Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол дар терминали Восеъ барои чист? ВИДЕО


Ба макони дигар кӯч додани мусофирбару таксиҳо аз терминали ноҳияи Восеъ сабаби норизоиятии ронандагон ва мусофирон шудааст.

  • Чанд рӯз аст, ки мусофирон наметавонанд аз терминали марказии ноҳияи Восеъ сафар кунанд. Ҳукумати маҳаллӣ бо судури як қарор аз 5-уми сентябр фаъолияти ин терминалро “манъ кардааст”.
Ба ҷои чаҳор сомонии пешина ҳашт сомонӣ харҷ мешавад. Агар вазъият ин хел идома кунад, аз бори бурдаву мефурӯхтаамон чӣ фоида мегирем?

Бобоҷон Гулов, муовини раиси терминали марказии ноҳияи Восеъ, рӯзи 8-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як далели мақомот барои ба макони дигар бурдани истгоҳи мусофирбару таксиҳо гӯё ба талабот ҷавобгӯ набуданаш аст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, мақомот қаблан терминали онҳоро аз назар гузаронда ва барои фаъолият иҷозатнома додаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷанҷол дар терминали Восеъ барои чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

"Саиди Абдуҷаббор" нашуд", навбати "Султони Кабир"?

Терминали марказии ноҳияи Восеъ ба ҷамъияти “Саиди Абдуҷаббор” тааллуқ дошта, аз онҷо ба понздаҳ самт мусофирбарҳо ҳаракат мекунанд. Ҳукумати маҳаллӣ гуфтааст, ҷамъият бояд ҳолати санитариву гигиенӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва шароити мусофиркаширо хубтар кунад. Масъулони терминалро ин мавқеи ҳукумат ҳайрон кардааст ва даъво доранд, ки ҳолати терминал аз ҷониби идораҳои дахлдор доим тафтиш мешуд ва эроде ба онҳо надоштанд.

Ҳоло маъмурони милиса мусофирбарҳоро аз ҳудуди терминали марказии ба наздикии бозори навтаъсиси “Султони Кабир” меронанд. Яке аз ронандагон гуфт, аз замони ба инҷо кӯчондани истгоҳи мусофирбарҳо кораш чандон барор надорад.

"Мо ҳам зиндагӣ дорем"

“Рости гап, як Тангем дорам ва тавассути он одам мекашонам. Мо ҳам зану фарзанд дорем, зиндагӣ дорем. Ба инҷо оварданд, бозор нав аст ва одам нест. Дар онҷо бозори калон буд ва одамон барои харид меомаданд ва ҳар рӯз чанд муштарӣ доштам”, - шиква кард ӯ.

Дар назди терминали марказии Восеъ бозоре вуҷуд дорад, ки сокинон аз онҷо чизҳои заруриро мехаранд. Ба қавли мусофирон, ҳамшафатии бозору терминал кори онҳоро осон мекард. Ҳамрохон, як сокини деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, барои дӯконаш аз бозори назди терминал бор мехарид. Ӯ мегӯяд, ҳоло терминал холӣ аст ва мошине намеёбад, ки борро то дӯконаш расонад.

"Роҳкиро ба ҷои 4 сомонӣ 8 сомонӣ шуд"

“Аз ин терминал то ба деҳаи Кадучӣ роҳкиро чаҳор сомонӣ буд. Ҳоло маҷбур ҳастем, ки аввал то назди истгоҳи нав дар бозори “Султони Кабир” равем ва сипас аз онҷо ба мусофирбар шинем. Ба ҷои чаҳор сомонии пешина ҳашт сомонӣ харҷ мешавад. Агар вазъият ин хел идома кунад, мо аз бори бурдаву мефурӯхтаамон чӣ фоида мегирем?” – суол гузошт ӯ.

Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ шарҳ доданд, ки қатъи фаъолияти терминали марказӣ муваққатист ва баъди ислоҳи камбудҳо дубора иҷозаи кор дода хоҳад шуд.

Сарсонии мардум дар баҳси байни ҳукумат ва ширкат

Ҳукумати ноҳияи Восеъ аз ширкати “Саиди Абдуҷаббор” хостааст, ки нуқтаҳои фурӯшро аз ҳудуди терминал бароварда, истгоҳи мусофирбарҳоро ба талабот ҷавобгӯ кунад. Ва аз ронандаҳо тақозо шудааст, ки истгоҳи худро ба назди бозори навтаъсиси “Султони Кабир” интиқол диҳанд.

Дар ҳоле ки баҳси ширкату ҳукумат барои ҷойгоҳи терминал идома дорад, мусофирон сарсону саргардонанд. Онҳо мехоҳанд, овозашон шунида шавад.

XS
SM
MD
LG