Баъд аз он ки ҷумлаи “Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ – бунёдгузори адабиёти шӯравии ӯзбак” дар китобҳои дарсии адабиёт “ғайб зад” ва мактабу театру кӯчаҳои Ҳамза тағйири ном карданд, пешниҳод шудааст, ки номи ӯ аз ноҳияи вилояти Тошканд низ бардошта шавад.
Ин даъватро дар охирҳои моҳи август номзади илмҳои педагогӣ, профессор Муҳаммад Қуронов дар нашрияи Маҷлиси олӣ ва Девони вазирони “Халқ сӯзӣ” ба миён гузошт. Муаллиф ду сабабро пеш овардаасмт, ки аввалан, ба қавли ӯ, ситоиши нақши Ҳамза дар фарҳанги Узбакистон пур аз дурӯғу муболиға аст ва сониян раванди ба нобудӣ кашондани садҳо ному рамзҳои замони шӯравӣ бояд идома ёбад. Вай мегӯяд: “Дар бораи Ҳамза ҷилд-ҷилд китобҳо навишта, филмҳои зиёде сохта шудаанд, ки ҳамагӣ ҳадафи ғаразомез доштанд. Яъне мақсад ин буд, нишон дода шавад, ки рӯшанфикрони халқҳои маҳаллии шӯравӣ бояд ҳамин гуна содиқона ба Кремл ва сотсиализм хидмат кунанд. Чунин ғояи сиёсиро дар паси ин амал фаҳмидан душвор нест.”
Ҷанги зидди Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар Узбакистон аз солҳои аввали истиқлолияти ин кишвар сар шудааст. Аммо бекор шудани Ҷоизаи адабии ба номи Ҳамза ва тағйири ном кардани Театри академии Ҳамза дар Тошканд боиси баҳси рӯшанфикрон бар сари мероси ӯ гардид. Ҳамон гуна ки талошҳои ҳукумат ба нест кардани номи Ҳамза идома дорад, баҳс сари ҷойгоҳи ӯ дар таърихи Ӯзбакистон низ ҳамоно доғ аст.
Узви Академияи бадеии Узбакистон, Рауф Қӯзиев мегӯяд, мероси Ҳамзаро фаромӯш кардан номумкин аст: “Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ бе ягон муболиға як эҷодкори бузург ва пуриқтидор буд. Инро касе рад карда наметавонад. Вай яке аз маорифпарварон ва мутафаккирони пешгоми замони худ аст. Дар байни ҷадидҳо ҳам хеле фаъол буд. Агар ӯ ба таври фоҷиавӣ кушта намешуд, бешубҳа аз тарафи шӯравиҳо ҳукми қатл мегирифт. Як танзи сиёҳ ҳаст, ки Абдулло Алвонӣ дар соли 1934 бо аҷали худ фавтида, аз дасти ҷаллодони соли 37 раҳо ёфт. Бе ҷасорати Ҳамза театри узбак пайдо намешуд, труппаҳои сайёр таъсис намеёфт, драма ва сенарияҳо, мактаби ороиши саҳнаи театр, ҳунари рақс ва оммавӣ шудани инҳо иттифоқ намеафтод.”
Бисёриҳо бар инанд, ки ҳамла ба Ҳамза зимни “шустушӯи таърих” аз рамзу симоҳои замони шӯравӣ ба миён омадааст. Сиёсатшиноси узбак Мирзо Анвар Ҳамидов бар ин аст, ки мақсад аз байн бурдани ҳофиза ва ҳасрати мардум дар робита ба СССР аст: “Ному ҳайкали Ҳамза, Собир Раҳимов, Горкий, Охунбобоев ва монанди инҳоро нест кардан шарт набуд ва ҳатто умумн лозим набуд. Ин номҳо дигар ба бахше аз ҳаёти мардум табдил ёфтаанд ва ҳама медонанд, ки онҳо таърихи моянд. Сониян, табдили номҳо хароҷоти молӣ ба дунбол дорад. Номҳоро тағйир додан, ҳайкалҳоро кандан ё аз ҷо ба ҷое кӯчонданд яке аз намодҳои бисёр сарди сиёсати аблаҳонаи Каримов аст.”
