Поин рафтани нархи сабзавоти тару тоза дар аввали фасли баҳор аксар сокинонеро хушҳол кардааст, ки солҳои гузашта то фасли тобистон помидору бодиринги консервашуда истеъмол мекарданд. Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон як килограм помидор аз 5 то 10 сомонӣ арзиш дорад, ки як соли пеш дар ин мавсим аз 20 то 25 сомонӣ нарх дошт.
Ҳоло дар баробари маҳсулоти гармхонаҳои маҳаллии кишвар ҳамзамон бодирингу помидори покистонӣ ва қирғизӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст, ки қимати он каме болотар аз маҳсулоти дохилӣ аст.
Хонаводаи ҳаштнафараи Муборак Каримова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе ба фарқ аз солҳои қабл имсол дар фасли зимистон помидору бодиринги тару тозаро истеъмол кардаанд. Маъмулан хонаводаи Муборак дар ин шабурӯз аз помидору бодиринги консервашуда, ки тобистону захира мекард, истифода менамуданд.
Чун ба гуфтаи ӯ, тавонаш ба харидани ин нави сабзаҷот дар замистону баҳор намерасад. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки моҳонааш аз 800 сомонӣ бештар нест, гуфт, дар солҳои гузашта наметавонист як килограм помидорро бо қимати аз 18 то 25 сомонӣ харидорӣ кунад.
Вай мегӯяд, "ман ёд надорам, ки дар моҳи март помидор харида бошам, ҳоло фасли зимистон яктараф. Чунки қимат буд. Помидору бодирингро бештар афроде мехариданд, ки мисли мо маоши кам намегирифтанд. Лекин имсол нархи ин сабзавотҳо як ё якуним маротиба арзон шуд. Шумо дар бозор помидори 5 сомониро ҳам мебинед. Соли гузашта кай дар моҳи февралу март инхел нарх дошт?"
Хушҳолии Муборак ва даҳҳо харидори миёнаҳол аз поинравии қимати сабзавоти тару тоза дар ҳолест, ки нархи як килограм помидор дар бозорҳои пойтахт аз 5 то 10 сомонӣ арзиш дорад. Фурӯшандаҳо мегӯянд, бо афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ, аз ҷумла маҳсулоти гармхонаӣ, онҳо ҳам омодаанд нархро арзон кунанд.
Зулхумор Отаева, тоҷири бозори умдафурӯшии “Деҳқон”-и Душанбе , ки ҳаҷми ин теъдод маҳсулоти гармхонаӣ дар онҷо ба маротиб бештар гуфт, "имсол 8-10 сомонӣ мефурӯшем, 7 сомонӣ ҳам мефурӯшем, чанд рӯзи пеш 5 сомонӣ фурӯхтем. Соли гузашта дар ҳамин вақт 20 сомонӣ буд, фурӯшандаҳо 25-сомонӣ ҳам фурӯхтанд."
Мақомот мегӯянд, замини кишти гармхонаӣ дар Тоҷикистон дар як соли гузашта ҳудуди 10 гектар афзуда ва ҳаҷми умумии он ба 75 гектар расидааст. Маъмулан бодирингу помидори гармхонаии маҳаллӣ дар бозорҳо феълан аз ноҳияи Ёвону Рудакӣ ва минтақаи Қӯрғонтеппа ворид мешавад. Ҳалимҷон Солиев, кишоварз аз ноҳияи Рӯдакӣ 8 соли ахир помидор ва бодиринги гармхонаӣ парвариш мекунад. Ибтидо 50 сотих гармхона дошт ва ҳоло ба якуним гектар расидааст.
Барои парвариш дар ин қитъи замин Солиев дар сол ҳудуди 135 ҳазор доллар харҷ мекунад ва аз 45 то 60 тонна ҳосил ба даст меорад. Ин кишоварз гуфт, "соли гузашта дар аввал 15 сомонӣ (умда) ва дар охир 3 сомонӣ фурӯхтем. Мо дар баробари ин, ки аз ин кор тамоми узви хонаводаамонро бо кор ҷалб мекунем, Боз 20 нафари дигар ҳам инҷо кор мекунанд, ки аз 1000 то 1700 сомонӣ маош мегиранд".
Ҳоло дар баробари маҳсулоти гармхонаҳои маҳаллии кишвар ҳамзамон бодирингу помидори покистонӣ ва қирғизӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст, ки қимати он каме болотар аз маҳсулоти дохилӣ аст. Бар асоси омори вазорати кишоварзӣ, то рӯзӣ 2-юми марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 411 маҳсулоти гармхонаӣ, аз ҷумла 185 тонна помидор, 81 тонна бодиринг ва 146 тонна сабзавот ҷамъоварӣ ва вориди бозорҳои дохилӣ шудааст.