Ахиран наздик ба 25 дарсади номзадҳои кор дар Додгоҳи олии ИМА натавонистанд мувофиқати Сенатро дар мақоми пешбаришуда ба даст оранд.
Яке аз онҳое, ки мавқеаш хеле ларзон шудааст, Бретт Кавано аст, ки барои озори ҷинсии як духтари 15-сола дар солҳои хеле ҷавон будани худаш муттаҳам мешавад.
Ин бори аввал нест, ки атрофи исми номзади аз ҷониби президенти Амрико пешбаришуда моҷароҳое бармехезад.
Наздик ба 25 дарсади номзадҳои кор дар Додгоҳи олии Амрико ба таври якҷониба рад шуданд. Конститутсияи Амрико иҷоза медиҳад, ки номзади кор дар Додгоҳи олӣ то охири умр дар ин вазифа бимонад. Дар таърихи ИМА чандин ҳолате буд, ки атрофи исми номзадҳои пешниҳодшуда барои кор дар Додгоҳи олӣ моҷаро бархостааст:
Роберт Борк – заминаҳои идеологӣ
Роберт Борк соли 1987 аз ҷониби президент Роналд Рейган ба мақоми додраси ба нафақа баромада Люис Павел пешбарӣ шуд. Борк аз аввалин номзадҳое буд, ки на дар асоси заминаҳои ҳуқуқиву касбӣ, балки идеологӣ рад шуд.
Сенатори демократ Тед Кеннеди Боркро ба таври ошкоро дар он муттаҳам кард, ки алорағми арзишҳои Амрико мехоҳад, ки “занон дар шароити пинҳонӣ сиқти ҷанин карда, сиёҳпӯстон дар курсиҳои ҷудогона нишинанд ва полис ҳақ пайдо кунад, ки шабонгоҳ бидуни огаҳӣ ба манзили шаҳрвандон ворид шавад”.
Дуглас Ҳовард Гинсберг - моҷарои истеъмоли ҳашиш
Баъди он ки Сенат зидди номзадии Борк овоз дод, соли 1987 Рейган номзадии Дуглас Ҳовард Гинсбергро барои ишғоли курсии холишуда дар Додгоҳи олӣ пешниҳод кард.
Қабл аз ин Гинзберг дар маъмурияти Рейган дар солҳои 1983-86 дар мақомҳои мухталиф кор кардаст, аз ҷумла дар идораи иттилоот, идораи мудирияту буҷа ва ҳам додситонии кулл ифои вазифа кардааст.
Вале номзадии Гинзберг баъди нашри аксҳои ӯ дар матбуот бекор шуд. Дар ин аксҳо ӯ ба ҳангоми истеъмоли ҳашиш дар даврони студентиаш дар солҳои 1960 ва дар замони кор ба ҳайси ёвари профессори донишгоҳи Ҳарвард дар солҳои 1970 дида мешавад.
Дар ниҳоят, худи Гинзберг номзадиашро пеш аз овоздиҳӣ бозпас гирифт.
Кларенс Томас – равобити ҷинсӣ
Додрас Кларенс Томас соли 1991 аз ҷониби президент Ҷорҷ Буш барои ишғоли курсии додрас Тургуд Маркаш, аввалин додраси сиёҳпӯст дар Додгоҳи оли Амрико пешбарӣ шуд.
Муҳокимаи номзадии Томас шояд яке аз пурмоҷаротарин рӯйдодҳо дар таърихи пазириши номзадии додрасҳои Додгоҳи олӣ шуд. Моҷаро замоне бархост, ки Бюрои федеролии тафтишот (FBI) ошкор кард, ки Анита Ҳилл, як ҳамкори собиқи Кларенс Томас дар Комиссиюни имкониятҳои баробар ӯро дар бадрафториҳои ҷинсӣ айбдор кард. Вале дар ниҳоят дар овоздиҳии даври дуюм Томас бо бартарии хеле ночизи овозҳо тавонист узви Додгоҳи олӣ шавад.
Ҳаролд Карсвелл – табъиз
Баъди тарки мақом кардани додрас Абе Фортас дар соли 1969, президент Никсон талош кард Ҳаролд Карвеллро ба мақоми додрас дар Додгоҳи олӣ таъин кунад. Вале фаъолони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки солҳои 1940 Карвелл дар маъракаҳои табъизи нажодӣ иштирок кард ва дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқи маданӣ нишондодҳои бад дорад. Дар натиҷа, Карвеллро ба ин мақом интихоб накарданд.