Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри навори террори имом Абдуллоҳ Бухорӣ дар Истанбул (ВИДЕО)


Дар шабакаи Ютюб наворе нашр шудааст, ки дар он қатли рӯҳонии мухолифи ҳукумати Узбакистон имом Абдуллоҳ Бухорӣ нишон дода мешавад.

Навори видеоие, ки сомонаҳои хабарии Туркия нашр карданд, террори як рӯҳонии мухолифи ҳукумати Узбакистон дар Истанбулро нишон медиҳад. Ин рӯҳонӣ имом Абдулло Бухорӣ ном дорад ва ӯ дар ҳоли ворид шудан ба дафтари як мадраса, ки дар он аз улуми динӣ дарс мегуфт, мавриди ҳамла қарор гирифт. Зоҳиран ин навор аз сӯи камераҳои назоратии атрофи мадраса сабт шудааст ва нишон медиҳад, ки ҳодиса дар соати 10:40 дақиқаи рӯзи 10 декабр сурат гирифтааст. Бино ба навиштаи расонаҳои Туркия, навори нашршуда нишон медиҳад, ки як марди чечен аз асли русӣ, ба Абдуллоҳ Бухорӣ наздик шуда ва ба камари ӯ тир мезанад.

Як афсари бахши мубориза бо терроризм дар шаҳри Истанбул дар гуфтугӯ бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳувияти омили ин қатл ошкор шудааст ва ӯ Зелимхон Махтиеви чечентабор мебошад. Ба иттилои расмӣ, Махтиев дар рӯзи вуқӯи ҳодиса боздошт шудааст. Расонаҳои туркӣ гузориш додаанд, ки Махтиев шаҳрванди Русия мебошад ва дар гузашта шиносномаи украинӣ низ доштааст.

Ҳамчунин чанд рӯзи қабл дар пайи як амалиёти густурдаи нерӯҳои амниятии Туркия дар меҳмонхонаҳои минтақаи Оқсаройи Истанбул, шахсе бо номи Собир Шукуров боздошт шудааст, ки супоришгари қатли имом Абдуллоҳ Бухорӣ дониста мешавад. Ба гуфтаи манобеъ, дар шаҳри Анқара низ як шахс бо номи Элдар Аслан барои мусоидат дар ин ҳодиса, боздошт шудааст.

Ин рӯҳониёни саршиноси Ӯзбакистон рӯзи 10 декабр дар минтақаи Зайтунбурнии шаҳри Истамбули Туркия ҳадафи тир қарор гирифта, кушта шудааст.

Бино ба гуфтаи як шаҳрвандаи Узбакистон, ки дар Истамбул ба сар мебарад, имом Абдуллоҳ Бухорӣ "вақтҳои охир дар бораи вазъи мусулмонон дар Ӯзбакистон мавъизаҳои шадидан интиқодӣ мекард. Се-чаҳор пеш овозаҳое паҳн шуд, ки ин шахсро мумкин аст, хадамоти махсуси Русия ё Узбакистон боздошт намудаву ба Узбакистон интиқол диҳанд.Он кас ба узбакҳое, ки аз Узбакистон ва Қирғизистон омадаанд, мадад мерасонд ва бо тамоми вуҷуд як мухолифи низоми раҳбарии Каримов буд."

Абдуллоҳ Бухорӣ -- рӯҳонии 38-солаи Узбакистон худ дар наворе дар шабакаи Ютюб дар моҳи октябри соли равон гуфта буд, он ҳамватанонаш, ки ҳангоми сафар ё зиндагӣ дар Туркия ба шунидани мавъизаҳои ӯ меомадаанд, баъд аз бозгашт ба Узбакистон зери фишору таъқиби мақомот қарор мегирифтаанд. Ба гуфтаи аксарияти манбаъҳои мустақил, ин шахс дар соли 1976 дар оилиаи рӯҳонӣ дар ноҳияи Шаҳрихони Андиҷон ба дунё омада, номи аслияш Мирзоғодиб будааст.

Вай 8 сол пеш ба Туркия ҳиҷрат кардаву дертар шаҳрвандии Туркияро низ ба даст овардааст. Абдуллоҳ Бухорӣ дар минтақаи Зайтунбурнии Истамбул 8 мадраса боз кард, ки дар онҳо шаҳрвандони Туркия, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таълим мегиранд.

Бо оғози нооромиҳо дар Сурия ин имом шадидан зидди режими Башор Асад садо баланд мекард ва ҷиҳодро зидди ин режим барои мусулмонон фарз номид. Бино ба хабари бархе аз манобеъ имом Абдуллоҳ Бухорӣ аз пайравони худ даъват низ менамуд, ки дар ҷиҳоди зидди режими Сурия ширкат кунанд. Аммо чанде пеш, баъд аз нашр шудани наворҳое аз бераҳмиҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ин имом лаҳни худро тағйир дод ва қатли ҳазорон нафар мусулмонро аз тарафи "Давлати Исломӣ" маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG