Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси эмгузаронии кӯдак. Чаро бархе мухолиф ҳастанд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс дар бораи зарурати эмгузаронии кӯдакон доғ шуд. Баъзе модарони ошуфтаҳол гуфтанд, ки аз эм кардани кӯдак даст мекашанд, чун, ба қавли онҳо, ба зарурати ин талаботи тиббӣ шубҳа кардаанд.

Мухолифати бархе волидон ба эмгузаронӣ

Бисёре аз волидон бо пизишкони оилавӣ ва минтақавии худ барои эҷоди як тақвими муносиби эмгузаронии фарзанд баҳс мекунанд. Аз рӯйи талаботи тиббӣ, ҳар тифли навзод то сесолагӣ бояд тақвими мушаххаси замони эмгузарониро дошта бошад. Бар асоси ин тақвим, ҳар тифл дар рӯзу моҳи муайяни рушд доруи зидди бемориҳои сангинро қабул мекунад.

Вале гоҳе дар пайи ин амал дар тани кӯдак сурхӣ медамад, табаш баланд мешавад ё ҳолаташ тағйир меёбад. Пизишкон мегӯянд, дар асл эмгузаронӣ бояд дар вақти пурра солим будани ҷисми кӯдак анҷом шавад, то паёмадҳои бад надошта бошад. Бархе волидон мегӯянд, дар талоши мутобиқат ба тақвими эмгузаронӣ, баъзе табибон вазъи сиҳатии кӯдакро ба эътибор намегиранд.

Комила Гелосова, модари ҷавон ва як фаъоли Фейсбук, рӯзи 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тарафдори инам, ки кӯдак ҳатман эм карда шавад. Духтари хурдиам 3,5 сол дорад. Баъзе модарон мегӯянд, намехоҳанд фарзандашон эм карда шавад, чунки аз паёмадҳои эҳтимолии баъди ворид шудани дору ба тани кӯдак ҳарос доранд. Худи ман замоне кӯдакамро барои эмгузаронӣ мебарам, ки вақте ӯ таб надорад ва сармохӯрда нест. Вақте кӯдак сиҳат аст, ҳатман ба эмкунӣ муроҷиат кунанд."

Оё модарон гунаҳкоранд?

Пизишкон дар навбати худ волидонро накӯҳиш мекунанд, ки бо сабаби камдонишӣ дар ниҳоят тифлро дар азоб мемонанд. Онҳо мегӯянд, вақте ҷисми кӯдак баъди эмгузаронӣ бемор шуд ё бо ҷараёнҳои нороҳаткунанда рӯбарӯ шуд, ин ба маънои он аст, ки ҷисми ӯ барои муқобила бо баъзе бемориву вирусҳои сангин мутобиқ мешавад ва дар ин роҳ организм мубориза мебарад. Вале айни замон табибон эътироф мекунанд, ки дар амри иҷрои муқаррароти марбут ба эмгузаронии кӯдакон талош мекунанд, тақвим риоя шавад.

Дилбар Одилова, пизишки кӯдаконе, ки 38 сол таҷрибаи кор дорад, гуфт, "шахсан волидонро маҷбур мекунам, ки новобаста ба ҳолати кӯдак эм карда шаванд. Пеш аз ин, ҳар тифл бояд аз санҷиши тиббӣ гузарад ва бар асоси натиҷаҳои ин санҷиш духтур таърихи эмгузаронии кӯдакро муқаррар мекунад. Волидонро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Ман дар таҷрибаи 38 соли корам бо чунин паёмадҳои худдорӣ аз ваксинзании кӯдакон рӯбарӯ шудаам, ки гуфтанаш душвор аст. Бо ҳамин сабаб, ҳамеша таъкид мекунам, ки кӯдак сари вақт эм карда шавад ва зери назари мутахассиси тиб бошад."

