Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон подабони тоҷикро афв кард. САДО


Як сокини шаҳри Панҷакент, ки дар Узбекистон ба ҷурми марзшиканӣ 17 сол зиндонӣ шуда буд, аз худ дарак додааст. Сулаймон Бӯриев дар тамоси телефонӣ бо наздиконаш гуфтааст, ки мақомоти узбек ӯро афв карданд ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз ба Панҷакент бармегардад.

Маҳбуси таҳти рақами 54

Дар муддате, ки Сулаймон Бӯриев дар зиндони “Қизилтеппа”-и шаҳри Навоӣ буд, Норчучук Эшмуродова фақат як дафъа тавонист аз аҳволи писараш хабар гирад.

Сулаймон Бӯриев тобистони соли 2013 ҳамроҳи чаҳор нафари дигар, аз ҷумла падару бародараш, ҳангоми подабонӣ ва алафдаравӣ аз тарафи марзбонҳои Узбекистон боздошт ва сипас ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Тошканд дертар хабар доданд, ки даҳ сол аз муҳлати зиндони ӯро кам кардаанд.

Норчучук Эшмуродова, сокини ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент ва модари Сулаймон Бӯриев, рӯзи 6-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ин дам писараш се дафъа занг задааст. Ӯ гуфтааст, дар рӯйхати афроде, ки бояд раҳо шаванд, таҳти рақами "54" қарор дорад.

Узбекистон як подабони тоҷикро "афв" кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
Линки мустақим

"Шаби гузашта ҳам тамос гирифт. Гуфт, ки як ҳафта қабл аз зиндони Қизилтеппаи шаҳри Навоӣ ба маҳбаси сукунатӣ бурда шудааст. Феълан дар корхонаи шишабарории Тошканд кор мекардааст", - афзуд Норчучук Эшмуродова.

Мардон Бӯриев
Мардон Бӯриев

"Маро озод карданд, вале писарамро нигоҳ доштанд"

Мардон Бӯриев, шавҳари Норчучук Эшмуродова, гуфт, бар асоси ҳукми Додгоҳи Узбекистон барои иҷрои ҷазои писараш тақрибан се соли дигар мондааст. Аммо писараш гуфтааст, ки ӯро пеш аз муҳлат раҳо мекунанд.

"Мо гуфта будем, ки фарзандамон гуноҳ надорад ва озод мешавад. Вай дар вақти чарондани рамаи гӯсфандҳо дар як минтақаи баҳсии миёни Самарқанду Панҷакент ҳамроҳи худам боздошт шуда буд. Мо дертар озод шудем, вале ӯро маҳкам карданд", - афзуд ӯ.

Дар муддате, ки Сулаймон Бӯриев дар зиндони “Қизилтеппа”-и шаҳри Навоӣ буд, Норчучук Эшмуродова фақат як дафъа тавонист аз аҳволи писараш хабар гирад. Вай се сол қабл, панҷуми январи соли 2015, аз Панҷакент ба Хуҷанд ва аз онҷо ба Тошканд ва сипас ба шаҳри Навоӣ рафта буд.

Яке аз зиндонҳои Узбекистон
Яке аз зиндонҳои Узбекистон

Боздошт ҳангоми подабонӣ ва... алафдаравӣ

Тобистони соли 2013 марзбонҳои узбек панҷ сокини шаҳри Панҷакентро ҳангоми подабонӣ ва алафдаравӣ дар марз дастгир карда, ба боздоштгоҳи ноҳияи Қаршӣ бурданд. Мақомот онҳоро ба марзшиканӣ айбдор карданд.

Дертар дар фосилаҳои мухталифи замонӣ мақомоти узбек Манучеҳри 12-сола, Мардон Бӯриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимовро раҳо карданд ва танҳо Сулаймон Бӯриевро ба зиндон маҳкум намуданд.

XS
SM
MD
LG