Бино бар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, маълумот дар дораи раҳбарирДИ Абдулраҳмон Мустафо ал-Қадулӣ 7 миллион доллар ҷоиза тақдим мешавад. Барои иттилоъ дар бораи Абу Муҳаммад ал-Аднонӣ, ки аз ДИ дар расонаҳои ахбори ом намояндагӣ мекунад ва ҳам зодаи Гурҷистон Тархан Тимурович Ботурашвилӣ, ки гуфта мешавад, фармондеҳи нерӯҳои ДИ дар қисмати шимолии Сурия аст, 5 миллиондолларӣ ваъда шудааст.
Барои маълумот дар бораи фармондеҳи ДИ дар марзи Сурия ва Туркия Тариқ бин ал-Тахорӣ бин ал-Фалиҳ ал-Авонӣ ал-Ҳарзӣ 3 миллион доллар ҷоиза пардохт хоҳад шуд.
Ин ҷоиза дар чаҳорчӯби барномаи “Подош барои адл”, ки ҳукумати Амрико роҳандозӣ кардааст, дода мешаванд. Эълони нави Амрико дар ҳоле нашр шуд, ки рӯзи 5 май гурӯҳи “Давлати Исломӣ” масъулияти ҳамла дар Гарланди Иёлоти Муттаҳидаро бар дӯш гирифт. ДИ гуфт, “ду сарбози хилофат” озмуни тасвирҳои танзомези Паёмбар Муҳаммадро дар наздикии Даллас ҳадаф қарор дод.
Абдулраҳмон Мустафо ал-Қадулӣ, киб арои маълумот дар борааш 7 миллион доллар ҷоиза таъин шудааст, қаблан раҳбари шӯъбаи ал-Қоида дар Ироқ буд.
Ботурашвилӣ, ки худро Абуумар аш-Шишонӣ ё Омар Чеченский ном гузоштааст, дар водии Панкисии Гурҷистон ба дунё омада, миллаташ гурҷӣ ва динаш насронист. Падари ӯ гуфтааст, ба иллати мушкилоти молӣ ӯ ба Сурия рафт. Пештар раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров хабари кушта шудани ӯро расонаӣ кард, вале дертар ин иттилоъ рад шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, гурӯҳи “Давлати Исломӣ” масъули нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла куштори дастаҷамъӣ, таҷовуз ба номус ва қатли кӯдакон аст.
Пештар Иёлоти Муттаҳида барои маълумот дар бораи раҳбари аввали гурӯҳи “Давлати Исломӣ” Абубакр ал-Бағдодӣ 10 миллион доллар ҷоиза таъин карда буд.
Бузургтарин ҷоизаи барномаи “Подош барои адл” аз 25 миллион доллар буда, барои иттилоъ дар бораи Аймон ал-Завоҳирӣ дода мешавад, ки дар мояи июни соли 2011, пас аз марги Усома бин Лодин раҳбари шабакаи ал-Қоида эълон шудааст.
Барномаи “Подош барои адл” яке аз тарҳҳои Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида аст ва аз соли 1984 то ҳоло ба зиёда аз 80 нафаре, ки хабари онҳо ба боздошти террористон ва пешгирӣ аз ҳалокати афроди бегуноҳ дар саросари ҷаҳон кӯмак кард, 125 миллион доллар ҷоиза додааст.