Дар Тоҷикистон арзиши фурӯши обҳои ошомиданӣ боло рафтааст. Тоҷирону истеҳсолкунандагон мегӯянд, дар амри иҷрои қарори нави ҳукумат дар бораи афзоиши андози аксиз ба оби ошомиданӣ дар зарфҳо, қимати оби фурӯшӣ дар зарфҳо то 3 маротиба афзоиш ёфтааст.
Тибқи як қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 9-уми июни соли ҷорӣ, ки матнаш ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, дар баробари маҳсулоти
Фикр мекунам, мушкил ба масоили ғанӣ кардани будҷаи Тоҷикистон марбут аст, на ҳимояи истеҳсолкунандаҳои дохилӣ
дигари аксизӣ, арзиши оби ошомидании газдору бегази истеҳсоли ватанӣ барои ҳар як литр аз нишондоди 0,02 евро то 0,06 евро боло рафт.
Дар Тоҷикистон андози аксиз дар баробари маҳсулоти нафтиву тамокуву машруботи алкоҳолӣ, ба навъҳои мухталифи оби ошомиданӣ ҳам ситонида мешавад. Ин андоз аз соли 2005 вуҷуд дорад. Чунин андоз на дар ҳама кишварҳо ҷорӣ шудааст ва бештар марбут ба маҳсулотест, ки аз гурӯҳи “маводи зараровар ба саломатии инсон” шумурда мешавад.
Болоравии ахири арзиши аксиз ба обҳои ошомиданӣ, бахусус дар гармои сахти тобистон дар Тоҷикистон, тавлидкунандаи мол ва ҳам истеъмолкунандаи онро хушҳол накард. Бархе ин тасмимро аз назари риояи ҳуқуқи истеъмолкунанда зери суол бурда, дигарҳо аз назари пардохтпазирии харидор дар баробари як маҳсулоти серистеъмол ва зарур барои инсон интиқод кардаанд. Феълан ин тасмим бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад.
“Аксиз барои оби ошомиданӣ ғайримантиқӣ аст”
Танҳо дар шаҳри Душанбе 8 корхонаи тавлиди оби ошомиданӣ фаъолият мекунанд. Дар ширкати “Оби Душанбе” аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки қарор аст дар зудтарин фурсат ширкатҳои тавлидкунандаи оби ошомиданӣ бо дархости муштарак аз мақомоти кишвар бозбинии ин қарорро тақозо кунанд. Зеро, дар ғайри ин сурат ҳамаи ширкатҳо шумори зиёди муштариёни худро аз даст медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол раҳбари як ширкати дигари истеҳсолкунандаи об вуҷуди аксиз барои истеҳсоли оби ошомиданиро зери суол бурд.
Шавкат Каримов, раҳбари ширкати “Оби ҳаёт” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳандозии андози аксизӣ барои оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон то ҷое ғайримантиқӣ мебошад, зеро андози аксиз маъмулан ба маҳсулоти зараровар ҷорӣ карда мешавад. Вай афзуд:
“Аз субҳи имрӯз кормандони андоз дар дафтари кории ман нишаста, тақозо доранд, ки нархи обро барои муштариён боло бубарем. Мо ин корро мекунем, вале бештаре аз муштариёнро аз даст медиҳем. Зеро, сокинони Тоҷикистон чандон сарватманд нестанд, ки бо нархи бештар оби ошомиданиро харидорӣ кунанд. Тоҷикистон макони оби тоза аст ва чӣ зарурате буд, ки дар баробари тамоку ва машруботу маводи сӯзишворӣ ба оби ошомиданӣ ҳам андози аксизӣ ҷорӣ карданд? Фикр мекунам, ин иқдоми мақомоти сатҳи поёнӣ аст ва ҳадафи онҳо ғанӣ кардани будҷа мебошад”.
«Қарори нав ба иҷро даромадааст»
Дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон маъмурони андози шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қарори ҳукумат дар бораи афзоиши андози аксизӣ ба ҳукми иҷро даромадааст ва онҳо муваззафанд аз ширкатҳо пардохти ин андозро талаб кунанд. Ширкатҳо ин маблағро танҳо аз роҳи афзоиши нархи маҳсулоти худ ба даст меоранд.
Мушоҳидаҳо аз бозорҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон ҳокӣ аз он буд, ки ҳатто арзиши оби ошомиданӣ дар зарфҳои то 1,5 литра низ ба таври чашмрас боло рафтааст. Дар бозори яклухтфурӯшии “Фаровон” дар шаҳри Душанбе нархи 6 зарфи 1,5-литрии оби ошомиданӣ дар рӯзҳои ахир аз 10 то ба 13 сомонӣ боло рафтааст.
Мардум аз обҳои ватанӣ бештар истеъмол мекунанд
Абдурасул Каримов, фурӯшандаи бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе 13-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол маҳсулоташ бо нархи пештара ба фурӯш гузошта шудааст ва сокинон бештар талош мекунанд обҳои истеҳсоли худи Тоҷикистон харидорӣ кунанд. Ба гуфтаи вай, тӯли солҳои ахир сифати обҳои истеҳсолшудаи дохилӣ бамаротиб беҳтар шудааст.
