Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Амрико: Буш, Клинтон, Трамп ё Сандерс?


Таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, барои шаҳрвандони Амрико муҳим нест, ки дар интихоботи моҳи ноябр кӣ пирӯз хоҳад шуд. Муҳим ин аст, ки иқтисоди дохилии он кишварро тақвият бидиҳад.

Дар рақобатҳои пешазинтихоботии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як таҳаввулоти нав шуд. Дар овоздиҳии шаби 9 феврал дар иёлати Ню Ҳемпшир аз миёни ҷумҳурихоҳон миллиардер Доналд Трамп ва аз миёни демократҳо Берни Сандерс дар рақобатҳои аввалия ё праймариз баранда эълон шуданд.

Рақобатҳои кунунӣ ва натиҷаҳои он роҳро барои интихоботи сартосарии рӯзи 8 ноябр боз мекунад. Доналд Трампро ҳамчун мухолифи сарсахти роҳёбии мусулмонон ба Амрико мешиносанд, ки аз сӯе мавриди интиқоди шадид, аз ҷумла дар сатҳи президент Барак Обама шудааст, аз тарафи дигар ӯро маҳз ба ҳамин хотир ҳам як бахши ҷиддии ҷомеаи ин кишвар тарафдорӣ мекунад. Берни Сандерси сотсиалист бошад, бо ваъдаҳои бепул кардани таҳсил ва аз байн бурдани бонкҳои азим ба дили ҳаводоронаш роҳ ёфтааст.

Натиҷаҳои рақобатҳои аввалия чӣ маъно доранд ва дар маҷмӯъ, ҷараёни овоздиҳӣ барои интихоби президенти ояндаи Амрико чӣ тавр мегузарад – масоилест, ки дар сӯҳбат бо Брюс Панир, шореҳи Озодӣ, матраҳ кардем.

Брюс Панир: “Мусаллам аст, ки натиҷаҳои интихобот дар иёлати Ню Ҳемпшир ногаҳонӣ буд. Вижагии Ню Ҳемпшир дар он аст, ки нахустин бор ба натиҷаҳои овоздиҳӣ дар ин иёлат таваҷҷӯҳ шуд. Пеш аз ҳама касе интизор надошт, ки Сандерс дар ин иёлат аз Клинтон мегузарад ва баранда мешавад. Як чизи аҷиб ин буд, ки Сандерс аксари овози занону духтаронеро бурд, ки аз 18 то 29-сола буданд. Инро бояд Ҳилларӣ Клинтон ва аъзои тими ӯ ҷиддан ба эътибор гиранд. Натиҷаҳои Трамп чандон ғайримунтазира набуданд, ба он маъно, ки ӯ ба пирӯзӣ дар ин аёлат воқеан ҳам умед дошт. Ин ҷо мардуми доро ва огаҳ аз сиёсат ба сар мебаранд.”

Интихоботи Амрико: Пирӯзии Доналд Трамп ва Берни Сандерс дар Ню-Ҳемпшир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:15 0:00

Озодӣ: Таҳлилгарони амрикоӣ ҳоло мегӯянд, ки барои нахустин бор онҳо наметавонанд пешгӯӣ кунанд, ки натиҷаҳои интихобот чӣ мешавад. Сабаби ин дар номзадҳои интихоботӣ аз ҳарду тараф аст, ки ҳеч кадом аз онҳо обрӯи комили сиёсӣ надорад, ки тавонад аз тарафдории аксарият бархӯрдор бошад – чӣ аз ҷониби демократҳо ва чӣ аз ҷониби ҷумҳурихоҳон. Ҳар яки онҳо нуқтаҳои заъфу қавии худро доранд. Оё воқеан ҳам ҳамин тавр аст?

