Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зиндагӣ беш аз ҳама аз чӣ метарсед? (ВИДЕО)


Аз чӣ метарсед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Аз чӣ метарсед?

Пурсиши сарироҳӣ дар яке аз хиёбонҳои Душанбе: Шумо дар зиндагӣ беш аз ҳама аз чӣ метарсед? Ҷавоби раҳгузарон ҳайратовар буд ва ҳам як чистонеро пеш гузошт. Посухи онро медонед?

Ҳар одам аз чизе метарсад. Тарс як ҳисси зотист ва қатъи назар аз нажоду қавм ё мансубиятҳои сиёсию иҷтимоӣ ба ҳамаи инсонҳои рӯйи ҷаҳон яксон хос аст. Одамон дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон хурсандию хушбахтиро мехоҳанд ва ҳамин гуна аз бадию нокомиҳо метарсанд.

Вале тарс чандин навъу намуд дорад. Нависандаи машҳури эронӣ Ғуломҳусайни Соидӣ дар новеллаи "Тарс"-и худ 32 намуди ҳароси навъи башарро таҳлил кардааст. Ҷаҳони муосир низ навъҳои мухталифи тарсро муаррафӣ мекунад. Агар дар Ғарб инсонҳо бештар аз таркиш, тирандозӣ ё ҳамлаи террористӣ дар қаҳвахонае, ки нишастаанд, тарсанд ва ё аз ногаҳон поён афтодани шохиси бозори бурс, дар Шарқ дигар анвои тарс маъмул мешаванд.

Аз сӯе ҳам ҳар қишри аҳолӣ тарсҳои хоси худро дорад: Тоҷирон аз бадаҳдии коршарики худ ё тафтиши ногаҳонии мақомот метарсанд, мансабдорон аз хашми мансабдорои болотар, раҳбарони аз он ҳам болотар аз он ки касе ба хӯрокашон заҳр хоҳад омехт, донишҷӯён аз насупурдани имтиҳон, беморон аз ҷарроҳӣ ва ғайра. Одамоне ҳастанд, ки аз хонаи торик метарсанд ва ҳам шахсоне, ки аз микробу тортанакҳо...

Дар як пурсиши сарироҳӣ хостем, аз раҳгузарони кӯчаҳои Душанбе пурсем, ки оё дар ҳамин давраи зиндагии худ бузургтарин тарси онҳо чист? Посухҳо ҳамон гуна ки интизор мерафт, рангоранг буданд. Яке аз марги муфоҷо метарсидааст ва дигаре аз танҳоиву ҷудоӣ. Ҷолиб аст, ки се нафар ба тарси худ номҳои гуногун гузоштаанд, дар ҳоле ки ҳарсе аз як чиз метарсидаанд. Лутфан, ин наворро тамошо кунед ва бинависед, ки як тарс бо се ном дар он кадом аст. Ҳамчунин ихтиёр доред, ки низ ба пурсиши мо посух диҳед: Дар зиндагӣ зиёдтар аз ҳама аз чӣ метарсед? Гӯшаи шарҳҳо интизори паёмҳои Шумост. Фақат рости гапро нависед, ки бештар аз чӣ метарсед?

Аз чӣ метарсед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

XS
SM
MD
LG