Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони маҳбус. Бе хушунат ва бадрафторӣ (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои 25-27 май дар Душанбе давраҳои омӯзишии решакан кардани бадрафторӣ бо кӯдакон дар муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ баргузор мешавад, ки дар он кормандони маҳбасу боздоштгоҳҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои пӯшида ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Бо мақсади беҳтар кардани муносибат бо ноболиғон ва шароити нигаҳдории онҳо дар боздоштгоҳҳо ин давраи омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои пӯшида ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тадриҷан аз байн бурдани хушунат нисбати кӯдакон дар муассисаҳои ислоҳӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Дар ин давраи омӯзишӣ ҳамчунин ноиби президенти Кумитаи ҳуқуқи кӯдакони СММ, мутахассисони ин соҳа аз Сербия ва Қирғизистон ва ҳамчунин Тоҷикистон ба сифати коршиносон ширкат меварзанд.

Дар изҳороти созмондиҳандагони давраҳои омӯшзишӣ гуфта мешавад: "Ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона аҳамияти хос дорад. Зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ, на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва расидан ба ҳадаф дар зиндагӣ мешавад. Ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур монда, ба қайд гирифта намешаванд."

Пажӯҳиш оид ба зӯроварӣ, ки онро СММ дар соли 2006 гузаронида буд, исбот кардааст, ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта назар ба тамоми кӯдакони дигар амалан бештар дучори хавфи зӯроварӣ мешаванд. Мониторинги муштараки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон додааст, ки густураи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон хеле зиёд аст.

Ҳоло дар маҳбасҳои 3 кишвари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон Қазоқистон ва Қирғизистон ҳудуди 30 ҳазор кӯдаку наврас адои ҷазо мекунанд. Ба гуфтаи масъулони Созмони байналмиллаии ислоҳоти маҳбасҳо дар ин кишварҳо ба маҳбусони наврас бадрафторӣ раво дида мешавад, ки мояи нигаронии созмонҳои ҳуқуқи инсон шудааст.

Арзёбии ҷилавгирӣ аз хушунат дар муқобили наврасони маҳбус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Азамат Шамбилов, намояндаи Созмони ислоҳоти маҳбасҳо гуфт, ки “Шиканҷа дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ, бо шумули муассисаи махсуси кӯдакон адар шакли озори ҷинсиву шаҳвонӣ ва суханони қабеҳ вуҷуд дорад.”

Мушкилии дигаре, ки ба гуфтаи ҷаноби Шамбилов дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон ҷой дорад, ин мутобиқ набудани шароитаи муассисаҳои пӯшида ба талаботи рӯз аст. Яъне аз даврони Шуравӣ боқи мондани биноҳои ингуна муассисаҳо боиси он гардидааст, ки талаботи паймонҳои байналмилалӣ иҷро намешаванд.

Бо баргузор кардани як давраи омузишӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва муасисаҳои пушида, масъулолни ин созмонҳо умедворанд, ки вазъ дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон ва муносибат бо ноболиғон беҳбуд меёбад.

Дар як назарсанҷие, ки Созмони байналмиллаии ислоҳоти маҳбасҳо миёни ноболиғон дар боздоштгоҳу маҳбасҳо гузарондаанд, маълум шудааст, ки беш аз нисфи онҳо дучори шиканҷа, аз ҷумла озори ҷисмонӣ шудаанд. Ба саволи онки чи беҳбудие дар боздоштгоҳ ё маҳбасҳо мехоҳанд ба миён ояд, ноболиғони дар маҳбасбуда гуфтаанд, шароити муассисаҳои ислоҳӣ хуб шавад, ба онҳо шароити машғул шудан ба варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ муҳайё карда шавад.​ Намояндагони созмони ислоҳоти маҳбасҳо мегӯянд, ба ғайр аз ин дастрасӣ ба хӯроки солим яке дигар аз камбудиҳои чунин муассисаҳо боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG