Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$ 6,5 миллиард: Ҳосили форуми иқтисодии Узбекистону ИМА


Дар Вашингтон рӯзи 15 май ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони узбеку амрикоӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи он 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бахши Узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ин ҳамоиш миёни тоҷирону соҳибкоронии Амрико ва намояндагони давлат ва ҳам раҳбарони ширкатҳои хусусии Узбекистон ёддошти тафоҳум дар бораи нияти ҳамкорӣ дар ҳаҷми 6,5 миллиард доллар ба имзо расид. Ин

Аҳди Каримов ҳамчун давраи раҳбарии як президенти худкома ва истибдодӣ ёд мешавад ва ҳоло интизориҳо аз Мирзиёев дар амри ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар хеле зиёд аст.

созишномаҳо ҳамкориву сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, нафт, кимиё, дорусозӣ, кишоварзӣ, соҳаи беҳдошт, мошинсозӣ, авиатсияи гражданӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад. Аз ҷониби Узбекистон дар ин ҳамоиш дар баробари ширкатҳои калони истеҳсоливу тиҷоратӣ, вазири адлия ва раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ зери санадҳо имзо гузоштанд.

Мулоқот бо Трамп, Пентагон...

Форуми иқтисодӣ барномаи аввали ҳайати калони ҳукуматии Узбекистон дар ИМА аст. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Вашингтон ҳузур дорад, қарор аст 16 май бо президенти ИМА Доналд Трамп дар Кохи Сафед дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Ин сафар бо даъвати худи Трамп баргузор мешавад ва дар таърихи 25 соли истиқлолияти Узбекистон, ин нахустин сафари президенти ин кишвар ба Вашингтон бо як сафари расмӣ мебошад.

Дар ҷараёни сафаре, ки то 17 май идома мекунад, дидору гуфтугӯҳои Мирзиёев бо мақомоти вазорати дифои Амрико дар Пентагон ва ҳам сохторҳои молиявии байналмилалӣ дар назар аст.

Меҳмонхонаи президент дар рӯбарӯи Кохи Сафед

Шавкат Мирзиёевро дар сафар ба Вашингтон ҳамсараш Зиёратхон Ҳошимова ҳамроҳӣ мекунад. Вебсайти бахши Узбекии “Садои Амрико” мегӯяд, ки Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш дар меҳмонхонаи «Блэр Ҳаус» ҷой гирифтанд, ки онро меҳмонхонаи расмии президентӣ меноманд ва он дар рӯбарӯи Кохи Сафед ҷойгир аст.

Таваҷҷӯҳ ба сафари Мирзиёев ба Вашингтон хеле зиёд аст. Ӯ декабри соли 2016 дар паи пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ сари қудрат омад ва ба чорякқарни раҳбарии Ислом Каримов, ки моҳи сентябри он сол даргузашт, нуқта гузошт. Аҳди Каримов ҳамчун давраи раҳбарии як президенти худкома ва истибдодӣ ёд мешавад ва ҳоло интизориҳо аз Мирзиёев дар амри ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар хеле зиёд аст. Дар остонаи сафари ӯ, як мақоми амрикоӣ гуфт, ки аз Мирзиёев роҳандозии ҷиддии ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар ва иқтисод тақозо хоҳад шуд.

Интизориҳои Амрико аз Узбекистон

Лиза Кӯртис, як масъули умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 14-уми май гуфт, ки Узбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Мирзиёев, дар ин кишвар "иқдомҳои бузурге" анҷом шудааст.

Айни замон ӯ ишора кард, ки мақомоти амрикоӣ аз Мирзиёев тақозо мекунанд, ки дар амри ҳалли мушкилоти тӯлониву амиқи кишвар дар бахши ҳуқуқи башар, кори иҷборӣ, озодии мазҳаб ва матбуот ба иқдомҳои муассиру давомнок даст занад. Кӯртис дар ҷараёни як нишасти Шӯрои Атлантик -- як созмони таҳқиқотӣ дар Вашингтон гуфт, "ин сафар фурсати хуб ва муҳиме барои ташвиқи ислоҳот аст."

Дар остонаи сафари Мирзиёев, созмони мудофеи ҳуқуқи инсони Amnesty International аз Доналд Трамп тақозо кард, ки Мирзиёевро барои анҷоми ислоҳоти амиқ дар бахши ҳуқуқи башар водор кунад. Ин созмон сафари Мирзиёев ба Вашингтонро шонси хубе барои ташвиқи Тошканд дар амри роҳандозии ислоҳот арзёбӣ кард.

Дар ҳоле, ки Мирзиёев ба озод кардани зиндониҳои сиёсӣ даст задааст, ҳамзамон бисёр ходимони ҳифзи қонун ва мақомоти давлатии собиқро мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор додааст. Ин чиз мавриди нигаронии бархе гурӯҳҳо шудааст, ки шояд Мирзиёв аз роҳи поккории ин сохторҳо мехоҳад қудрати худро тақвият бидиҳад. Human Rights Watch дар гузорише, ки рӯзи 28-уми март чоп шуд, гуфт, ки ҳамоно журналистони зиёд ва мунтақидони ҳукумат таҳти фишор қарор доранд.

Дар сафари Мирзиёев ба Вашингтон инчунин нақши Чину Русия дар Осиёи Марказӣ ва ҳам имкониятҳои беҳбуди вазъи Афғонистон бо кӯмаки Узбекистон ва дигар кишварҳои минтақа баррасӣ мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG