Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикистон маркази вижаи мубориза бо киберҷиноят месозад


Дар Тоҷикистон мехоҳанд як маркази вижаи мубориза бо киберҷиноятҳо ташкил диҳанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон (ВУД) дар як ҳамоиши махсуси роҳҳои мубориза бо киберҷиноятҳо дар Душанбе гуфт, ки феълан барномаи таъсиси маркази зидди киберҷиноят дар Тоҷикистон дар ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ рӯзи 2-юми июл дар ин ҳамоиш бо нигаронӣ изҳор дошт, ки мизони киберҷиноят дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва ВУД дар назар дорад, ки дар наздиктарин фурсат Маркази мубориза бо ин навъи нави ҷиноятҳоро таъсис диҳад. Рамазон Раҳимов аз намояндагони кишварҳои Аврупо ва Русия дар ин ҳамоиш дархост кард, ки дар роҳи мубориза бо киберҷиноятҳо ба Тоҷикистон, ки таҷрубаи мубориза бо ҷиноёти маҷозиро тақрибан надорад, кумак кунанд.

Феълан дар Тоҷикистон танҳо як шӯъбаи кӯчаки мубориза бо киберҷиноят дар раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВУД амал мекунад.

Дар ин нишаст ҳамчунин чанд намунаи ошкоршудаи ба истилоҳ киберҷиноятҳо эълон шуд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ВУД ахиран се нафарро бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор доллар боздошт кардааст.

Фирӯз Одинаев, сарвари шӯъбаи амнияти иттилоотии Раёсати мубориза бар ҷиноятҳои муташаккили ин вазорат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ин се нафар тариқи қаллобӣ 50 ҳазор доллар ба ширкати «Вавилон» ва 102 ҳазор доллар ба ширкати «Тcell» зиёни молӣ овардаанд. Вай афзуд, аз ин ҳисоб тақрибан 25 ҳазор доллар низ аз ҳисоби андоз ва аксиз ба давлат зиён расидааст:
«Ширкатҳои хориҷӣ бояд ба ширкатҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон то 10 сент пардохт намоянд. Аммо қаллобон зангро бо истифода аз технологияҳо тавре мекунанд, ки гӯё он аз дохили Тоҷикистон ва бо шумораи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аст. Дар натиҷа онҳо на 10, балки 2 – 3 сент месупоранд. Аз ин ҳисоб маблағи андозу аксиз супорида мешавад, на 10 сент. Ширкатҳо ҳам худашон аз ин «трафики сиёҳ» бехабаранд. Вақте онҳо аудит мешаванд, ин маблағҳо рӯ мезананд ва ба мо муроҷиат мекунанд.»

Масъулини вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, киберҷинояткорӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳоли рушд аст ва ҳаҷми маблағе, ки тайи як соли ахир тавассути фанновариҳои ҷадид бо тақаллуб ошкор шудааст, 300 ҳазор долларро ташкил мекунад.

Фирӯз Одинаев афзуд, ширкати «Хушпазир», ки тариқи терминалҳои пардохтҳои телефониро роҳандозӣ кардааст, дар пайи тақаллубкорӣ 70 ҳазор доллар зиёни молӣ дидааст. Вай гуфт, тақаллубкорон аз ҷумлаи хакерҳо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ аксаран маблағро бо карточкаҳои ҷаълӣ ба даст оварда, онҳоро тариқи марокизи диллерӣ дар дохили Тоҷикистон нақд мекунанд.


Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ дар ҳамоиши бахшида ба киберҷинояткорӣ, ки дар ҳамдастӣ бо САҲА ва сафоратҳои хориҷӣ роҳандозӣ шуд, гуфт, дар Тоҷикистон қочоқбарони маводи мухаддир ва инсонфурӯшҳо бо истифода аз фанновариҳои ҷадид фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Вазири корҳои дохилӣ афзуд: «Мо омоли кибертеррористонро дар пӯсти худ ҳис кардем, ки бо истифода аз интернет ба таври густарда идеологияи тундгароиро ташвиқ ва ҷалбу омода кардани ҷавонони ноогоҳ ба созмонҳои тундгарову террористии байнулмилалиро роҳандозӣ кардаанд. Онҳо ҷонибдорони худро ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, ҳатто сарнагун кардани ҳукуматҳои қонунӣ даъват мекунанд.»

