Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Комбинати металлургии тоҷик ба таҳқиқи Радиои Озодӣ


Кони манги мармар дар ноҳияи Ванҷ
Кони манги мармар дар ноҳияи Ванҷ

Комбинати металлургии тоҷик ба як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи кони санги мармар дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вокуниш кард. Матлаби “Комбинат чӣ гуна кони мармари Хрусталро ба даст овард?” рӯзи 30-юми октябри соли 2024 нашр шуд.

Дар он мақола соҳибкори чинӣ, Ху Сюдун, иддао дошт, ки мақомоти Тоҷикистон иҷозатномаи ӯро бекор кардаанд, то Комбинати металлургии тоҷик, ки ӯ ширкати вобаста ба "Фароз" медонад, макони истихроҷи санги босифати мармарро соҳиб шавад.

А. Ватанов, раиси Комбинати металлургии тоҷик, рӯзи 5-уми ноябр дар номае ба Радиои Озодӣ иддаои Ху Сюдунро “беасос” номид.

Ӯ навиштааст: “Ҷамъияти мо ҳанӯз аз соли 2019 корҳои омӯзишӣ гузаронида, баъдан иҷозати истихроҷи кони санги босифатро санаи 7-уми октябри соли 2021 ба даст овард. Ин кони алоҳида буда, ба конҳои “Хрустал” ва шаҳрванди чинӣ ягон алоқамандӣ надорад. Тибқи маълумоти дастрасшуда, муҳлати иҷозатномаи кони мармари “Хрустал” моҳи июли соли 2024 ба анҷом расидааст.”

Ширкати "Хрустал" муҷаввиз ё парвонаи корро соли 2014 дарёфт карда, ба иддаои моликаш, то имрӯз барои зербино ва истихроҷи мармар наздик ба 7 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

А. Ватанов дар номааш ба иддаои соҳибкори чинӣ, ки мегӯяд, ҳоло майдони омодакардаи ширкати ӯро Комбинати металлургии тоҷик соҳиб шудааст, посух надода. Ҳамчнин ӯ ҷавоб надодааст, ки онҳо сангро ба Чин содирот мекунанд ё не. Додгоҳ иҷозатномаи ширкати "Хрустал"-ро барои он бекор кардааст, ки санги мармари коркарднашударо ба хориҷи кишвар содирот намудааст.

Бархилофи ин, Ватанов дар номааш гуфтааст: “Маълумоте, ки дар мақола нашр гардидаанд, нодуруст ва яктарафа буда, маҳсули бофтаҳо, гумону тахминҳо ва ваҷҳҳои бардурӯғи Ху Сюдун, роҳбари “Хрустал” мебошанд. Дар мақола ин маротиба низ мавқеъ ва назари Ҷамъияти мо пурра инъикос наёфта, ҳолатҳои аслии кор ба эътибор гирифта нашудаанд.”

Радиои Озодӣ барои овардани мавқеи Комбинати металлургии тоҷик дар рӯзҳои 24 ва 25-уми октябри имсол се дафъа ба ширкат нома фиристод. Дар он ҷо бо баҳонаҳои гуногун аз қабули нома ва посух додан ба суолҳо худдорӣ карданд.

Раиси Комбинати металлургии тоҷик дар нома гуё ширкати вобаста ба “Фароз” будани идораи зери раҳбарияшро низ рад кардааст. Вай мегӯяд, “Комбинати металлургии тоҷик шахси ҳуқуқии алоҳида ва мустақил буда, ба ҶСП “Фароз” ягон алоқамандӣ ва вобастагӣ надорад. Тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисии он “Фароз” иштирокчӣ ё муаассиси он ба ҳисоб намеравад.”

Мувофиқи Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, муассиси Комбинати металлургии тоҷик ширкати "Фароз" навишта шудааст. Тибқи ин санад, "Комбинат"-ро соли 2015 дар Кумитаи андоз номнавис кардаанд. Илова бар ин, Додгоҳи иқтисодии ВМКБ низ дар ҳалномааш ин ширкатро ба ҶСП "Фароз" марбут медонад.

Баҳси Ху Сюдун ба долонҳои ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Чин дар Душанбе кашида шудааст. Сарвазири Тоҷикистон супориш додааст, ки қазияро баррасӣ кунанд. Ба ҷуз Вазорати саноат ва Додситонии кулли Тоҷикистон вазорату кумитаҳои дигари хулоса додаанд, ки қазияи ширкати “Хрустал” агар мусбат ҳал шавад, ба нафъи идомаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аст.

Истихроҷи маъдан як бахши асосии иқтисоди Тоҷикистон аст ва ин бахши муҳим аксаран дар дасти ширкатҳои чинист. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар моҳи июл нишон дод, ки ширкатҳои чинӣ аз ҳимоят ва имтиёзҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон баҳраваранд, вале муҳити зистро олуда мекунанд ва хашми сокинони маҳаллиро ба миён меоранд. Илова ба ин, пойбандии буҷаи баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба корхонаҳои чинӣ афзуда, баъд аз рафтани гурӯҳе аз коргарон вазъи молии камаш ду ноҳияро дар Суғд бад кардаанд.

XS
SM
MD
LG