Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 25 сентябр бо нашр як гузориш гуфт, ки фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст ва шуморе аз ҷангиён аз Покистон, Узбакистон ва Тоҷикистон низ ба ин гурӯҳ пайвастаанд.
Дар ин гузориш ба нақл аз гурӯҳи назорат аз фаъолиятҳои Ал-Қоида дар Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз маҷмӯи 34 вилояти Афғонистон дар 26 вилояти ин кишвар ба ҷалби афрод оғоз кардааст. Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки 10 дарсади Толибон дар Афғонистон тамоюли пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доранд ва шумораи ҷангиёни ин гурӯҳ рӯ ба афзоиш аст.
Нерӯҳои амниятии афғон дар минтақаҳои мухталиф бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" даргиранд, аммо Нангарҳо ягона вилоятест, ки ин гурӯҳ бо Толибон бар сари қочоқи маводи мухаддир даргир мебошад. Дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид гуфта шудааст, ки ҷангиён аз Тоҷикистон ва Узбакистон низ дар Афғонистон ба ин гурӯҳи "Давлати исломӣ" якҷо шудаанд. Аммо дар гузориш роҷеъ ба шумораи дақиқи ҷангиён аз Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дар Афғонистон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, чизе гуфта нашудааст.
Ба гуфтаи ин гузориш, гурӯҳи "Давлати исломӣ" таблиғоти худро ба забони англисӣ афзоиш додааст, то битавонад ҷойгузини гурӯҳи Толибон шавад. Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки дар ин авохир талафоти нерӯҳои амниятии афғон коҳиш ёфтааст, аммо даргириҳо бо мухолифони мусалаҳи давлат ҳанӯз идома дорад.
Дар Тоҷикистон ҳам аз вазъ дар Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаи шимоли Афғонистон, ки ба марзи кишвар наздиктар аст, нигаронанд. Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки тобистони соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, "моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамммарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд."
Беш аз як сол боз дар шимоли Афғонистон, ки ба вилояти Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, гурӯҳҳои ҷангиёни Толибон ҳузури чашмгир пайдо кардаанд. Чанд вулусволии вилояти Бадахшон таҳти назари Толибон гузашта, задухӯрд бо онҳо дар дигар манотиқи марзӣ идома дорад
Дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ноамниҳо густариш ёфта, ҷангиёни Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ҷабҳаҳои ҷанги худро ҳарчӣ бештар ба шимоли Афғонистон, ба манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ густариш медиҳанд.
Гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи Давлати исломӣ" дар Афғонистон дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик шумораи шаҳрвандони кишвар дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқро беш аз 500 нафар ва теъдоди кушташудаҳо наздик ба 150 нафар тахмин мезананд.
Дар Душанбе бар ин боваранд, ки аксари шаҳрвандони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтида, озими Сурияву Ироқ мешаванд. Нозирони умур низ муҳоҷирони беҳуқуқ дар Русияро як тӯъмаи осон барои шабакаҳое мешуморанд, ки машғули ҷалби «гӯшти тоза» барои гурӯҳҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна ва Афғонистону Покистон мебошанд.
«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин сарзаминҳо аз таъсиси «хилофати исломӣ» хабар дод.