Рамазон Раҳимов бар афзоиши ҷиноятҳои иқтисодӣ, қабл аз ҳама дастрасии ғайриқонунӣ ва қаллобӣ дар Тоҷикистон ишора карда гуфт, шаҳрвандон аз спаму вирусҳо ва барномаҳои троянӣ чун дар дигар кишварҳо талафоти зиёди молиявӣ мебинанд. Вай гузориши Лабораторияи Касперскийро мисол овард, ки Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳое қарор дорад, ки аз шабакаи ҷосусии Net Trio зиён дидаанд. Вазири корҳои дохилӣ гуфт, назари мақомоти амрикоиро дар бораи он, ки киберҷинояткорӣ пас аз Ал – Қоида ва гурӯҳҳои ҳамкори он манбаъи бузургтарини хатар аст, эътироф мекунад.

Мақомот мегӯянд, дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 15 модда ба киберҷинояткорӣ ва амнияти иттилоотӣ рабт мегиранд ва тайи се соли ахир 15 ҷиноят ошкор шуда, муҷримон муҷозот шудаанд. Бахусус соли 2011 тариқи дастрасӣ ба пасандозҳои шаҳрвандон 5 мавриди сирқати маболиғи шаҳрвандон аз бонкҳо ошкор шудааст. Бино ба ин манбаъ, ҳатто таронаҳо ва наворҳои видеоии овозхонони хориҷӣ, аз ҷумла Андӣ Мададиён бо роҳи қочоқ тариқи ширкатҳои интернетрасон фурӯхта шуда, ҳаққи ширкатҳо ва андози давлатиро пардохт накардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз афзоиши киберҷинояткорӣ дар кишвар тасмим гирифтааст, сохтори вижаеро ба унвони Маркази мубориза бо киберҷинояткорӣ таъсис диҳад. Бино ба ин манбаъ, дар ин замина асноди зарурӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои мувофиқа фиристода шудаанд. То ба ҳол танҳо як шӯъбачаи амнияти иттилоотӣ дар Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар вазорати корҳои дохилӣ амал мекунад.

Рамазон Раҳимов аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Туркия даъват кард, ки барои омода кардани мутахассисони тоҷик дар соҳаи киберҷинояткорӣ кӯмак кунанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, барои таъмини амнияти киберфазо маболиғи ҳангуфт заруранд, ки ҳатто пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон моҳонаи онҳоро пардохт карда наметавонанд.

Асомуддин Атоев, сарвари Анҷумани интернетрасонҳои Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳатто Ҷопону Куриёи Шимолӣ ва ҳам Амрико дар ин замина танқисӣ мекашанд ва умдатан мутахассионеро ҷалб мекунанд, ки дар ширкатҳои хусусӣ ё фаромиллӣ кор мекунанд. Ин гуна мутахассисонро давлат метавонад имтиёзҳо дода, маблағеро барои онҳо тахсис диҳад. Онҳо метавонанд дар кишварҳои хориҷ кор кунанд, аммо қисмате аз вақти худро барои таъмини амнияти киберфазои Тоҷикистон харҷ кунанд, чун ин фазоро мешавад аз ҳар гӯшаи дунё назорат кард.»

Коршиносон як идда аз мутахассисони варзидаи тоҷикро мисол меоранд, ки дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия машғули кор ҳастанд ва то 100 ҳазор доллари амрикоӣ маош мегиранд. Ба қавли онҳо, такя кардан ба онҳо яке аз роҳҳои таъмини амнияти киберсадоии Тоҷикистон метавонад бошад.
XS
SM
MD
LG