Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон. Кӯмаки молӣ ба ивази ислоҳоти сиёсӣ


Як узви парлумони Аврупо дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон интизори роҳандозии ислоҳоти сиёсиву идорӣ ва ҳам мурооти ҳуқуқи башар аст.

Урмас Паэт, як узви парлумони Аврупо мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бояд аз паи ислоҳоти сиёсӣ ва идорӣ шаванд, то ки ин кишвар пешрафт кунад. Дар ин росто, мегӯяд ӯ, ба ҳеҷ сурат набояд меъёрҳои демократӣ, аз ҷумла эҳтиром ба волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон сарфи назар шавад. Ин суханҳоро дипломати аврупоӣ баъди анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ баён кард. Ин музокирот рӯзҳои 15-17 феврал дар пойтахти сиёсии Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд ва дар кори он ҳайате ба раҳбарии Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон иштирок кард. Се ҳафта пеш аз ин музокирот дар ҳафтаи охири январ намояндагони гурӯҳҳои мухолифин ва ҳам фаъолони ҷамъиятии Тоҷикистон ҳам дар меҳмонии Иттиҳодияи Аврупо буданд. Гурӯҳҳои мухолифини Тоҷикистон дар остонаи мулоқот бо мақомоти тоҷик аз Брюссел хостанд, ки дар ин музокирот озодшавии маҳбусони сиёсӣ, фаъолияти озоди ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ва риояи ҳатмии дигар муқаррароти марбут ба ҳуқуқи инсон тақозо шавад.

17 феврал дар посух ба саволи радиои Озодӣ Урмас Паэт, узви 41-солаи парлумони Аврупо ва собиқ вазири хориҷаи Эстония (2005-2014) оид ба ин ки "то куҷо хостҳои гурӯҳҳои сиёсии Тоҷикистон дар музокирот бо мақомоти тоҷик ба эътибор гирифта шуд?" - гуфт:

Урмас Паэт: Мухтасар мегӯям: бале. Ҳар сафари намояндагони мухолифони Осиёи Марказӣ (ба Брюссел) ин пеш аз ҳама баҳонаест барои гирифтани маълумот дар бораи мушкилоти мавҷуда дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна. Бешубҳа, барои раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо матраҳ кардани мавзӯи ҳуқуқи инсон дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон як масъалаи принсипиалӣ буд. Яке аз натиҷаҳои мушаххас ё нақди музокироти вазири хориҷаи Тоҷикистону Ҳолланд ин аст, ки Тоҷикистон барои шаш соли оянда барои пешрафти кишвар ба маблағи 251 миллион евро кӯмак дарёфт мекунад. Ҳимояи ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ ҳам бахше аз барномаҳои рушд аст. Яке аз ин масъалаҳо – фароҳам овардани имконияти ширкат дар ҳаёти сиёсии кишвар ба мухолифони сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ мебошад. Барои он ки мухолифон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ тавонанд дар шароити хуб фаъолият кунанд, ҳанӯз роҳ тӯлонӣ аст.

Радиои Озодӣ: Оё пеш аз ироаи кӯмак ба ин кишвар, Иттиҳодияи Аврупо кадом шарт ё тақозое дар баробари ҳукумати Тоҷикистон пеш мегузорад?

Урмас Паэт: Бале, ин ҳама масъалаҳо ҳам бахше аз барномаи музокироти мо буд. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад шоҳиди ислоҳоти сиёсӣ ва идорӣ дар Тоҷикистон шавад, то ки як давлати ҳуқуқбунёд ташаккул ёбад ва дар ин давлат ҳуқуқи инсон ва ҳам озодиҳои мазҳабӣ риоя шавад. Ҳамаи ин масъалаҳо ба иқтисод ва соҳибкорӣ, масъалаҳои муҳими мисли амният дар Тоҷикистон ҳам иртибот мегирад. РИояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон Сатҳи ҳуқуқии давлат ба амнияти дохилии кишвар таъсиргузор мешавад. Барои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо субот ва амнияти Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон хеле муҳим аст ва ин масъалаҳо бояд ҳақадами пешрафтҳо дар бахши ҳуқуқи башар ва риояи қонунҳо бошад.

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо моҳи сентябр аз як кӯшиши табаддулоти давлатӣ пешгирӣ кардаанд. Хадамоти амният ин ҳодисаро ба Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон рабт доданд ва ин гурӯҳҳро теролористӣ эълон карданд. То куҷо Иттиҳодияи Аврупо бо ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала мувофиқ аст?

Урмас Паэт: Иттиҳодияи Аврупо, албатта, дар робита ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин гуна қарор қабул накардааст. Иттиҳодияи Аврупо дар шинохт ва эътирофи гурӯҳи террористӣ қоидаву меъёрҳои худро дорад ва дар асоси ҳамин қоидаҳо амал мекунад. Бинобар ин дар баробари ҲНИТ мо ин гуна қарор қабул накардаем. Ман шахсан пешрафти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро ҳамчун таҳдид ба амнияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намекунам. Таъмини амнияти давлатро баробар бо равандаҳои демократӣ пеш бурдан мумкин аст. Онҳоеро, ки бо сиёсати ҳукумат розӣ нестанд, якбора таҳдид ба амнияти давлат эълон кардан дуруст нест.

Радиои Озодӣ: Дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ оё ҳеҷ ҳарфи муҳиме садо дод?

Урмас Паэт: Дар бахши иқтисод ҳанӯз имконият барои ҳамкорӣ зиёд аст. Ман бовар дорам, ки бозори Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон ҷалбкунанда аст ва баръакс, мо хостори тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна дар бахшҳои энергетика, интиқоли нирӯи барқ, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигар ҳастем, ки Тоҷикистон дар ин бахшҳо натиҷаҳои хубе дорад.

Радиои Озодӣ: Яъне сармоягузориҳо танҳо дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо ва ё ҳам дар сатҳи кишварҳои ҷудогонаи аврупоӣ бо Тоҷикистонро дар назар доред?

Урмас Паэт: Бале, ин ҳамкориҳо метавонанд ҳам дар сатҳи иттиҳод ва ҳам дар сатҳи равобити дуҷониба ба роҳ монда шаванд. Муҳим ин аст, ки вақте сӯҳбат аз сармоягузорӣ меравад, қоидаҳои тиҷорат мушаххасу шаффоф ва низоми додгустарӣ бо такя ба волоияти қонун амал кунанд. Барои ҳифзи тиҷорату бизнеси худ соҳибкорон манфиатдоранд, ки бо кишваре кор кунанд, ки дар он қонуну қоида риоя шуда, додгоҳҳо ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ дуруст амал кунанд.

XS
SM
MD
LG