Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, таҳримҳои зидди Русия натиҷа медиҳанд (ВИДЕО)


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико умедвор аст, ки таҳдиди таҳримҳои нав, арзоншавии нафт ва афтодани рубл Путинро маҷбур хоҳанд кард, ки даст аз Украина бардорад.

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он ҳадаф надоранд, таҳримҳои зидди Кремлро коҳиш диҳанд. Онҳо умедворанд, ки вазъи иқтисодӣ Владимир Путинро водор хоҳад кард, ки даст аз Украина бардорад. Ин нуктаро сухангӯйи Кохи Сафед Ҷош Эрнест эълом дошт. Рӯйдодҳои драматикии сешанбе – хабари шабонгоҳии афзоиши баҳраҳои бонкӣ аз тарафи Бонки марказии Русия ва афтодани 20-дарсадии рубл ба хабари аввали расонаҳо табдил ёфтанд.

Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед мегӯяд, интизор меравад, ки раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама то охири ин ҳафта бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро ба имзо хоҳад расонд.

Сухангӯи Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, Путин ба нақша нагирифтааст, ки дар бораи ба шиддат поин рафтани рубли русӣ дар баробари доллар ва евро ва ё дар бораи вазъи иқтисодӣ “эъломияи махсус” нашр кунад.

Матбуоти Русия аз номи Дмитрий Песков 16 декабр нақли қавл кардааст, ки Путин бо ҳукумати худ роҷеъ ба вазъ тамоси доимӣ дорад, вале ба нақша нагирифтааст, ки ягон ҷаласа баргузор ва ё изҳороти фаврӣ пахш кунад.

Песков гуфт, ба назар намерасад, ки Путин ба таври расмӣ то 18 декабр қабл аз баргузории конфронси солонаи матбуотӣ дар ин бора чизе бигӯяд.

16 декабр арзиши рубл хеле поин рафт ва бо вуҷуди талошҳои Бонки Марказии Русия барои нигоҳ доштани арзиши он як доллар 17 декабр ба 71 рубл ва як евро ба 89 рубл расид. Дар давоми як ҳафтаи охир арзиши рубл 20 дарсад поин рафт.

ИМА дар ҳоле ба ҷорӣ кардани таҳримҳои нави зидди Русия машғул аст, ки вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷон Керрӣ гуфтааст, Русия рӯзҳои охир дар низои Украина ба бархе аз «ҳаракатҳои мусбат» даст задааст. Ҳамзамон ӯ илова кард, ки бо таҳримҳои худ Ғарб мақсад надорад, ба мардуми Русия осеб расонад ва ҳадафаш танҳо таъсир ба ҳукумати он аст.

Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол ба сабаби коҳиши нархи нафт ва таҳримҳои Ғарб ба зидди Русия арзиши рубл хеле поин рафт. Ин таҳримҳо барои дахолати Русия дар умури Украина ҷорӣ шудааст.

Сокинони Маскав дар бораи таъсири поинравии қурби рубл чунин мегӯянд:

Афтодани арзиши рубл маскавиҳоро нигарон кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

XS
SM
MD
LG