Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик мақсад доранд дар Олимпиадаи Порис-2024 медал бигиранд


Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис  баргузор мешаванд, беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвар барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуди варзиш мубориза    хоҳанд бурд.

Дар ҳамин ҳол варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 чаҳор роҳхат гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс ва яктоаш ба таеквондо марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар риштаи бокс дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.

Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.

“Мақсади мо дар Олимпиадаи Париж гирифтани медал аст. Кӯшиш мекунем, ки ба ин орзуи деринаи худ бирасем”, - иброз дошт Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик.

Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, дар вазни беш аз 67 кило соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид. Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад.

Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони тоҷик боз дар риштаи ҷудо соҳиби роҳхатҳо хоҳанд шуд, ҳамчунин дар намудҳои бокс ва гуштии озод низ барои дарёфти литсензия талош меварзанд.

“Ба ғайр аз ин, се варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 дар ду намуд аз рӯи квота иштирок хоҳанд кард: шиноварӣ (як мард ва як зан), варзиши сабук (як нафар)”, - гуфт Муҳаммадшо Абдуллозода.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳоло мунтахаби Қазоқистон 46 роҳхат дорад, ки ба 12 намуди варзиш мутааллиқ аст, аз он ҷумла бокс, тарандозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, велошоссе, панҷҳарбаи муосир, таеквондо, гуштии озод ва ғайра.

Мунтахаби Узбекистон дар ҳамин ҳол 38 роҳхат гирифтааст, ки ба камонварӣ, варзиши сабук, бокс, велосипедронӣ, ҷаҳиш ба об, шамшерзанӣ, гимнастика, гуштии варзишӣ, панҷҳарбаи муосир, таэквондо, футбол ва ғайра мансуб аст.

Мунтахаби Қирғизистон то ҳоло 9 роҳхат гирифтааст. Қирғизҳо мақсад доранд, ки дар 12 риштаи варзиш мубориза бурда, шумораи роҳхатҳоро афзун намоянд.

Мунтахаби Туркманистон дар айни замон танҳо як роҳхати олимпӣ гирифтааст, ки дар риштаи вазнабардорӣ мебошад. Туркманҳо азм доранд, ки то Олимпиадаи Порис-2024 боз роҳхатҳо ба даст биёранд.

Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008 дар Пекин аввалин бор соҳиби ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов дар гуштии озод дар вазни то 84 кило соҳиб шуд.

Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов.
Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов.

Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило ба даст овард, ки ин аввалин медали мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2012 дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 78,68 метр медали тилло ба даст овард.

Дар Олимпиадпи Токио-2020 Амрико ғолиб шуд, Тоҷикистон бе медал монд

Дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио - баргузор шуд, варзишгарони 93 кишвар медал ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 65 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Дар Олимпиадаи Токио-2020 аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақоми аввалро аз они худ кард. Варзишгарони Амрико 113 медал, аз он ҷумла 39 нишони тилло гирифтанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 88 медал, аз ҷумла 38 нишони тилло, соҳиб шуд. Мунтахаби Ҷопон бо касби 58 медал, ки 27-тоаш тиллост, дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба даҳгонаи аввал инчунин Бритониё (22-21-22), Русия (20-28-23), Австралия (17-7-22), Нидерланд (10-12-14), Фаронса (10-12-11), Олмон (10-11-16) ва Италия (10-10-20) дохил шуданд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Узбекистон (3-0-2), Гурҷистон (2-5-1), Украина (1-6-12), Беларус (1-3-3), Эстония (1-0-1), Латвия (1-0-1), Озарбойҷон (0-3-4), Арманистон (0-2-2), Қирғизистон (0-2-1), Литва (0-1-0), Туркманистон (0-1-0), Қазоқистон (0-0-8) ва Молдова (0-0-1) бо медалҳои Олимпиадаи Токио сарфароз гаштанд.

Вале варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.

Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор дар намуди ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду дар шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) -дар Олимпиадаи Токио-2020 ноком шуданд.

17 медали кишварҳои Осиёи Миёна дар Олимпиади Токио -2020

Дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 17 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар Олимпиадаи Токио бо шумули 71 варзишгар ширкат дошт, дар байни кишварҳои минтақа натиҷаҳои беҳтарин нишон дод. Варзишгарони узбек 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Варзишгарони узбек дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 36 медал (10 тилло, 6 нуқра ва 20 биринҷӣ) гирифтаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Қазоқистон дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамагӣ 95 варзишгар шомил буд. Варзишгарони қазоқ соҳиби 8 медали биринҷӣ гардиданд. Мунтахаби Қазоқистон дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 72 медал (15 тилло, 21 нуқра ва 36 биринҷӣ) гирифтааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамагӣ 16 варзишгар шомил буд. Варзишгарони қирғиз 3 медал (2 нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Мунтахаби Қирғизистон дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтааст.

Туркманистонро дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамагӣ 9 варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Полина Гурйева дар мусобиқаи вазнабардорӣ миёни занон дар вазни то 59 кило медали нуқра ба даст овард. Ин аввалин медали Туркманистон дар таърихи ин кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG