Ширкати Google дар аёлати Калифорнияи Амрико ба хабарнигорон мошинеро муаррифӣ кард, ки ба ронанда ниёз надорад. Ин мошин ду курсии нишаст дорад, вале чанбари фармон ва ронанда надорад.
Ин мошин ҳанӯз дар фурӯш нест, вале масъулони ширкат изҳори умед кардаанд, ки алакай соли оянда 1000 адад аз чунин мошинҳоро барои озмоиш дар ҷодаҳо сар хоҳанд дод.
Мошинҳои беронандаи Google ҳанӯз суръати баланд надоранд ва дар як соат 25 мил, ё камтар аз 40 километр роҳро тай мекунанд.
Сохтани мошини беронанда қадами дигаре барои ширкати Google, ки то кунун ҳамчунин бузургтарин ҷӯяндаи интернетӣ маъруф буд. Google то кунун мошинҳои бо навтарин фанновариҳо муҷаҳҳази Lexus SUV ва Toyota Priuse -ро дар ҷодаҳои Калифорния сар дода буд, ки бо фанновариҳои "хеле амн"-и худ алакай ҳазорон километрро тай задаанд.