Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз раҳбарияти Узбакистон хостааст, ки ба Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шавад. Ин гурӯҳи худхонда тайи тақрибан ду сол боз дар Ироқу Сурия барои худ ҷойи по дуруст мекунад ва дар ҳоли ҳозир садҳо сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистону Тоҷикистон ба саффи ҷангиёни ин гурӯҳ шомил шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон бозгашти ин гурӯҳи “ҷиҳодиён”-ро барои минтақа хатарбор медонанд.
Даъвати Амрико аз Тошканд барои мубориза алайҳи “Давлати исломӣ” баъд аз мулоқоти Даниэл Розенблюм, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ бо Абдулазиз Комилов – вазири корҳои хориҷии Узбакистон дар рӯзи 27 августи соли ҷорӣ расонаӣ шуд. Оқои Розенблюм гуфт, дар ҷараёни сафараш ба Тошканд дар ин замина бо мақомоти Узбакистон сӯҳбатҳо доштааст.
Ба қавли муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико, мубориза алайҳи ДИИШ на танҳо муборизаи ҳарбӣ, балки бастани роҳҳои сармоягузорӣ ба онҳоро низ фаро мегирад. То ҳол посухи расмии мақомоти Узбакистон ба ин дархости Амрико садо надодааст.
Аммо ду ҳафта пеш аз ин хабар, дар Интернет иттилое нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, Тошканд маъракаи зидди “Давлати исломӣ”-ро роҳандозӣ кардааст. Торнамои Central Asia Оnline бо такя ба манобеаш дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон навишт, ин муборизаи Тошканд аз се қисмат иборат буда, агар якеаш мубориза бо ифротгароёнро дар бар гирад, дигараш ҳимоят аз исломи суннатӣ ва арзишҳои он будааст. Ин торнамо навишт, ки бар асоси иттилои Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳоло дар саффи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ҳудуди 650 сокини Узбакистон қарор доранд.
Дар ҳамон шабу рӯзе, ки Даниэл Розенблюм дар Тошканд қарор дошт ва Узбакистонро ба Эътилофи байнулмилалии зидди “Давлати исломӣ” даъват мекард, Ллойд Остин 3, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико ба Душанбе омада буд ва бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт. Ҳарчанд тафсилоти ин гуфтугӯ расонаӣ нашуд, аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки сафари оқои Ллойд як сафари корӣ буда, дар сӯҳбати ӯ бо оқои Раҳмон бештар масъалаи Афғонистон ва минтақҳои доғи Ховари Миёна баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон беш аз 500 сокини кишвар ба майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия рафта, то кунун хабари марги беш аз 150 нафари онҳо таъйид шудааст. Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ фаъолияти ин гурӯҳро дар қаламраваш мамнӯъ дониста, барои тарафдорон ва аъзои он ҷазои сангинро муноисб донист.
Аммо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон эълон карданд, онҳое, ки ноогоҳона ба ин гурӯҳ пайваста, аз Сурия ваё аз марзҳои Туркия бо Сурия бармегарданд ва собиқаи ҷиноӣ надоранд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд буд. То кунун ҳудуди 40 нафар аз афроди бозгашта аз Сурия ва марзҳои Туркия бо Сурия мавриди афв қарор гирифта, ба ҷойи зиндон ба хонаҳояшон баргаштаанд.