Бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба додситонии Шветсия дархост фиристодааст, то монеи баровардани маблағҳои марбут ба ширкати “Takiland ltd” аз бонкҳои ин кишвар шавад. Чунки гуфта мешавад, ин ширкат дар додани пораҳо аз ширкатҳои “VimpelCom”, MTS ва “TeliaSonera” миёнаравӣ мекард.
Дар ҳоли ҳозир, дар суратҳисоби ширкати “Takiland ltd” дар бонки “Nordea” 30 миллиону 450 ҳазор доллар мунҷамид шудааст. Бовар меравад, ки ин ширкат ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов рабт дорад.
Дар ин дархости расмӣ, ки ба идораи бахши узбакии Радиои Озодӣ ҳам расид ва таърихи рӯзаш 20 март гуфта мешавад, омадааст, дар натиҷаи таҳқиқоти мақомоти Амрико “маълум шуд, ки “VimpelCom”, MTS ва “TeliaSonera” барои дарёфти иҷозатномаи бизнеси телекоммуникатсионӣ дар Узбакистон пора додаанд.”
Дар ин санади расмӣ гуфта мешавад, ки маблағҳои бадастомада аз тариқи схемаҳои коррупсионӣ ба хотири пинҳон кардани мақсади аслиашон аз тариқи ширкатҳои ҳолдингӣ ва ҳисобҳои бонкии дар кишварҳои мухталиф бозшуда, аз ҷумла аз тариқи ҳисобҳои бонкӣ дар Шветсия, “шустушӯ” мешуданд. Муфаттишони амрикоӣ ба ин далел хостаанд, то 30 миллиону 450 ҳазор доллари мавҷуда дар бонки “Nordea”-ро комилан бубанданд, то ба ин васила аз ҳар навъ имкони берун кашидани ин маблағҳо ҷилавгирӣ шавад.
Сардори раёсати мубориза бо фасоди додситонии кулли Шветсия Гуннар Стетлер мӯътақид аст, ки ширкати шведии “TeliaSonera” – молики бренди Ucell дар бозори телефонҳои мобили Узбакистон ва бренди Tcell дар Тоҷикистон – барои оғози фаъолияташ дар Узбакистон ришваи зиёд додааст. Стетлер дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, дархости мақомоти Амрико дар ин масъала танҳо як бахши таҳқиқотест, ки дар чандин кишвар идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Амрико ҳамчун ҷониби манфиатдор дар ошкор кардани қонуншиканиҳои се ширкати бузурги байналмилалӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз имкони берун кашидан маблағҳои ширкати “Takiland ltd” аз бонки Шветсия барои он иқдом кардааст, ки агар додгоҳ табиати ғайриқонунии ин пулҳоро собит карда натавонад, соҳибонаш натавонанд онро роҳат аз бонк бардоранд. Қарори маълум, мақомоти Шветсия танҳо парвандаи порадиҳии ширкати шведии "TeliaSonera"-ро таҳқиқ мекунанд, вале дар дархости расмии вазорати адлияи Амрико сухан дар бораи ширкатҳои русии “VimpelCom” (молики бренди Beeline) ва MTS низ меравад.
Рӯзи 21 март Маркази таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) дар шаҳри Тонсберги Норвегия натиҷаҳои таҳқиқоти журналистиашро нашр кард. Бино ба асноде, ки хабарнигорони ин Марказ тайи ин таҳқиқот ба даст овардаанд, Гулнора Каримова тавассути шариконаш аз ширкатҳое, чун “VimpelCom”, MTS ва “TeliaSonera”, ҳамчунин аз Mirkony Investment group ltd ва Eastwell group дар маҷмӯъ беш аз 1 миллиард доллар пул гирифтааст. Бовар меравад, ки ин маблағи бузург нархи “ҳаққ”-и духтари президент Каримов танҳо барои роҳ додани ин ширкатҳо ба бозори мухобироти Узбакистон будааст. Дар ин таҳқиқот, ки аъмоли Гулнора Каримоваро фош мекунад, хабарнигорони бахши узбакии Радиои Озодӣ низ ширкат доштанд.
Гуннар Стетлер мегӯяд, натиҷаҳои таҳқиқоти журналистӣ ҳамсони далелҳоест, ки ӯ дар даст дорад. Намояндаи додситонии кулли Шветсия ёдовар шуд, ки ҳоло дар Швейтсария 900 миллион доллари марбут ба ширкати “Takiland ltd”, ширкатеро, ки бовар меравад, аз Гулнора Каримова бошад, мунҷамид кардаанд. Аммо ӯ инро ки оё Амрико ба Швейтсария низ метавонист чунин дархост бифиристад, шарҳ надод.
Аз соли 2012 ба ин сӯ дар беш аз 10 кишвари Аврупо парвандаҳои ҷиноие боз шудаанд, ки яке аз қаҳрамонҳои асосиаш духтари калонии президенти Узбакистон мебошад. Ба дунболи рӯ задани ин моҷароҳо ва бахусус дар пайи рӯ задани моҷарои ду сол пеши ширкати шведии TeliaSonera, ки гуфта мешавад, барои вуруд ба бозори Узбакистон ба Гулнора Каримова ва афроди ӯ ҳудуди 350 миллион доллар пора додааст, Гулнора Каримова мавриди қаҳри падари худкомааш қарор гирифт.
Ӯ, бино ба иддаои худаш, тақрибан аз тирамоҳи соли 2013 дар манзилаш дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва атрофи манзили ӯро афроди амниятӣ таҳти назорат дошта, намегузоранд, ки аз хона берун равад. Додситонии кулли Узбакистон дар тирамоҳи соли 2014 тасдиқ кард, ки фаъолиятҳои тиҷории Гулнора Каримоваро таҳқиқ мекунад ва ӯ дар ҳақиқат таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад. Додситонӣ мегӯяд, аллакай чанде аз шарикони духтари президент маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ҳам шудаанд. Аммо ин ниҳод то ҳол шарҳ надодааст, ки Гулнора Каримова мушаххасан ба чӣ айбдор мешавад ва чаро дар ҳоле ки шарикони ӯ ба зиндон рафтаанд, кори худи духтари президент то ҳол ба додгоҳ нарасидааст?
Гуннар Стетлер, раҳбари раёсати мубориза бо фасоди додситонии кулли Шветсия мегӯяд, мақомоти Узбакистон ба суолҳои ӯ дар ин масъала то ҳол посухе надодаанд.
Ислом Каримови 77-сола, ки 26 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар Узбакистон раҳбарӣ мекунад ва дар интихоботи рӯзи 29 март замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кард, ду духтар дорад. Духтари калонии ӯ Гулнора Каримова 43 сол дорад ва қаблан бо тахаллуси “Гугуша” тарона ҳам мехонд. Гулнора Каримова як замон аз нуфузи фавқулоддае дар Узбакистон бархӯрдор буд ва ӯро ба далели писар надоштани Ислом Каримов ҳатто “валиаҳд”, яъне вориси эҳтимолии тахти падараш ном мебурданд. Ӯ акнун баъди мавриди қаҳри падар қарор гирифтан, худро гоҳо “мухолифи режим” муаррифӣ мекунад.
Духтари хурдии Ислом Каримов – Лола Тилоева-Каримова - 37 сол дошта, намояндаи расмии Узбакистон дар ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ – аст ва асосан дар Порис ба сар мебарад.