Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико қарори додгоҳи Гаагаро дар бораи таҳқиқи ҷиноятҳои ҷанги Афғонистон "бемулоҳиза" номид


Майк Помпео бо қарори Додгоҳи байналмилалии Гаага розӣ нест
Майк Помпео бо қарори Додгоҳи байналмилалии Гаага розӣ нест

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳукми Додгоҳи байналмилалии Гаагаро, ки ба таҳқиқи ҷиноятҳои эҳтимолии ҷанг дар Афғонистон иҷоза додааст, ҳамчун "қарори бемулоҳиза" рад кард. Ӯ гуфт, "ин иқдоми, воқеан, нафасгиронаи як сохтори сиёсӣ аст, ки зери ниқоби ниҳоди ҳуқуқӣ амал мекунад".

Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо дар Гаага рӯзи 5-уми март қарор кард, ки додситон ҳақ дорад ба таҳқиқи ҷиноятҳои эҳтимолии ҷанг дар Афғонистон, аз ҷумла ҷиноятҳои нирӯҳои амрикоӣ даст занад.

Ӯ гуфт, Амрико, ки узви ин додгоҳ нест, "тамоми чораҳоро рӯи даст мегирад, то ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар ин, ба истилоҳ, додгоҳи радшуда ҳимоят шавад".

Афғонистон барои таъсиси додгоҳи байналмилалӣ ризоият додааст, вале мақомот мухолифи барпо кардани таҳқиқот шудаанд. Додрас Пётр Ҳофмански, президети додгоҳи таҷдиди назар, рӯзи 5-уми март ҳангоми қироати ҳукм гуфт: "Додгоҳ мувофиқи мақсад мешуморад, ки қарори зинаи поёниро тағйир бидиҳад ва додситон салоҳият дорад, таҳқиқотро ба роҳ монад."

Моҳи апрели соли 2019 додрасҳои додгоҳи зинаи поёнӣ дархости додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои Гаага Фату Бенсударо рад карданд, ки хоста буд, қонуншиканиҳои эҳтимолии аз ҷониби Толибон, нирӯҳои амниятии Афғонистон ва низомиёни Амрико содиршударо мавриди таҳқиқ қарор диҳад.

Дар ҳукме, ки мавриди интиқоди қурбониён ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, гуфта шуд, таҳқиқ "ба манфиати адолат" нахоҳад буд, чунки ба сабаби набуди ҳамкорӣ таҳқиқ натиҷа намедиҳад.

Дар вокуниш ба қарори Додгоҳи байналмилалии Гаага, Соломон Сакко аз созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар як изҳорот гуфт: "Ин як лаҳзаи таърихӣ аст, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо як хатои ваҳшатнокро ислоҳ кард. Ҷиноятҳое ба зидди башар шуд, ки ҳамаи тарафҳои ҷанг дар Афғонистон содир кардаанд".

Сакко гуфт, "Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо аввалин умеди адолат барои осебдидагони низоъ аст, ки солиёни дароз ба навъи ҳиҷолатовар нодида гирифта шудаанд."

Патрисиа Госсман, яке аз мудирони созмони Human Rights Watch гуфт: "Афғонҳо, ки ба фардои беҳтари баъди созиши ИМА ва Толибон ва музокираҳои фарогири миёни худи афғонҳо чандон бовар надоранд, ҳоло метавонанд умедвор шаванд, ки адолат дар ин ҷараёнҳо сарфи назар намешавад".

Президенти Амрико Доналд Трамп дар гузашта қарори зинаи поёнии додгоҳро истиқбол карда, онро “як пирӯзии азими байналмилалӣ... ба хотири ҳокимияти қонун" номида буд.

Моҳи ноябри соли 2017 Бенсуда аз додрасҳо хост, ки ба таҳқиқи ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар Афғонистон аз соли 2013 оғоз кунанд.

Вашингтон гуфтааст, агар додрасҳои Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо барои таҳқиқи иттиҳомот ба Амрико муроҷиат кунанд, ба онҳо виза дода намешавад.

ИМА яке аз даҳҳо кишвар аст, ки созиши соли 2002-и Румро дар робита бо таъсиси Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо тасвиб накардааст.

Нирӯҳои Амрико ва дигар низомиёни хориҷӣ баъди ҳамлаҳои террористии соли 2001 амалиётеро дар Афғонистон оғоз ва ҳукумати Толибонро сарнагун карданд.

Ҳоло дар Афғонистон тақрибан 13 ҳазор сарбози амрикоӣ, инчунин нирӯҳои аврупоии кишварҳои узви НАТО ҷойгиранд. Дар давоми 19 соли ҷанг дар Афғонистон, ба гуфтаи Созмони Милал, беш аз 32 ҳазор мулкӣ ё ғайринизомӣ кушта шудаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG