Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатманди Хол - "Ҳунарманди халқии Узбекистон" шуд


Дар маросими бахшида ба рӯзи истиқлолияти Узбекистон дар Тошканд рӯзи 31 август ба чанд мақоми баландпояи Тоҷикистон ҳам ҷоизаҳои давлатии ин кишвар тақдим шуд.

Вебсайти президенти Узбекистон хабар дод, ки бар асоси қарори Шавкат Мирзиёев аз рӯзи 29 август, чанд ходими давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон бо ҷоизаҳои баланди давлати Узбекистон қадрдонӣ шуданд.

Инчунин, барои саҳмашон дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ба овозхонҳо Шералӣ Ҷураев ва Мавлуда Халилова унвонҳои фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” супурда шуд.

Рӯзи 31 август даа Тошканд президент Шавкат Мирзиёев ба нахуствазир Қоҳир Расулзода, вазири хориҷа Сироҷиддин Мӯҳриддин ордени “Фидокорона хизматли учун” (“Барои хидмати шоиста”) тақдим кард. Барои дигар намояндагони Тоҷикистон унвонҳои фахрӣ тақдим карда шуд. Инчунин дар миёни ҷоизадорони дигари тоҷикистонӣ овозхонони маъруф Давлатманди Хол, Адҳам Холиқов, раисти Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва дигар ходимони илму фарҳанг мебошанд.

Дар суханронии табрикии худ президенти Узбекистон гуфт, ки ҷоизаҳо ба кормандони давлат ва рӯшанфикрону ҳунармандони тоҷик ба хотири саҳми онҳо дар тақвияти равобити дӯстонаи мардуми Узбекистону Тоҷикистон супурда мешавад.

"Чунин маросим дар таърихи кишвари бо нахустин бор баргузор мешавад, - гуфт Шавкат Мирзиёев дар ин маросим. - Чунин маъракаҳои баёнгари дӯстии мардуми мо дар оянда ба ҳукми анъана медароянд". Мирзиёев бори дигар аз беҳбуди равобит ва пешрафт дар ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя ситоиш кард.

Давлатманди Хол ва Адҳам Холиқов - Ҳунарпешаи халқии Узбекистон​

акс аз president.uz
акс аз president.uz

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 31 август гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ба Тошканд парвоз карда худи ҳамин рӯз ба Душанбе баргашт. Ба гуфтаи ӯ, ба ӯ ва доктори илмҳои тиб профессор Тошпӯлод Гулмуродов ордени “Меҳнат шӯҳратӣ” (ба русӣ “Трудовая слава”) тақдим шуд. “Овозхонҳо Давлатманди Хол ва Адҳам Холиқов унвони Ҳунарманди халқии Узбекистон, Алӣ Муҳаммадиев, корманди Институти дастхатҳо ордени “Дӯстӣ” гирифт. Як нафар аз Кумитаи замин ва як нафар аз Иттифоқи ратсионализаторҳову ихтироъкорҳо ҳам буд”.

Низом Қосим гуфт, ки президенти Узбекистон нақши рӯшанфикрону нависандагонро ҳамчун нирӯи пешбар дар таблиғи дӯстиву ҳамкориҳои ду мардум муҳим хондааст. “Мирзиёев гуфтанд, ки “мо, президентон, аз адабиёт бисёр умедҳои калон дорем. Шумо дар байни халқ ҳастед, сухани шуморо халқ гӯш мекунад. Таъсири сухани бадеӣ ба халқ таъсири дигар дорад. Мо умедворем, ки дар таҳкими робитаҳо нависандаҳо саҳми арзанда мегузоранд”, гуфт Низом Қосим аз қавли президенти Узбекистон.

Ба иттилои раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар вақтҳои охир чопи намунаҳои эҷодиёти нависандагони узбеки муҳими Тоҷикистон ва худи Узбекистон дар нашрияҳои “Адабиёт ва санъат” ва “Садои Шарқ” ба таври ҳамешагӣ сурат мегирад. Яке аз охирин корҳое, ки дар самти шиносоии адабиёти узбек дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, нашри маҷмӯаи 700-саҳифагии намунаҳои эҷодиёти адибони узбек дар 100 соли охир дар китобе бо номи “Армуғони дӯстӣ” аст, ки 17 август аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба раиси ҷумҳурии Узбекистон тақдим шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ҳудудан 20 адиби узбеки узви Иттиҳоди нависандагон кору фаъолият мекунанд. Инҳо: Сулаймон Эрматов, Омон Ҷуманов (барои тарҷумаи насри тоҷик ба ҷоизаи ба номи С.Айнӣ сарфароз шуд), Тӯрон Тӯйчиев, Омон Раҷаб ва дигарон. Яке аз нависандаҳои маъруфи узбеки Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол, ки дар муаррифии адабиёти тоҷик дар Узбекистон саҳми зиёд гузоштааст, соли гузашта даргузашт.

Як рӯз пеш дар Душанбе...

Тақдими ҷоизаҳо ба намояндагони Тоҷикистон дар Тошканд як рӯз баъди маросими мукофотсупорӣ ба мақомот ва намояндагони фарҳанги Узбекистон дар Душанбе баргузор гардид.

Акс аз сайти president.tj
Акс аз сайти president.tj

Ба муносибати 27-солагии истиқлолияти Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 август дар Душанбе ба нишони қадрдонӣ аз тақвияти ҳамкориҳо ва густариши робитаҳои дустонаву фарҳангӣ бо Тоҷикистон, ба Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон, Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷи ин кишвар Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II-ро тақдим кард. Инчунин ба Шавкат Ҳамроев, вазири хоҷагии об – ордени “Шараф”, Зокирҷон Алматов, мушовири Вазири корҳои дохилӣ, Абдуваҳҳоб Воҳидов, раиси маркази фарҳанги миллии тоҷикони вилояти Самарқанд, Тухтамиш Тухтаев, мудири шуъбаи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва Таваккал Чориев - профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро Ордени “Дӯстӣ” тақдим кард.

Инчунин, барои саҳмашон дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ба овозхонҳо Шералӣ Ҷураев ва Мавлуда Халилова унвонҳои фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” супурда шуд.

Равобити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон комилан тағйир ёфт. Соли 2018 президентони ду кишвар бо сафарҳои давлатӣ аз пойтахтҳои ҳамдигар дидан карда, миёни ҳайатҳои ҳукуматӣ даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Муҳимтарини ин созишномаҳо, ба қавли мақомоти ду кишвар, Созишномаи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар мебошад, ки рӯзи 17 август дар Тошканд имзо шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG