Дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон ба сохтмони бинои осмонбӯсе шурӯъ кардаанд, ки интизор меравад, яке аз баландтарин биноҳо дар Русия ва Аврупо хоҳад шуд. “Ахмат Тауэр” аз 108 қабат иборат буда, ба баландии 400 метр қомат хоҳад афрохт.
Номи ин бино баргирифта аз исми Аҳмад Қодиров, раҳбари собиқи Чеченистон ва падари раиси кунунии ин ҷумҳурии мухтори тобеи Русия Рамазон Қодиров аст.
Бар асари тарҳи бино, қарор аст, дар “Ахмат Тауэр” оффисҳои тиҷорӣ, чанд маркази фитнессу ҳавзи оббозӣ, меҳмонхона барои 500 ҳуҷра, ҳудуди 100 манзили пуршукӯҳи навъи “люкс” ва осорхонаи Аҳмад Қодиров ҷой бигиранд. Дар боми бино як майдони наззоравӣ ва ҳамчунин майдони нишасту парвози чархболҳо низ хоҳанд сохт.
Харҷи тақрибии ин сохтмони бузург аз 120 миллион то 500 миллион доллар гуфта мешавад. Назорати сохтмони ин бино бар ӯҳдаи яке аз ёрони наздики Рамазон Қодиров - вакили Думаи давлатӣ аз Чеченистон Адам Делимхонов гузошта шудааст.
Мақомоти Чеченистон ҳанӯз дар соли 2013 эълон карда буданд, ки қасд доранд ба ӯарафи раҳбари собиқи ин ҷумҳурӣ Аҳмад Қодиров як манораи баланд бисозанд. Умури сохтмони “Ахмат Тауэр” ба ширкати Emaar Properties аз Имороти Муттаҳидаи Араб вогузор шудааст. Бинои осмонбӯси “Бурҷ-ал-Халифа” дар шаҳри Дубайро бо баландии 830 метр ҳамин ширкат сохта буд.
Буҷаи имсолаи Чеченистон 58 миллиард рублро ташкил медиҳад. Аз ин танҳо 10 миллиардаш саҳми худи ин ҷумҳурии мухтор ва 48,5 миллиарди боқимондааш ёронаҳои Маскав ба ҳукумати Рамазон Қодиров мебошад.
Қаблан бархе кормандони идораҳои давлатии Чеченистон бидуни бурдани ном шикоят карда буданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, то аз 5 то 10 дарсади маоши худро ба Сандуқи Аҳмад Қодиров, ки аз сӯи писараш Рамазон Қодиров идора мешавад, гузаронанд. Аммо мақомоти расмии Чеченистон мегӯянд, касеро ба ин кор маҷбур накардаанд, балки мардум худаш ихтиёран аз муҳаббате, ки ба Аҳмад Қодиров доранд, ба ин сандуқ хайр мекунанд.
Аҳмад Қодиров, муфтии собиқи Чеченистон, дар соли 2000 дар пайи ҷанги дувуми Русия дар Чеченистон ва аз Грозний рондани ҳукумати ҷудоиталабон ба раҳбарии Аслан Масхадов аз сӯи Маскав раҳбари ин ҷумҳурӣ таъин шуд. Аҳмад Қодиров рӯзи 9 майи соли 2004 дар натиҷаи як таркиш дар варзишгоҳи Грозний кушта шуд. Мақомот масъулияти он ҳамларо ба дӯши ҷудоиталабони чечен бор карданд.
Писари ӯ Рамазон Қодиров соли 2007, вақте ҳамагӣ 31 дошт, ба мақоми раисиҷумҳури Чеченистон расид. Ӯ худро «сарбози қаторӣ»-е мешуморад, ки омода аст, ба ҳар амри раисиҷумҳури Русия Владимир Путин итоат кунад.
Рамазон Қодиров дар ҳафтаҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба далели алфози дуруште, ки нисбат ба мухолифини ҳукумати Путин ба кор бурд, зери боди шадиди интиқод қарор гирифтааст.
Намое аз "Ахмат Тауэр":