Брюс Панир: “Бале, ин андеша дуруст аст. Аз як сӯ, ҳар иёлат дар Амрико хусусияти худро дорад. Масалан, он ҳарфе, ки Шумо дар Айова ба интихобкунандаҳо мезанед, шарт нест, ки дар Ню Ҳемпшир дастгирӣ шавад. Аҳолии Айова агар беш аз 3 миллион бошад, дар Ню Ҳемпшир танҳо 1,3 миллион одам зиндагӣ мекунад ва ин дарсади хурде аз 330 миллион аҳолии тамоми кишвар аст. Аз ҳамин хотир, мавқеи интихобкунандаҳо дар иёлатҳои азим ва рангинтаре мисли Калифорния, Ню-Йорк, Иллинойс ё Техас паёми номзадҳо метавонад дигар шавад. Дар натиҷа, агар ҳам як фикр дар як аёлат бад қабул шавад, ҳамин андеша дар макони дигар метавонад ба пирӯзии номзад сабаб шавад. Аз ҳамин хотир ҳам, номзадҳои интихоботӣ ҳам ҳама гуногунанд ва аз ҳоло пешгӯӣ кардани ин ки кадоме аз онҳо дастболо мешавад, номумкин аст. Вақте овоздиҳӣ дар иёлоти калонтар анҷом шуд, он вақт каме ҳадс задан мумкин мешавад.”

Озодӣ: Дар интихоботи кунунӣ ду номзаде ҳаст, ки аз авлодҳои бонуфузи сиёсӣ намояндагӣ мекунанд, онҳо алакай худро ба унвони сиёсатмадор ҳам таҷриба кардаанд – инҳо Ҷеб Буш аз ҷониби ҷумҳурихоҳон ва Ҳилларӣ Клинтон аз демократҳо аст. Вале аз сӯи дигар, мегӯянд, таҳлилгарон, ҳамин шинохташудагӣ на ҳамеша ба фоидаи онҳо аст. Чаро?

Брюс Панир
Брюс Панир

Брюс Панир: “Бале, дар Амрико чунин анъанаҳо ё хонаводаҳои сиёсатмадорон вуҷуд доранд, вале агар мо ба гузаштаҳо нигоҳ кунем, мебинем, ки намунаҳои Ҷон Адамс ва Ҷон Куинси Адамс дар қарни 18 ва 19 намуна буданд. Баъди Кеннедиҳо мешавад гуфт, ки анъанаҳои оилавии ширкат дар сиёсат ҷорӣ шуд. Имрӯз инро дар мисоли оилаҳои Буш ва Кеннедӣ дидан мумкин аст. Ин ҷо ҷиҳатҳои мусбату манфии худ вуҷуд доранд. Масалан, давраи президентии Билл Клинтон ва баъдан ширкати ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон дар сиёсат дар маҷмӯъ хуб буд. Мо ҳоло дар бораи ҳаёти оилавии онҳо сӯҳбат намекунем. Давраи Клинтон дар маҷмӯъ дар таърихи сиёсии Амрико мусбат арзёбӣ мешавад – иқтисод пешрафт кард ва сиёсати хориҷӣ ҳам хуб буд. Агар ба Ҷеб Буш назар кунем, падари ӯ Ҷорҷ Буши калонӣ як мӯҳлат президентӣ кард. Давраи ӯро ҳам дар умум хуб арзёбӣ мекунанд, чунки ӯ дар гузашта раҳбари Оҷонсии маркази истихборот ва сафири Амрико дар Чин буд ва сиёсати хориҷиро хуб дарк мекард. Як масъалае, ки тамоми давраи пешазинтихоботии Ҷеб Бушро домангир хоҳад буд, ин давраи раёсатҷумҳурии бародараш Ҷорҷ Буши хурдӣ мешавад. Ин давраҳо хуб нагузашт – Амрико вориди ду ҷанг шуд, иқтисод рӯ ба рукуд овард. Ин ҷо гуноҳи Ҷеб Буш нест, вале мардум бешубҳа ба ҳангоми арзёбии номзадии Ҷеб Буш ӯро ҳамчун намояндаи хонаводаи Бушҳо арзёбӣ хоҳанд кард. Дар мисоли Ҳилларӣ Клинтон бояд гуфт, ки бархе мунаққидон ӯро заъиф меҳисобанд, ки ба ҳангоми рух додани моҷарои марбут ба равобити ҷинсии шавҳараш, ӯ аз Билл ҷудо нашуд, шавҳарашро ҳимоят кард. Яъне ин ҳама ҳодисаҳо дар асл як боре аст, ки онҳо ҳам онро бояд бикашанд. Дар баъзе ҳолатҳо ин ҳама бор ба манфиати онҳо кор мекунад.”

