоили рӯзгор ва некӯаҳволии моддии мардумаш гирифтор мебошад. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистон бо шарофати рушди собити иқтисодаш тавонист сатҳи фақрро дар кишвар аз 37,4 дарсади соли 2012 дар семоҳаи аввали соли 2015 ба ҳадди 31,6 дарсад пойин биорад, вале “дар вазъи пешомада ҳифзи ин натиҷаҳо ва таъмини рушди минбаъда ба як вазифаи хеле мушкилтар табдил мешавад.”

XS
SM
MD
LG