Аммо бархе аз олимон бар инанд, ки мухолифати Ҳамза бо дини Ислом ва аз рӯйи занон гирифтани фаранҷӣ асоси бадномкуниҳои имрӯзаи ӯ буда метавонад. Бархи дигар мегӯянд, барои он Ҳамза зери ҳамла мондааст, ки дар вақташ дар ҳаққи подшоҳи Русия Романов қасидаи мадҳӣ навишта буд. Вале яке аз муҳаққиқони мероси Ҳамза, шоир Ёдгор Обид дар ин бора фикри дигар дорад: “Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳамза ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Лекин далелҳое, ки дар даст дорем, барои тасдиқи ҷойгоҳи таърихии ӯ кофист. Ба сифати шоир ҳам... Бархилофи гуфтаи баъзе мутаассибон, Ҳамза кофир набуд ва ба кофирҳо ҳам хидмат накардааст. Ҳама чиро хеле печида карданд. Номи ӯро аз байн бурданашон мумкин, вале ҳамчун як падида дар адабиёт ва таърих ӯро нест кардан номумкин аст.”
Профессор Рауф Қӯзиев гӯё дар идомаи мантиқии ин сӯҳбатҳо мегӯяд, воқеан номи Ҳамзаро аз таърих сутурдан ба кас даст нахоҳад дод: “Бо маданиятпарварӣ ва маърифатпарварии худ вай хашми онҳоеро оварда буд, ки дар режими гузашта ҳаёти роҳат доштанд. Барои ин ҷонаш зери хатар монд. Аммо вай ба худ, роҳи баргузидаи худ, принсипҳои худ садоқат нишон дод ва ба намунаи мардонагию ҷасорат табдил ёфт. Бо баҳонаи он ки вай ба инқилоб хидмат кард рад намудани номаш ва хидматҳое, ки ба мардуми узбак, умумам диёри Туркистон кард, чи дар созмон додани ҳунари театрӣ ва чи риштаҳои дигар аз таърих рондани номи ӯ имкон надорад. Вай ба инқилоб на, ба халқи худ хидмат кард, ки ба иллати ақибмондагияш доим ба дигарон мутеъ буда, ӯ хостааст, нишон диҳад, ки ин халқ аз ҳеч кас кам нест ва умрашро бахшид, ки он зиёӣ, бомаданият, таҳсилдида ва пешқадам шавад. Ин гапҳо, ки “Ҳамза ин хел буду он хел буд, каҷроҳ буд ва барои ҳамин халқ ӯро сангсор кард” афсонаанд. Яке аз таблиғгарони аршади ин афсона -- муаллими мактаби мо духтари синфи ҳаштро ҳомиладор карда, аз кор ронда шуд. Русҳо мегӯянд, "А судьи сами то кто?"
Яке аз парчамбардорони адабиёти узбак, шоири мумтоз, оҳангсоз, драмнавис ва коргардон, маорифпарвар, ношир, публитсист ва ходими ҷамъиятӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ 7-уми марти соли 1889 дар Қӯқанд, дар хонаводаи табиб ба дунё омадааст. Бархе манобеъ мегӯянд, волидони ӯ аслан аз минтақаи Тавилдараи Тоҷикистони имрӯзаанд. Дар мадраса Ҳамза дар канори шеъру адаб ба андешаҳои ҷадидия таваҷҷӯҳ кард.
Баъд аз рӯйдодҳои соли 1920 ва шикасти аморати Бухоро ва хонигарии Қӯқанд Ҳамза ба болшевикҳо пайваст ва аз таблиғгарони ақидаҳои шӯравӣ шуд. Вай 18-уми марти соли 1929 аз тарафи издиҳом дар Шоҳимардони наздикии Фарғона сангсор шуд. 27-уми феврали соли 1926 ба ӯ унвони Нависандаи халқии Узбакистон дода шуд. Осори Ҳамза ба забонҳои гуногун баргардон ва нашр шудааст.