Озодӣ: Вале айни замон рискҳои худро дорад?

Брюс Панир: “Бале, риск дорад. Бале, онҳо масъули ин амалҳо нестанд, вале ҷомеаи Амрико ҳамеша ба ин фикр мешавад, ки, рамзӣ карда гӯем, себе, ки аз дарахт уфтодааст, дур нарафт. Яъне мегӯянд, ки агар хеши ту фалон корро карда бошад, ту бояд беҳтар аз ӯ шавӣ.”

Озодӣ: Аз назари донишҳои сиёсати байналмилалӣ ва тавони посухгӯӣ ба чолишҳои ҷаҳони имрӯз кадоме аз номзадҳо барои Амрико муносибтар аст?

Брюс Панир: “Барои Амрико муҳим нест, ки номзади интихоботӣ кӣ мешавад. Чунки Аврупо ва Осиёи Дур – яъне Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин дар меҳвари ҳамкорҳои стратегӣ ҳастанду мемонанд. Ин феҳрист ҳеч гоҳ дигар намешавад. Дар робита бо Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо бисёр вақт аз номзади президент бастагӣ дорад. Нафаре мисли Ҳилларӣ Клинтон дар бораи Африқову Осиё ва Амрикои Лотин иттилои кофӣ дорад. Доналд Трамп, то ҷое мо дидем, дар бораи Аврупо ва Чин иттилоъ дорад ва дар масоили дигар комилан аз мушовиронаш вобаста хоҳад шуд. Нафаре мисли Ҷеб Буш донишҳои фарогир аз сиёсати ҷаҳонӣ хоҳад дошт, чунки дар хонаводаи сиёсатмадорон бузург шудааст. Берни Сандерс як шахси рӯшанфикр ва донишманд аст ва ӯ ҳам метавонад дар робита бо таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон иттилои дуруст дошта бошад. Аз миёни онҳо Ҳилларӣ Клинтон дар мақоми котиби давлатии ИМА кор карда, дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон будааст. Аз сӯи дигар, дар таърихи Амрико президент Роналд Рейган ҳам дар масоили сиёсати хориҷӣ иттилои нокофӣ, вале мушовирони хеле хуб дошт. Агар ман бо тоҷикон сӯҳбат мекардам, мегуфтам, ки барои онҳо ҳамкорӣ бо номзадҳои мисли Буш, Клинтон ва Сандерс мувофиқтар буд, чунки онҳо ҳадди аққал Тоҷикистонро дар харита нишон дода метавонистанд. Бояд гуфт, сиёсати хориҷии Амрико як сиёсати ҷаҳонӣ аст.”

Озодӣ: Вале дар ниҳоят хости худи амрикоиҳо чист ва ҷомеа аз номзадҳои интихоботӣ чӣ мехоҳад?

Брюс Панир: “Барои шаҳрвандони Амрико муҳим ин аст, ки кадом номзаде, ки набошад, иқтисоди дохилии кишварро тақвият диҳад. Баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, ки бешубҳа яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасии номзадҳо мемонад, амрикоиҳо ба ин қарибӣ дигар намехоҳанд, ки нерӯҳояшон дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок кунанд. Баъди Афғонистону Ироқ фикри онҳо ин аст, ки дигар ба ин кор даст набояд зад.”

XS
SM
MD
LG