Умеда, модари тифли сесолае мегӯяд, медонад, ки ваксинзанӣ танҳо ба фоидаи кӯдак аст. Вай мегӯяд, ҳар модар бояд бидонад, ки дар сурати қабул кардани доруи зидди бемориҳои сангин, фардо кӯдак солиму бардам рушд мекунад. "Вале баъзе модарон ба овозаву гапҳои бепоя бовар карда, аз ваксинзании кӯдаки худ даст мекашанд, гӯё кӯдакро аз дард эмин медоранд. Вале дар ниҳоят организми бидуни ҳимоят дучори бемориҳои сангин мешавад",-мегӯяд Умеда.

Тоҷикистон ва эмгузаронӣ

Дар соли 2010 дар Тоҷикистон ҳодисаҳои паҳншавии фалаҷ дар миёни атфоли то 5-сола ба қайд гирифта шуд. Ташхис маълум кард, ки аз 700 кӯдаки бо гумони фалаҷ сабтгшуда дар ҷисми 458 нафари онҳо фалаҷи навъи 1 ошкор шуд. тақрибан навад дарсади гирифторон кӯдакони то 5-сола буданд.

Кор ба ҷое расид, ки Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳн шудани ин маризӣ вуруди атфоли то 8-солаи тоҷикро ба қаламраваш маҳдуд кард. Баъди кӯмаки ҳамаҷонибаи созмонҳои беҳдоштии байналмилалӣ дар муқобила бо ин маризӣ, соли 2011 Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тоҷикистонро орӣ аз полиомиелит эълон кард.

Достони як баҳси эмгузаронӣ

Чанд сол пеш қиссаи модари тоҷике мавриди баҳси шадид на танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки додгоҳҳои Тоҷикистон ҳам буд. Ҷамила Комилова аз болои табибоне, ки масъули эмкунии духтар ва писараш мебошанд, ба додгоҳ шикоят кард. Ваксини зидди фалаҷи атфол аз меъёр зиёд гузаронида шуд ва ҳарду кӯдак ҳам гирифтори нейроинфексия шуданд.

Ду кӯдак маъюб шуд ва дар давоми се сол модар тавассути додгоҳ талош кард табибро муҷозот кунад. Қарори ниҳоии додгоҳ ин шуд, ки ҳар се моҳ бемористон ба модар 1200 сомонӣ медиҳад. Ба унвони ҷуброни хароҷоти муолиҷа. Худи духтур баъди ҳукми “муносибати бепарвоёна ба иҷрои масъулиятҳои касбии худ” ба берун нашудан аз манзил маҳкум шуд. Пас аз муддате бар асоси афв озод гардид.

Бар пояи созиши байни Ҷамила Комилова ва бемористон, муассисаи тиббӣ масъулияти хатои духтурро ба дӯши худ гирифт. “Дар Тоҷикистон маро барои генетика ё ирсияти бади кӯдакон гунаҳкор карданд. Вале дар пайи санҷишҳои батакрор дар хориҷа санҷиши генетикии фарзандон ҳеҷ иштибоҳе наёфт. Сарнавишти мо на баъди гирифтани ваксин бад шуд, балки аз иштибоҳи духтур сар зад. Духтур меъёри доруро бештар кардааст, ки дар натиҷа, организм заҳролуд шуд. Духтур бояд сари вақт кӯдаконро ба мутахассисони тиббии дигар вогузор мекард, вале ӯ талош кард, ки ҳамаро худаш анҷом диҳад”, - афзуд ӯ.

Давоми чанд сол ихтиёриёну фаъолони фейсбукӣ барои кӯмак дар муолиҷаи фарзандони Ҷамила Комилова пул ҷамъ мекунанд. Худи ин зан бо фарзандонаш ба шаҳри Тулаи Русия кӯчида, талош дорад муолиҷаи фарзандонашро дар онҷо идома диҳад.

Комилова мегӯяд, ҳар тифли навзод бояд ҳатман аз рӯзи аввлаш зери назорат бошад ва табибон ҳам бояд дар иҷрои масъулиятҳои худ “аз рӯи виҷдон рафтор кунанд”. “Дар ин ҳолат, ҳеҷ кас бадбахт намешавад ва кӯдакон ҳам солим тарбия меёбанд”, - хулоса кард Ҷамила Комилова.

XS
SM
MD
LG