Масъулини мактаби миёнаи 44-уми пойтахт мегӯянд, ки чеҳраҳои дар навори видеоии ҷанҷолбарангез сабтшуда барои онҳо ноошност ва ин навор ба муҳассилони ин мактаб ҳеҷ иртибот надоранд.
Дар номае, ки аз ин мактаб ба дафтари радиои Озодӣ ирсол шуд, омадааст, ки навори видеоии ҷанҷолбарангези равобити маҳрамонаи мактабиён, ки дар борааш дар сайти интернетии Озодӣ иттилоъ дода шуд, аслан ба хонандагони ин мактаб иртибот надорад. Дар ин нома, ки зери он 46 нафар омӯзгорони мактаби мазкур имзо гузоштаанд, омадааст:
«Пас аз муоинаи наворҳо муайян гардид, ки наворҳои сабтгардида на ба хонандагони мактабу сокинони маҳалла ва на ба хоҷатхонаи мактаби № 44 тааллуқ надорад ва нисбат додани ин амалҳои номатлуби бӯҳтонангез тӯҳмати маҳз мебошад ва асоси воқеӣ надоранд.»
Ин матлаб дар мавриди як навори 21-дақиқагие буд, ки дар телефонҳои ҳамроҳи наврасон чарх мезанад ва дар он ду ҷавон бо муносибати маҳрамона машғуланд, ки гӯё дар ҳоҷатхонаи мактаби рақами № 44-и шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст.
Нашри ин матлаб омӯзгорон ва хонандагони ин мактабро дар ҳолати бади равонӣ қарор додааст ва онҳо худро таҳқиршуда эҳсос кардаанд. Сафаралӣ Нуруллоев, роҳбари ин мактаб дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Нашри ин матлаб боиси он мешавад, ки волидайн пас аз хатми синфи 9 монеи идомаи таҳсили духтаронашон мешаванд.»
Маъмурияти Радиои Озодӣ аз ҳайати омӯзгорон ва кормандони мактаби миёнаи рақами № 44 барои иштибоҳе, ки дар нисбат додани ин видео ба мактаби мазкур сурат гирифтааст, узр мепурсад.
Зимнан, Радиои Озодӣ, ки дар гузашта бо раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва муассисаҳои зертобеи он равобити хубе дошт, дар оянда низ ҳамкории созандаро ба роҳ хоҳад монд. Ҳамчунин Озодӣ умедвор аст, ки нашри ин матлаб ба ҳамкориҳои судманди ин радио бо раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва куллияи муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ латма нахоҳад зад.