Ду раҳбар дар бораи ҷанг дар Сурия ва ҳам роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Туркияву Русия сӯҳбат кардаанд, ки муносиботашон бинобар ихтилофи назар дар бораи бӯҳрони Сурия латма дидааст.
Моҳи октябр Туркия як ҳавопаймои Сурияро, ки аз Русия бархоста буд, дар қаламраваш фуруд овард ва гуфт, ки дар он ҳавопаймо барои Сурия таҷҳизоти низомии русӣ мебурданд. Давлати Туркия ошкоро хостааст, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва яке шарикони деринаи Маскавро аз ҳукумат барканор кунанд.
Аммо Русия мегӯяд, мухолифи ҳаргуна дахолати хориҷӣ ба муноқишаи Сурия аст.
Владимир Путин дар нишасти хабарии муштарак бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, дахолати кишварҳои ғарбӣ ба “Баҳори Араб”, паёмадҳои ғайриқобили пешбинӣ доштааст: “Мо намехоҳем, иштибоҳоте, ки ҳамин чанде пеш карданд, такрор шавад. Ҳимояти фаъолонаи ҷомеаи Ғарб аз шӯришиёни Либияро ба ёд биёред. Кӣ тассавур мекард, ки ҳамон афроде, ки аз тарафи Ғарб ҳимоят мешуданд, вазъро то фоҷиаи қатли сафири Амрико бирасонанд. “
Владимир Путин ҳамчунин дар бораи нерӯгоҳи барқи атомии Акую суҳбат кард, ки ширкати “Росатом” дар Туркия месозад. Ӯ гуфт, кишвараш омодаи сармоягузории бузург дар ин нерӯгоҳ аст, ки тарҳи судманде барои Туркия хоҳад буд: “Алоҳида дар бораи тарҳи муштараки нахустин нерӯгоҳи барқи атомии Акую дар Туркия суҳбат мекунам, ки тарҳи бисёр бузургу судманде хоҳад шуд. Сармоягузорӣ ба он ҳам бисёр бузург аст ва 20 миллиард доллар, ки ҳамааш аз ҳисоби мо мешавад. На камтар аз 25 дар сади ин маблағ барои бунёди ҷойҳои корӣ дар Туркия харҷ хоҳад шуд."
Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин ҳамчунин дар бораи содироти гази табии бештар аз тариқи лӯлаи Маҷрои Кабуд ба Туркия суҳбат карданд. Туркия соли 2011 аз Русия 26 миллиард метри мукааб гази табиӣ харидааст ва 16 миллиард метри мукааби он аз тариқи ҳамин лӯла расидааст.
Александр Новак, вазири энержии Русия гуфт, Туркия хостори воридоти 3 миллиард метри мукааби дигар газ аст ва онҳо шеваҳои интиқоли ин миқдорро баррасӣ доранд, ки ё аз роҳи афзудани қудрати Маҷрои Кабуд онро ба Туркия бирасонанд, ё аз тариқи лӯлаи Маҷрои Ҷанубӣ. Бунёди лӯлаи дуввум ҳафтаҳои наздик шурӯъ мешавад ва соли 2015 ба поён мерасад.
Владимир Путин тайи ду моҳи ахир бори аввал аст, ки ба хориҷ сафар мекунад, чун гуфта мешуд, ки ӯ гирифтори камардарди сахте шудааст. Агарчӣ мақомоти Русия ин гуфтаҳоро рад кардаанд, аммо ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҳаракатҳои Путин эҳтиёткорӣ ва аломатҳои камардард мушоҳида мешуд.