Содиқ Амонов, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳамарӯза дар ин рӯзҳои гармо то 5 литр об менӯшад ва берун аз манзилаш маъмулан оби ошомиданӣ дар зарфҳоро харидорӣ мекунад. Дар посух ба ин савол, ки дар пайи гарон шудани оби ошомиданӣ чӣ кор мекунад, Содиқ Амонов гуфт:
“Агар оби ошомиданӣ қиммат шуд, пас ночор мешавам ҳамарӯза дар хона обро ҷӯшонида, дар зарф бо худ бигирам. Зеро, бо нархи қиммат харидории оби ошомиданӣ бароям душвор мешавад”.
Гулрӯй Саидова, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе ва модари се фарзанд тӯли се сол аст, ки ҳар ҳафта барои хонаводааш аз ширкати “Оби Душанбе” ду зарфи 20-литрии оби ошомиданӣ мехарад. Ба гуфтаи вай, вазъи иқтисодии хонаводааш имкон медиҳад, ки барои фарзандонаш оби безарар харидорӣ кунад, зеро то ҳол нархи як зарфи об ҳамагӣ 8 сомонӣ буд. Аммо, акнун вазъ дигар шудааст. Хонум Саидова 13-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳафтаи ҷорӣ кормандони ширкати “Оби Душанбе” барояш хабар додаанд, ки арзиши об боло рафтааст. Вай гуфт:
“Ин ҳафта тибқи маъмулӣ бароям ду зарфи об оварданд ва гуфтанд, ки ба далели боло рафтани нархи сӯзишворӣ қиммати як зарф оби 20-литрӣ аз 8 то ба 9 сомонӣ афзоиш ёфт. Аммо огоҳ карданд, ки аз ҳафтаи дигар ин нарх ҳам то се маротиба боло меравад”.
Назар: ҳадаф ғанӣ кардани буҷа аст
Тасмими ҳукумат барои афзоиши андози аксизӣ барои оби ошомиданӣ дар рӯзҳои гарми фасли тобистон баҳсу интиқодҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Бархе мунаққидон ин тасмимро нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда номида, дигарҳо мегӯянд, пардохтпазирии харидор дар Тоҷикистон дар баробарии болоравии тадриҷии нархҳо дар кишвар мушкил мешавад.
Блогнавис Рустам Гулов, ки яке аз мунаққидони тасмим боло бурдани арзиши аксизи оби шишагӣ аст, мегӯяд: "Аксиз ба об аллакай чандин сол аст, ки мавҷуд аст. Он нав нест, балки қиматтар шуд - аз тахминан 20 дирам то 1 сомонӣ барои ҳар як литр. Ҷойи шубҳа нест, ки нархи нӯшокиҳо низ боло меравад. Гап сари ҳуқуқи истеъмолкунандагон он қадар ҳам намеравад, чунки бо сабабҳои асоснок болову поён рафтани маҳсулот ба он рабт надорад.
Аммо гап сари ин аст, ки доим дар бораи дар Тоҷикистон ҷой доштани 60% захираҳои оби нӯшокӣ гап мезанему дар амал бо ҳар роҳ иҷозат намедиҳем, ки мардум бо нархҳои дастрас аз ин неъмати Худодод истифода барад. Баланд бардоштани ин аксиз аз он шояд шаҳодат диҳад, ки дигар роҳҳои пур кардани буҷаи давлатӣ коста шудааст".
Шамсиддин Ҷалолов, мутахассиси пешбари Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон 13-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин иқдоми ҳукумат то ҷое ғайримунтазира мебошад. Вай афзуд:
“Гуфта мешавад, ки қарори афзоиши андози аксизӣ ба хотири ҳимояи тавлидкунандаҳои дохилӣ гирифта шудааст. Аммо чӣ гуна ин қарор метавонад ба ширкатҳои дохилӣ кӯмак кунад, норӯшан аст? Фикр мекунам, мушкил ба масоили ғанӣ кардани будҷаи Тоҷикистон марбут аст, на ҳимояи истеҳсолкунандаҳои дохилӣ.”
Ширкатҳои тавлидкунандаи оби ошомиданӣ маъмулан обро аз қубурҳои обрасонии шаҳрӣ гирифта, онро тоза ва ба зарфҳо тақсим мекунанд. Барои аҳолӣ ҳар як метри кубии об дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳудуди 1 сомонӣ муқаррар шудааст ва мақомот пофишорӣ мекунанд, ки чунин арзиш дар ҷаҳон яке аз пасттарин мебошад. Феълан дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон дар ҳар хонаи истиқоматӣ ҳисобкунакҳои обӣ насб шуда, сокинон танҳо барои миқдори оби масрафшуда маблағ пардохт мекунанд. Бо ин вуҷуд, шикоят аз паст будани сифати оби нӯшиданӣ кам нест.
Бо назардошти ин вазъ, онҳое, ки имкон доранд, барои истеъмол обро аз ширкатҳои тавлидкунанда харидорӣ мекунанд. Инчунин, бо болоравии ҳарорати ҳаво, мизони фурӯши обҳои таҳияшуда дар зарфҳои пластикӣ ҳам боло рафта об яке аз серистеъмолтарин маҳсулоти фурӯшӣ ба шумор меравад.