Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вишневский: Марги Умаралӣ беэҳтиётӣ не, қатл аст


Борис Вишневский
Борис Вишневский

Як вакили Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург аз додситони ин шаҳр талаб карда, ки қазияи марги Умаралии панҷмоҳаро мунсифона баррасӣ намуда, ба номаълумиҳо дар ин баҳс рӯшанӣ андозад.

Борис Вишневский, вакили Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург, аз додситони ин шаҳр -- Сергей Литвиненко тақозо кардааст, ки ба қазияи марги Умаралӣ Назаров расидагӣ кунад. Ин тифли панҷмоҳаи тоҷик 14 октябр, ҳамагӣ баъд аз як рӯзи боздошти модараш Зарина Юнусова ба иттиҳоми нақзи қоидаҳои будубош дар Санкт-Петербург ҷон додааст.

Вишневский дар номаи худ ба додситони Санкт-Петербург мегӯяд, дар қазияи марги Умаралӣ Назаров норӯшаниҳо зиёданд ва бояд ба чанд савол посух гуфта шавад. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, "маълум нест, ки чаро тифл зуд ба дасти табибон дода нашудааст? Барои чӣ Умаралӣ ҳамроҳи модараш дар бемористон бистарӣ карда нашудааст, агар вазъаш бад буд? Чаро ба модарбузургаш иҷоза дода нашудааст, то ӯро ҳамроҳӣ кунад, дар ҳоле ки ҳамон вақт ӯ дар шӯъбаи пулис қарор доштааст? Барои чӣ замони баргузории қазияи модари Умаралӣ дар додгоҳ ба вақти дигар гузошта нашудааст? Чӣ гуна як тифли сиҳат дар бемористон ҷон додааст?"

Ин вакили Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург мегӯяд, то ҷое мушоҳида дорад, ҳоло мақомоти шаҳраш талош доранд, ки як қисми гуноҳро ба гардани волидони кӯдак бор кунанд. Борис Вишневский дар номаи худ ба додситонӣ гуфтааст, шахсан ин парвандаро зери назорати худ гирифта, ба гунаҳкорон ҷазои сазовор бидиҳад.

Умаралӣ Назаров
Умаралӣ Назаров

Дар ҳоле ки дар робита ба марги Умаралии панҷмоҳа аз рӯи моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан” парванда боз шудааст, Вишневский тақозо дорад, ба ин парванда моддаи 111, яъне “қасдан расондани зарар” илова шавад, ки даҳ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. "Ин "беэҳтиётӣ" не, ин қатл аст," -- таъкид кардааст ӯ.

Рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи wонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда ва падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст.

Меҳринисо Назарова, бибии Умаралӣ, баъдан ба телевизонҳои Русия гуфт, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда, аммо пулис ширро ба кӯдак надодааст. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис мебарад, вале ӯро нагузоштаfнд, ки набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.

Хабари марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик сару садоҳоеро дар ҷомеа ба миён овард. Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Павел Астахов, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар дар ин замина ба Вазорати умури дохила, хадамоти муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Додситони кулли ин кишвар нома ирсол карданд. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 22 октябр барои нахустин бор мавқеи худро дар робита ба марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа баён кард.

Ӯ гуфт, Вазорати корҳои хориҷӣ тафтиши ин қазияро зери назорати ҷиддӣ худ қарор додааст ва ҳамчунин ниҳодҳое, ки бевосита барои рух додани ин ҳодиса сабабгор шудаанд, аз ҷумла Хадамоти федеролии Русия, Вазорати корҳои дохилӣ ва тандурустӣ ба тафтишоти дохилии худ шурӯъ намудаанд.

Ҳафтаи ҷорӣ аксар нашрияҳои мустақили Тоҷикистон як саҳифаи хуро бо ранги сиёҳ нашр карда, эътирозашон дар робита ба марги Умаралиро баён доштанд. Онҳо мегӯянд, қазияи Умаралӣ аз "беэҳтиётӣ" фаротар аст ва бинобар ин, омилони маргаш муҷозот бишаванд. Омбудсмени Тоҷикистон барои ёрии ҳуқуқӣ ба волидони Умаралӣ изҳори омодагӣ карда, Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати кишвар дар Маскав низ гуфтаанд, қазияро пайгирӣ доранд.

XS
SM
MD
LG