Президенти ИМА Доналд Трамп амр дод, ки 60 шаҳрванди Русия, ки аз онҳо ҳамчун “афсарони бахши иктишофӣ” ном бурда шуд, дар посух ба заҳродул шудани ҷосуси рус дар Инглистон аз ин кишвар ихроҷ мешаванд. Баробар бо ин, 14 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва Украина ҳам дар бораи тасмими ихроҷи русҳо хабар доданд.
Изҳороте, ки рӯзи 26 март ва тахминан дар як вақт пахш шуд, мавқеи воҳидро дар муқобили он чи, ки Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ
То имрӯз ҳеҷ далеле дар бораи дахолати Русия ба таҳқиқоти Скрипал ва ҳамчунин даст доштани Русия ба фоҷеае, ки дар Солсбери рух додааст, вуҷуд надорад. Сафири Русия дар ИМА
ҳамчун истифодаи заҳри фалаҷкунандаи низомӣ зидди Сергей ва Юлия Скрипал меноманд, ба намоиш гузошт. Падару духтар рӯзи 4 март дар шаҳри Салисбурӣ дар ҳолати мадҳушӣ ошкор шуданд.
Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Трамп “амр дод, ки даҳҳо афсарони иктишофии Русия аз ИМА ихроҷ шаванд ва консулгарии Русия дар Сиэттл баста мешавад. Ин консулгарӣ ба хотири наздикии он ба пойгоҳи низомӣ ва ҳавопаймосози Boeing” интихоб шуд.
Дар изҳорот гуфта шуд, ки “ИМА дар ҳамоҳангӣ бо муттафиқон дар НАТО ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон дар посух ба истифодаи силоҳи кимиёии дараҷаи низомӣ дар хоки Бритониёи Кабир аз ин иқдом кор мегирад”. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин амали Русия яке дигар аз фаъолиятҳои бесуботкунандаи ахир дар саросари олам мебошад.
Дар миёни онҳое, ки бояд тарки хоки ИМА кунанд, 12 афсари иктишофии рус ҳастанд, ки дар ҳайати СММ дар Ню-Йорк кор мекунанд. Дар ин бора мақомоти баландпоя ба шарти ифшо нашудани номашон хабар доданд.
Дар миёни кишварҳои дигаре, ки дипломатҳои русро ихроҷ мекунанд, Ҷумҳурии Чех, Дания, Фаронса, Олмон, Латвия, Литва, Ҳолланд ва Полша мебошанд. Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск гуфт, ки 14 кишвар дипломатҳоро ихроҷ мекунад ва имкони тадбирҳои иловагӣ ҳам вуҷуд дорад. Украина, кишваре, ки узви ИА нест, гуфт, 13 дипломати русро аз хокаш берун мекунад.
Туск гуфт:
"Имрӯз 14 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтанд, ки дипломатҳои русро ихроҷ кунанд. Эҳтимол меравад, ки тадбирҳои иловагии бештар дар чаҳорчӯби кори Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзу ҳафтаҳои наздик гирифта шавад. Мо дар заминаи кори ҳукумати Русия ҳамоно баҳои интиқодӣ дорем. Вале айни замон, ҳамроҳ бо мардуми Русия дар робита бо сӯхтори фоҷеабор дар шаҳри Кемеровои Сибири ғарбӣ андӯҳгин ҳастем".
Собиқ ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4 март дар ҳолати мадҳушӣ дар шаҳри Салисбури Инглистон пайдо ва дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол дода шуданд. Мақомоти Бритониё гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб ин кори Маскав аст ва ин ақидаро Иттиҳодияи Аврупо ҳам такрор кард.
Лондон дар посух ба қазияи заҳролудшавӣ 23 дипломати русро аз хокаш берун кард. Маскав эҳтимоли даст доштан дар ин ҳодисаро комилан рад мекунад ва дар посухи ҷавобӣ амр дод, ки 23 дипломати бритониёӣ Русияро тарк кунанд.
Эътирози сафири Русия дар ИМА
Дар Маскав сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ин тасмимро "як хато" номид ва гуфт, ки Русия ҳатман посухи муносиб медиҳад.
Дар Вашингтон сафири Русия Анатолий Антонов ба ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Аврупо ва Авроосиё Уэсс Митчелл эътирози қотеонаи худро дар робита бо тасмими ихроҷи дипломатҳои рус аз ИМА таслим кард. Дар ин бора худи Антонов дар баробари журналистон хабар дод. Ӯ рӯзи 26 март гуфт:
"Баробари дарёфти ин хабар ман дар заминаи амалкарди ғайриқонунии ИМА қотеона эътироз ва таъкид кардам, ки то имрӯз ҳеҷ далеле дар бораи дахолати Русия ба таҳқиқоти Скрипал ва ҳамчунин даст доштани Русия ба фоҷеае, ки дар Солсбери рух додааст, вуҷуд надорад".
Скрипали 66-сола як афсари собиқи сохторҳои иктишофии Русия соли 2006 барои хиёнат ба ватан маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ки Скрипал ҳуввияти ҷосусони русро ба хадамоти иктишофии Бритониё ё MI6 фош кардааст.
Соли 2010 ӯ яке аз чаҳор зиндониҳои рус буд, ки бар ивази 10 ҷосуси руси пинҳоншуда дар ИМА иваз карда шуд. Ин амалиёти калони табдили зиндониҳо аз замони Ҷанги Сард будааст.
Скрипал ва духтараш Юлияи 33-сола баъди он, ки аз Маскав баргашт, бемор шуда ҳоло дар ҳолати сангин қарор доранд.