Дар 4 моҳи аввали соли равон наздик ба 200 нафар бо масоили мухталиф ба раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон муроҷиат кардааанд. Аз ҷумла 40 мард гуфтаанд, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарони худро талоқ додаанду ҳоло пушаймон шудаанд ва аз ин ниҳод хостаанд, то роҳҳои лағви ин талоқро барояшон нишон диҳад.
Як мард, ки аз ӯ шартан Табаралӣ ном мебарем, мегӯяд, ки нимашаб масту аласт вориди хонааш шудааст ва дигар чизеро дар ёд надорад. Аммо зӯҳри рӯзи дигар, вақте бедор ва ҳушёр шудааст, дидааст ки дар манзилаш касе нест - на зану на фарзандон.
Ин мард вақте ба наздикони ҳамсараш тамос гирифт, барояш рӯшан шуд, ки ӯ шаб пас аз каме ҷанҷол ҳамсарашро талоқ додааст. Аммо Табаралӣ мегӯяд, аз он шаб чизе дар хотираш намондааст ва аслан қасди чунин амалро ҳам надошт.
Танҳо ин мард мехостааст, як хонуми дигарро низ ба никоҳаш бидарорад, аммо ҳамсараш қатъан ба ин зид баромдааст. Ӯ гуфт, боре андешае дар сараш пайдо шуд, ки занашро метарсонад, ки агар ба зангириаш зид барояд, ӯро талоқ медиҳад, аммо намедонад, ки дар ҳолати мастиаш чаро чунин ҳарф сари забонаш омадааст, зеро ба воқеият пайвастани ин ҳарфашро ҳеҷ гоҳ намехост. Вай бо ҳамсараш солҳои зиёде шоду хушбахтона зиста, 5 фарзандро ба дунё овардаанд.
Ҳамсари ин мард ҳам мегӯяд, бо шунидани ин ҳарф дунё дар назараш торик шуд ва шабона бо фарзандонаш бо қасди хонаи падар манзили шавҳарашро тарк кард. Писари нахустини ин хонавода 11-сола буда, тифли хурдтарини онҳо якуним сол дорад. Ин зан мегӯяд, он лаҳза худро бадбахттарин зани дунё пиндошт ва намедонист, ки акнун бо панҷ кӯдакаш чӣ кор мекунад.
Аммо раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон бо содир кардани фатвое зиндагии ин оиларо дубора барқарор намуд.
Ҷамолиддин Хомӯшов, сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон бо тасдиқи афзоиши талоқҳо дар ҳолати мастӣ гуфт, бо таъкиди тарки шаробнӯшӣ тибқи мазҳаби Имоми Аъзам зиндагии чунин хонаводаҳо барқароршавандаанд. Ин рӯҳонӣ меафзояд: «Мастиашон ба дараҷае ҳаст, ки ҳатто худи мард мункир аст ва талоқро инкор мекунад. Мард мегӯяд, ки ӯ аслан ин хел ният надошт ва аз баҳри фарзандонаш ҳам гузаштанӣ нест, вале ҳамсараш ба ӯ гуфтааст, ки ту чунин гуфтаӣ. Гӯё дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро талоқ додааст. Дар мазҳаби ҳанафӣ талоқ моли мард аст. Вақте худи мард агар эътироф кард, ҷои баҳс надорад, аммо вақте мард мункир асту зан мегӯяд, ки талоқро шунидааст, шариат аз зан шоҳид мепурсад. Бисёри ин занҳо иқрор мешаванд, ки ин кор шабона рух додаст ва ҳеҷ шоҳиде ғайри фарзандон он ҷо ҳузур надоштааст. Шариат, ки аз зан шоҳид мепурсад ва зан шоҳид надорад, аз нигоҳи шаръӣ муқаддас будани оила фаҳмонида мешавад ва агар хоҳиш дошта бошанд, никоҳи эҳтиётӣ карда мешаванд, вагарна бе ин ҳам никоҳи онҳо барқарор аст ва метавонанд, зиндагии худро идома диҳанд.»
Ҳамсари марде, ки пас аз ин ҳодиса зиндагияшон дубора барқарор шудааст, ҳоло ба гуфтаи худаш, зиндагии ҳатто «ширинтар аз гузашта»-ро доранд. Ҳамсари ин мард мегӯяд, дар ҳоле ки шавҳараш аксаран ба хона нимаҳушёр меомад, дар ду моҳи охир нӯшиданро пурра бас кардаву намозхон шудааст. Ин мард ҳам мегӯяд, пас аз ин ҳодиса вақте тасаввур кард, ки панҷ фарзандаш дар чунин ҳолат аз падар маҳрум мешаванд, андешаи зани дувум гирифтанро ҳам аз сараш берун кард.
Ҷамолиддин Хомӯшов, сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, «тибқи фармудаҳои Худованд, дини Ислом мушкилзо нест ва роҳҳои ҳалу фасл ба хотири ояндаи неку ободи хонаводаҳо тибқи мазҳаби имоми Аъзам вуҷуд дорад.»
Аммо заноне низ ҳастанд, ки баъд аз шунидани калимаи «талоқ» ё бадтар аз ин «се талоқ» дигар натавонистаанд, ба назди шавҳари пешинаи худ баргарданд. Онҳо мегӯянд, шавҳаронашон дар ҳолати мастӣ чизеро гуфтаанд, ки дар дилашон будааст. Раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон низ дар баъзе мавридҳо аз ҳалли чунин масъалаҳои печида худдорӣ кардааст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки барои сокинони Тоҷикистон аз ақди никоҳи расмӣ дида, никоҳ ва талоқи шаръӣ ҳамчунон аҳамияти бештар дорад.