Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори "ҷиҳодчӣ"-и тирмизӣ аз боздоштгоҳ


Варақаи ҷустуҷӯи Ҳуснуддин Усмонов
Варақаи ҷустуҷӯи Ҳуснуддин Усмонов

Як шаҳрванди Узбакистон, ки бо шиносномаи қалбакии тоҷикӣ дар фурудгоҳи шаҳри Минск дастгир шуда буд, аз боздошт фирор кардааст.

Расонаҳои Беларус рӯзи 2 феврал хабар доданд, ки Ҳусниддин Усмонов, сокини 31-солаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон аз боздошт фирор кардааст. Усмонов рӯзи 28 декабр дар фурудгоҳи “Минск-1” ҳангоми нишастан ба ҳавопаймои Минск – Истанбул бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон дастгир шуда буд.

Маълум шуд, ки Ҳусниддин Усмонов дар зодгоҳаш – Узбакистон – ба терроризм ва қасди ғасби ҳукумат айбдор мешуд, акси худро ба шиносномаи Зоҳир Ҳабибов ном шаҳрванди Тоҷикистон часпонда, бо ҳамин ном мехост ба Туркия парвоз кунад. Аммо ҳангоми убури хатти марз дар фурудгоҳ марзбонон ба воқеъияти асноди ӯ шубҳа карданд ва ташхис ҳам нишон дод, ки ин шиноснома дар асл ба Усмонов тааллуқ надорад.

Мақомоти Беларус гуфтаанд, ки Усмонов рӯзи 8 январ ба далели бад шудани саломатиаш бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурда шуд, аммо рӯзе баъд “худсарона” бемористонро тарк гуфта, ба самти номаълум фирор кардааст. Ҳоло мақомоти милисаи Беларус дубора ин шаҳрванди Узбакистонро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Сомонаҳои наздик ба мақомоти амниятии Узбакистон, аз ҷумла nuz.uz, Ҳуснуддин Усмоновро узви фаъоли шӯъбаи гурӯҳи тундрави “Жиҳодчилар” (“Муҷоҳидон”) дар шаҳри Тирмиз дар ҷануби Узбакистон ба қала медиҳанд. Ба навиштаи онҳо, Усмонов аз соли 2008 то 2010 дар фаъолияти ин созмон, ки ҳадафаш сохтани давлати динӣ дар Осиёи Марказӣ буд, ширкати фаъол дошт, вале дар моҳи феврали соли 2010, баъди боздошт ва маҳкум ба зиндон шудани аксари аъзои шӯъбаи тирмизии “Жиҳодчилар”, Усмонов аз Узбакистон фирор мекунад ва ин ҳама сол дар Русия ба сар мебурд.

Мақомоти Узбакистон мӯътақиданд, ки Усмонов дар Маскав низ ба ҳалқаҳои “ҷиҳодӣ” ҳамкорӣ мекард ва ҳадафи сафараш ба Туркия низ сипас гузаштан ба Сурия ва пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” будааст.

Хабари фирори Ҳуснуддин Усмонов аз боздоштгоҳи раёсати корҳои дохилии шаҳри Минск дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки рӯзи 30 январ додгоҳи вилояти Сурхондарёи Узбакистон ба муҳокимаи парвандаи ду нафари дигари муттаҳам ба ҳамкорӣ бо созмони “Жиҳодчилар” шурӯъ кардааст. Бахши узбакии Радиои Озодӣ аз қавли Ғайрат Усанов, сармуфаттиши бахши тафтишоти раёсати корҳои дохилии ин вилоят хабар дод, ки Аҳлиддин Аҳтам-уғлӣ Каттаев ва Сироҷиддин Нурқобилович Давлатов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Узбакистон – моддаи 159 (даъват ба сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ) ва моддаи 244, қисми 2(ташкили созмони экстремистӣ) айбдор мешаванд.

Вилояти Сурхондарё дар ҷануби Узбакистон ҷойгир шуда, бо водии Ҳисор ва як қисми вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Аз тақрибан 2 миллион аҳолии ин вилоят 1,2 миллионашро, бино ба омори расмӣ, узбакҳо ташкил медиҳанд. Аммо дар Сурхондарё, бахусус дар қисмати Деҳнаву Тирмиз, шумори зиёде аз тоҷикҳо низ ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG