Бозиҳои даври дувуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола рӯзи 2-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Узбакистон (U-19) таҳти раҳбарии сармураббӣ Александр Мочинов дар аввалин бозиаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» тими Шри-Ланкаро бо ҳисоби бузурги 10:0 шикаст дод. Ҷаҳонгир Абдусаломов чаҳор гол, Ислом Кенҷабоев ва Санҷар Зокиров дуголӣ, Суҳроб Иззатов ва Акмал Мозговой якголӣ заданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дувумин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» рӯзи 4-уми ноябр бо мунтахаби Шри-Ланка анҷом медиҳад.
Дар бозии дигари даври дувуми мусобиқоти гурӯҳи “В” мунтахаби Бангладеш тими Молдивро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро ҳамлагар Маҳбуб Раҳмон дар дақиқаи 90-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.
Баъди натиҷагирии даври дувуми мусобиқот дастаи мунтахаби ҷавонони Бангладеш бо 4 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” пешсаф аст. Мунтахаби Узбакистон, ки танҳо як бозӣ кардааст, бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Дастаҳои Молдив, Шри-Ланка ва Тоҷикистон якимтиёзӣ гирифтаанд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври дувум истироҳат кард. Ёдовар мешавем, футболбозони ҷавони тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аввалин бозиашонро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо тими Бангладеш, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буданд.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Бангладеш, Молдив, Тоҷикистон, Шри-Ланка ва Узбакистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор то рӯзи 8-уми ноябр идома хоҳад кард.
Бинобар омодагии Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эйр Форс”-и Ироқ, бозиҳои даври севуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» рӯзи шанбеи 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегарданд. Бозиҳои ду даври охирини мусобиқот рӯзҳои 6-ум ва 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир хоҳанд шуд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дувумин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» рӯзи 4-уми ноябр бо мунтахаби Шри-Ланка анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 6-уми ноябр бо тими Молдив ва 8-уми ноябр бо дастаи Узбакистон рақобат мекунанд.
Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола
Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «В»
Даври 3-юм
4 ноябр (шанбе)
12:00 – Узбакистон – Молдив. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – Тоҷикистон – Шри-Ланка. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 4-ум
6 ноябр (душанбе)
14:00 – Бангладеш – Узбакистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
17:00 – Тоҷикистон – Молдив. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 5-ум
8 ноябр (чоршанбе)
14:00 – Шри-Ланка – Бангладеш. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